ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 11 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими сешанбе, 11 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ҲАМЛАИ МУСАЛЛАҲОНА БА ЯК МАКТАБ ДАР ҚАЗОН, ЧАНД КАС КУШТА ШУД

ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ КОРМАНДИ ВОЕНКОМАТРО ҲАНГОМИ “ОБЛАВА” КОРД ЗАДААНД

ПОСУХИ ДОДСИТОНИИ ҲАРБӢ БА РАҶАБИ МИРЗО ДАР МАВРИДИ ВИДЕОҲОИ “ОБЛАВА”

ЯХШИЕВ БА ФУРӮШИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ РОНАНДАГӢ АЙБДОР МЕШАВАД

ИХТИРОИ АСПИРАНТИ ТОҶИК БА ЯК КОРХОНАИ РУСИЯ МИЛЛИОНҲО РУБЛ ФОИДА МЕОРАД

ХОСИЯТ  АЗ ХУҶАНД – АВВАЛИН ДОНИШҶӮДУХТАРИ ТОҶИКИ ДОНИШГОҲИ МӮЪТАБАРИ СТЭНФОРД

БОЗДОШТИ СОКИНИ ИВАН-ТОҶИК БАРОИ ФУРӮШИ ХОКАИ ТИЛЛО

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Шуруъ мекунем аз хабари доғи ҳамлаи мусаллаҳона ба як мактаб дар шаҳри Қазони Русия.

Рӯзи 11 май ду навраси мусаллаҳ ба гимназияи №175  дар кӯчаи Файзии шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия ҳамла карданд. Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи ҳамла дастикам 11 нафар, аксар кӯдакон, кушта шуда, беш аз 10 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Як ҳамлагарро пулис зинда дастгир кард.

Волидоне, ки бо фарзандони худ тамос доштанд, хабар медиҳанд, ки кӯдакон барои наҷоти ҷони худ дар зери партаҳо пинҳон мешаванд. Бархе кӯдакон барои наҷоти ҷонашон ҳатто аз тирезаҳои қабати сеюми бино худро ба замин партофтаанд.

Як намояндаи гимназияи №175 гуфт, яке аз ҳамлагарон 17 сол дошта, шогирди ҳамин мактаб будааст ва ӯро дастгир кардаанд: “Яке аз хонандагон бо худ силоҳ оварда, ҳамсинфонашро паррондааст.»

Пойгоҳи хабарии Baza  номи ҳамлагари дастгиршударо нашр кард. Ӯ Илноз Галявиев буда, 19 сол доштааст ва 4 сол пеш гимназияи №175ро хатм карда, ҳоло дар коллеҷ дар риштаи барномасозии компютерӣ таҳсил мекард. Падари Илноз Галявиев гуфтааст, ки писараш диндор набуд, ягон фикру нияти баде надошт ваё нишон намедод.

Дар пайи тирандозӣ дар гимназияи №175 дар дигар мактабҳои шаҳр Қазон тадбирҳои амниятиро шадид кардаанд.

ххххххх

Як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ҳангоми амалиёти аз хонааш ба комиссариати ҳарбӣ бурдани як даъватшаванда ду зарбаи корд задаанд.

Корманди военкомат ҳоло дар бемористон бистарист ва ҳамлагар дастгир шудааст.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ноҳияи Панҷ хабар дод, ки ҳодиса дар аввали моҳи май дар ҷамоати Меҳвар рӯй додааст.

“Кормандони комиссариати ҳарбӣ шабона ба хонаи Ҳаким Раҳмон, мудири мактаби миёнаи №3 меоянд, ки яке аз писаронаш бо вуҷуди ирсоли чандин даъватнома аз ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ сарпечӣ мекардааст. Ҳангоми кӯшиши бо зӯрӣ бурдани писари мудири мактаб, писари дигари ӯ бо кормандони комиссариат ҷанҷол мекунад ва дар ҷараёни муноқиша, яке аз кормандони комиссариатро ду корд мезанад”, – гуфт ин манбаъ.

Бино ба иттилои манбаи “Бомдод”, он писари Ҳаким Раҳмон, ки бояд ба артиш мерафт, фирор кардааст, вале писари дигари мудири мактабро, ки корманди комиссариатро корд зад, дастгир кардаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, ноҳияи Панҷ нақшаи даъват ба артишро то ҳол иҷро накардааст ва мақомот ҳатто ба имомхатибон дастур додаанд, ки аскар ҷамъ кунанд.

Мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом хоҳад кард. Ҳар сол дар мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳии даъват ба артиш аз Тоҷикистон шикоятҳрои зиёд дар бораи “облава”, яъне дар хонаҳояшон ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар кӯчаву бозор доштану ба артиш бурдани ҷавонони даъватшаванда шикоятҳо ба даст мерасанд.

хххххххххххх

Раҷаби Мирзо ва Зоирзода Икром

Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Икром Зоирзода дар посухи расмӣ ба муроҷиатномаи фаъолон ба роҳбарони кишвар бо талаби хатми “облава” навиштааст, ки “санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеъии кор мувофиқат намекунанд ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват иртибот надоранд.”Зоирзода аз ҷумла аз видеои рӯзи 6 апрел ёдоварӣ кардааст, ки Идибегов Имомалӣ ном нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо ДОИШ дар Душанбе дастгир шуд, вале наздиконаш навори лаҳзаи боздошти ӯро дар Интернет ҳамчун “облава” паҳн карданд.

Аммо Зоирзода дар бораи ин ки оё то имрӯз ягон масъуле барои бо усули “облава”, яъне маҷбуран дар ҷойҳои ҷамъиятӣ доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ ба ҷазо кашонда шуд ё на?, дар посухаш чизе нагуфтааст.

Ин дар ҳолест, ки “облава” дар Тоҷикистон ба як шеваи хеле роиҷи таъмини сафарбаркунӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ табдил ёфтааст ва дар номаи саркушода ба номи президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳ Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!”, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9 апрел нашр кард ва зери он садҳо нафар имзо гузоштанд,  аз роҳбарони аввал Тоҷикистон тақозо мешуд,  ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ, ки обрӯи давлатро коста мекунад, нуқта гузоранд.

Раҷаби Мирзо посухи сарпрокурори ҳарбиро “ҷавоб ба хотири ҷавоб” номид ва навишт: МО АЗ НИҲОДҲОИ ДИГАРИ МУВАЗЗАФШУДА ПОСУХҲОИ ҶИДДӢ ИНТИЗОРЕМ, ВАГАРНА “ПОСУХ БА ХОТИРИ ПОСУХ” ЗАРУРАТ НАДОРАД! МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ МО ҶИДДИТАРАНД, МАҚОМДОРОН…”

хххххххххххххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 11 май хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷигоятии Яхшиев Дилшод Бахтиёрович, муовини мудири мактаби ронандагии ҶДММ “Самсун”-ро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Агентӣ гуфт, Дилшод Яхшиев дар ду маврди аз корафтодагон барои омода кардани ҳуҷҷати ронандагӣ 4650 сомонӣ ва 4700 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Бино ба ин манбаъ, Яхшиев Дилшод Бахтиёрович моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш шаҳрванд “б” омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4650 сомонӣ талаб карда гирифт. Инчунин, Яхшиев Д.Б. бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “В” барои омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4700 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.”

Нисбат ба Яхшиев бар асоси моддаи 279, қисми 4, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “ришвадиҳии тиҷоратӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 90 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ) ё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххх

Бахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ барои корхонаи қубурсозии шаҳри Челябински Русия  муҳаррике ихтироъ намуд, ки барои корхона миллионҳо рубл фоида хоҳад овард. Ин олими тоҷик ба хабаргузории “Спутник” гуфт, муҳаррике, ки корхонаи “Русские электрические двигатели” истифода мебурд, кӯҳнаву фарсуда ва зараровар шуда буд, вале фармоиши муҳаррики нав аз Олмон барои корхона хеле гарон меафтод. Ба ин далел корхонаи қубурсозии Челябинск ба Донишгоҳи Урали ҷанубӣ муроҷиат кардааст ва дар донишгоҳ ин корро ба аспиранти тоҷик супурдаанд.

Бахтиёр Қосимов ва ҳамкоронаш барои корхонаи “Русские электрические двигатели” муҳаррики пилгерие сохтаанд, ки ба гуфтаи олими ҷавони тоҷик, дар ҷаҳон назир надорад ва хароҷоташ хеле камтар буда, корхона танҳо аз насбу васли статор ва ротори муҳаррики пилгерӣ ҳудуди 2 миллион рубл сарфа мекунад.

Ихтироъкори тоҷик мегӯяд, муҳаррики ҷадид барои истеҳсоли қубурҳои бепайванд, ки дар дастгоҳҳои пилгерӣ истеҳсол ва дар соҳаи нафту газ истифода мешавад, пешбинӣ шудааст.

Бахтиёр Қосимов соли 1992 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, мактаби миёни №1 – и Норак ва Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон (ДЭТ) – ро хатм кардааст. Ин донишкада соли 2016 Бахтиёр Қосимовро ҳамчун мутахассиси болаёқат барои таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ фиристод.

Бахтиёр Қосимов барандаи ҷоизаи байналмилалии “Мавҷи тиллоӣ” буда, соли 2018 дар Маскав ғолиби ҷоизаи озмуни шашуми байналмилалии “Энергетикаи хурд ва дастовардҳои бузург” шуда буд. Ихтироъи муҳаррики пилгерӣ асоси рисолаи илмии ӯ шуд. Бахтиёр Қосимов ахиран рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия дифоъ кард ва соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ шуд.

хххххххххххххххххх

Хосият Ориповаи 17-сола аз Хуҷанд аввалин духтари тоҷик аст, ки гранти маблағаш 350 ҳазор долларро ба даст оварда, ба Донишгоҳи Стэнфорди Амрико шомил шуд. Ин донишгоҳ бар асоси рейтинги аз ҳама мӯътабари мактабҳои олии ҷаҳон QS ҳар сол дар радифи се донишгоҳи аз ҳама аввали дунё ҷой мегирад.

Хосият Орипова гуфт, баробар бо донишгоҳи Стэнфорд боз чанд мактаби олии дигари пурнуфуз, аз ҷумла Донишгоҳи Сиракюс, Донишгоҳи Колумбия, Донишгоҳи Дюк ва бахши қатари Донишгоҳи Ҷорҷтаун низ ӯро барои таҳсил даъват кардаанд.

 Ӯ бар ин аст, ки бо шарофати барномаи TajRupt  тавонист ба Стэнфорд шомил шавад. Ин барномаро Хосият “хонаи дуюми ман” меномад. TajRupt  барномаи Азизҷон Азимӣ, нахустин тоҷикест, ки ба донишгоҳи Ҳарвард, низ яке аз мактабҳои олии аз ҳама бонуфузи дунё шомил шуда буд.

 То кунун ба донишгоҳҳои мӯътабари дунё, назири Стэнфорд, Оксфорд, Кембриҷ, Итон, Ҳарвард, Принстон, Колумбия, Ҷорҷтаун аз Тоҷикистон теъдоди ангуштшуморе роҳ ёфтаанд.

Бисёриҳо инро ба хеле заиф шудани низоми таълим дар Тоҷикистон ва ба ҷои таълими илму дониш афзудани таваҷҷуҳ ба умури хориҷ аз таҳсил, назири “маршировка”, ҳамчунин ба пойин рафтани сатҳи тахассуси устодони мактабҳо  бастагӣ медиҳанд.

ххххххххххххххх

Ва дар поёни барнома хулосаи ахбори криминалии рӯз:

Сокини 32-солаи ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 27 апрел дар назди бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми фурӯхтани хокаи тилло дастгир шуд. Ӯ хокаи тиллоро, ки дошт,  8100 сомонӣ, ё ҳудуди 700 доллар нарх карда буд.

Тибқи хулосаи ташхиси Нозироти давлатии иёргирии вазорати молияи Тоҷикистон, хокаи мусодирашуда фулузоти қимматбаҳо буда, вазнаш 19,80 грамм ва арзишаш бо назардошти иёри миёна (90% тиллои таркибӣ) 11 ҳазору 795 сомонию 42 дирамро ташкил медиҳад.

Ба зидди сокини Кӯҳистони Мастчоҳ бар асоси қисми якуми моддаи 284-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои додугирифти ғайрийқонунӣ бо фулузоти қиматбаҳо ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 60 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ( аз 1000 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол таҳдид мекунад.

хххххххххх


Рӯзи 10 май, тахминан соати 12:10, ноболиғ Абдулло Бозоров, с.т. 2013, дар ҳудуди деҳаи Сӯфиён зери чархи мошини “Опел Астра” монда, дар роҳ ба беморхона бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҷон додааст. ВКД гуфт, ронандаи “Опел”, сокини 26-солаи ҷамоати Б.Бурунов ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Солеҳон ба самти деҳаи Сӯфиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Шоми 9 май як кӯдаки чорсола аз ҷамоати Комсомолободи ноҳияи Нуробод дар километри 133-юми роҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт дар зери чархи мошини “Мерседес” ҷон бохта буд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдак, ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button