САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 10 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)
Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 10 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:
ХОНАИ БАРОДАРИ ГЕНЕРАЛ МАНСУРҶОН УМАРОВРО ДАР ФАРХОР ДУЗД ЗАДААСТ
ПАРВАНДАИ БАДОЕЪУЗЗАМОН: ПАЙРАВИ ДОИШ Ё ҚУРБОНИИ ТАЪҚИБ БАРОИ АҚИДА?
ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН КӢ ҶАНГИД? “АЛФА”? “ШОҲ-КОМАНДИР? ЛАНГАРИЕВ?
НУСРАТИ ҒАРҒАРАГӢ БАЪДИ ДУ МОҲИ ТАБОБАТ АЗ БЕМОРИСТОН ҶАВОБ ШУД
ЭЙ ПАРВАРДИГОРИ МАН, ШИФОЯМ ДЕҲ! БАХТОВАР МЕХОҲАД БА ПО БИХЕЗАД
НАВБАТПОИИ САДҲО НАФАР БАРОИ 1750 КИЛО ОШИ БЕПУЛ ДАР ХУҶАНД
ДАР КОМСОМОБОЛОД ЯК КӮДАКИ ЧОРСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “МЕРСЕДЕС” ҶОН БОХТ
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Шаби 8 ба 9 май, хонаи падарии генерал Мансурҷон Умаров, раиси идораи зиндонҳои Тоҷикистонро дар маркази ноҳияи Фархор дузд задааст. Дар ин хона падари генерал Умаров ҳамроҳи писари дигараш Фаридун Умаров, маъруф бо лақаби “Пантера” зиндашӣ мекунад.
Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дуздон шабона, вақте ин хонаро ғорат кардаанд, ки аҳли оилаи Умаровҳо ҳама дар Душанбе буданд ва хонаашон холӣ буд.
Як ҳамсуҳбати “Бомдод” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фархор рӯзи 10 май гуфт, дуздон пули нақд ва тиллои зиёдро аз хонаи Фаридун Умаров ба яғмо бурдаанд.
Кормандони милиса ду ило 3 гумонбарро дастгир кардаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё онҳо дар ин дуздӣ даст доранд ё на?
Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст.
Фаридун Умаров, ки дар мақоми сардори шуъбачаи мубориза бо маводи мухаддири ШВКД ноҳияи Фархор кор мекард, моҳи январи соли 2012 дар чорчӯби парвандаи наркобарони машҳур Рустам Ҳаитов, муллақаб ба “Рустами Ҳаммер” бо иттиҳоми қочоқи 42 кило ҳероин дастгир гардид ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамроҳи “Пантера” ва Рустами Ҳаммер он вақт боз чанд афсари баландпояи ВКД, аз ҷумла Зафар Мирзоев, собиқ сардори бахши мубориза бо маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон ва Тоҳир Шеров, сардори шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири РВКД Душанбе дастгир шуданд.
Вале дар ниҳоят дар ин парвандаи пурсарусадо танҳо Рустами Ҳамер ба қочоқи маводи мухаддир айбдор дониста шуд ва маҳкум ба 24 соли зиндон шуд. Бақия бо ҳукмҳои нисбатан сабук халос хӯрданд ва хеле зуд ба озодӣ баромаданд.
Додгоҳ баъди чанде 7 сол ҳукми зиндони Фаридуни “Пантера”ро бар асоси қонуни афв ба сеюним сол иваз кард ва моҳи августи соли 2014, баъди тақрибан ду солу 7 моҳ, Фаридун Умаров бар асоси қонуни нави афв аз маҳбас озод шуд. Мақомот гуфтанд, ки ӯ барои рафтори намунавиаш дар маҳбас мавриди афв қарор гирифтааст.
Генерал Мансурҷон Умаров қаблан раҳбарии муҳофизони шахсии президент Эмомалӣ Раҳмонро ба дӯш дошт ва аз соли 2011 то 2019 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Моҳи ноябри соли 2019 дар пайи ошӯби хунин дар зиндони Хуҷанд генерал Умаров ба ҷои генерал Иззатулло Шарифзода, маъруф бо лақаби “Зорро”, раҳбари Сарраёсати муассисаҳои иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.
хххххххххххх
Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи дар Туркия боздошт ва баъди ним сол озод шудани Бадоеъуззамон ном як рӯҳонии тоҷик гузориш дода буд. Маълум шуд, ки Бадоеъуззамон на тахаллус, балки номи аслии ӯ буда, ин рӯҳонӣ дар ҳақиқат аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст. Бино ба санаде, ки ба дасти “Бомдод” расид, Бухориев Бадоеъуззамон Қурбонович, санаи таваллудаш 17 феврали соли 1974, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Саъдии Шерозӣ, соли 2008 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскав рафта, соли 2013 аз Маскав ба шаҳри Истанбули Туркия рафтааст.
Бино ба иддаои мақомот, Бадоеъуззамон Бухориев дар Истанбул “ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террорстии “Давлати Исломӣ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, ба ин созмон шомил гардидааст. Ба мақсадӣ амалӣ намудани нияти худ Бухориев Б.К. дигаронро ҷалб намуда, барои иштирок намудан дар амалиёти ҷангӣ ба Ҷумҳурии Сурияи Араб гусел мекардааст.”
Ба ин далел соли 2018 дар Тоҷикистон нисбат ба Бадоеъуззамон Бухориев бар асоси моддаи 401, иловаи яки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми зархаридӣ ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.
Аммо хешовандони Бадоеъуззамон Бухориев дар суҳбат бо “Бомдод” бо ДОИШ иртибот доштани ӯ ва ҳамин тавр, пешвои бахши тоҷикистонии “Ҷамоати Таблиғ” буданашро рад карданд. “Бадоеъуззамон дар як донишгоҳи исломии Покистон таҳсил карда, соҳиби унвони мавлавӣ шуда буд. Вақте дар Тоҷикистон таъқиби таҳсилкардаҳои Покистон сар шуд, ӯ ба Русия ва аз онҷо ба Туркия рафт. Иттиҳоми ДОИШ дар парвандаи ӯ аз қазияи як ҷиянаш маншаъ мегирад, ки дар ҳақиқат ба Сурия рафта буд ва баъди бозгашташ дар Тоҷикистон дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд. Вале Бадоеъуззамон ҳамеша онҳоеро, ки барои пайвастан ба ДОИШ ба Сурияву Ироқ мерафтанд, аз ҷумла ҳамон ҷиянашро ҳам танқид мекард ва роҳи онҳоро иштибоҳ меномид”, – гуфт дар суҳбат бо “Бомдод” яке аз хешовандони ин рӯҳонӣ.
Хабари боздошти Бухориевро ҳанӯз дар аввали моҳи январ пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр карда буд. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ӯ моҳи ноябри соли 2020 дар Истанбул дастгир шудааст. Ӯ як сол пеш низ аз ҷониби пулиси Туркия боздошт шуда буд, вале Туркия аз истирдодаш ба Душанбе худдорӣ карда, рӯҳонии тоҷикро баъди чанд вақт озод кард.
хххххххххххххх
Дар Интернет видеоҳои низомиёни тоҷик дар рӯзҳои муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон е пайдо шуда истодаанд. Дар як видео афсарони воҳидҳои вижаи ВКД таҳти фармондеҳии генерал Хуршед Муҳаммадзода, сардори Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон, ки воҳидҳое махсусе, чун ОМОН, СОБР ва “спетсназ” дар ихтиёри ӯст, дида мешаванд. Онҳо дар ҳоле тасвир шудаанд, ки дар даромадгоҳи деҳаи Мақсати Қирғизистон ба мошинҳои зиреҳпӯши БТР, “ҷип”-ҳои ба рӯи бомашон пулемёту дигар силоҳҳои вазнин насбшуда савор мешаванд.
Дар видеои дигар генерал Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин, ки ҳоло сардори шуъбаи милисаи шаҳри Бӯстон аст, ҳамроҳи одамони мусаллаҳаш дар дохили чархболи низомӣ сабт шудаанд. Дар як видеои дигар дида мешавад, ки низомиҳои тоҷик мавқеъҳои Қирғизистонро аз дохили чархбол тирборон мекунанд.
Нашрияи қирғизии «Вечерний Бишкек» менависад, ки ҳам нирӯҳои вижаи Тоҷикистон таҳти фармони генерал Муҳаммадзода Хуршед Изаттулло дар даромадгоҳи деҳаи Мақсат сабт шудаанд ва ҳам аз чархбол низ ҳамин деҳаро тирборон карда буданд. Ин нашрия менависад, ки дар рӯзи аввали муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳама қурбонии бештарро ҳамин деҳаи Мақсат дод.
“Вечерний Бишкек” бо истинод ба ин видеоҳои аз ҷониби корбарони тоҷик нашршуда ҳамчунин иддао кардааст, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон дар муноқишаи ахир аз … зархаридҳо (наёмники) истифода бурдааст.
Манзури нашрия аз зархаридҳо рӯшан нест, чунки нирӯҳои таҳти фармони генерал Муҳаммадзода на зархарид, балки воҳидҳои вижаи тобеи ВКД Тоҷикистон мебошанд. Генерал Шоҳ Искандаров ва афроди ӯ ҳам расман дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекунанд.
Дар Интернет видеои дигаре ҳам нашр шуда, ки чӣ гуна сокинони Исфара бо арзи сипос барои Шоҳ Искандаров ва афроди ӯ зиёфати ифтор оростаанд. Аксе ҳам нашр шуд, ки Бахтиёр Лангариев, як намояндаи сулолаи як замон дар Кӯлоб пурнуфузи Лангариевҳоро дар Исфара намоиш медиҳад.
Дар бораи ин ки оё дар ҷараёни муноқишаи ахири марзӣ дар таъмини бартарии ҷониби Тоҷикистон кӣ нақши асосӣ бозӣ кард?, гуфтугӯҳо зиёданд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар намекунанд, вале сокинон аз сари вақт ба маҳалли муноқиша расида омадани Шоҳ-командир бо муҷоҳидони собиқашу генерал Муҳаммадзода бо нирӯҳои «Алфа» ҳарф мезананд.
Вале худи Хуршед Муҳаммадзода дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Азия Плюс» Меҳрангез Турсунзода дар Исфара гуфта буд, укуи нирӯҳои “Алфа” замоне ба маҳалли муноқиша расиданд, ки байни тарафҳо алакай оташбас эълон шуда буд.
Ӯ гуфт, аз берун як шумори хеле ками нирӯҳои иловагӣ ҷалб шуда буд ва дар марз асосан нирӯҳои мустақар дар худи вилояти Суғд дастбакор шуданд: “Як шумори хеле кам буд аз берун. Мо аз Душанбе нирӯ наовардем, балки ҳамаи нирӯҳои ҷалбшуда аз қисмҳои низомии худи вилояти Суғд буд. Асосан марзбонҳо, нирӯҳои милиса ва ОМОН ҷалб шуданд, ки тибқи созишномаи дутарафа, то 10 нафараш метавонад дар минтақаи марзӣ бошад. Нирӯҳои “Алфа” ба тарафи марз субҳи 29 апрел, дар пайи бад шудани вазъият ҳаракат кард, вале онҳо шом ба инҷо расиданд, вақте ки алакай фармони оташбас баромада буд. Онҳо барвақттар расида ҳам наметавонистанд, чунки роҳ таҳти назорати мо набуд.”
Сабаби камтар будани талафоти ҷониби Тоҷикистонро генерал Муҳаммадзода ба он рабт дод, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳоли мудофиа қарор дошт, на ҳуҷум: “Агар мо ҳамла мекардем, талафотамон бештар мешуд. Аммо мо дар ҳоли мудофиа қарор доштем, на ҳамла. Аз ин рӯ, талафоти мо камтар аст.”
Қирғизистон дар бораи кушта шудани 36 шаҳрвандаш ва захмӣ шудани беш аз 150 тани дигар хабар додааст. Ҷониби Тоҷикистон кушта шудани 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 шаҳрванди дигарашро тасдиқ кард. Муноқишаи пурқурбонии поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо дастикам 55 куштаву беш аз 240 захмиаш пурқурбонитарин муноқишаи марзӣ дар чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
ххххх
Нусратулло Файзуллоев, маъруф бо лақабҳои Нусрати Ғарғарагӣ, молик ва раҳбари корхонаи “Ресанда”-и шаҳри Бохтар, дар аввали моҳи май, баъди қариб ду моҳи табобат аз бемористони Қароболои шаҳри Бохтар ҷавоб шуда, алакай ба сари кор баргаштааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки Нусрати Ғарғарагӣ дар аввали моҳи март ба иллати фишори баланди хун дучори сактаи мағзӣ шуд ва чанд ҳафта дар бемористон дар ҳолати мадҳушӣ (кома) қарор дошт.
Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки соҳибкори маъруфро рӯзи 2 май аз бемористон ҷавоб додаанд ва ӯ алакай ба ҷои кораш баргаштааст.
Нусратулло Файзуллоев, маъруф ба Нусрати Ғарғарагӣ ва Нусрати Бетурсук, яке аз сарватмандтарин афрод дар вилояти Хатлон ба шумор меравад. Ӯ баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли 1992 умури корхонаи ресандагии шаҳри Қӯрғонтеппаро ба дасти худ гирифт ва ҳоло ба ҷуз аз роҳбарии ин корхона ҳамчунин меҳмонхонаи “Бохтар” дар маркази вилояти Хатлон ва як силсила корхонаҳо дар тӯли роҳи Данғара – Кангуртро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, 75% саҳмияҳои “Ресанда” дар дасти худи Нусратулло Файзуллоев ва 25 фоизаш дар дасти Сӯҳробҷон Убайдуллоев мебошанд.
Корхонаи ресандагии Қӯрғонтеппа соли 2013 дар як маросим бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон дубора ба кор андохта шуд. Хадамоти матбуоти президент гуфта буд, ки Файзуллоев барои бозсозии “Ресанда” 6,5 миллион доллар сармоягузорӣ карда, аз Кореяи ҷанубӣ таҷҳизоти муосир овардааст ва акнун ин корхона метавонад дар баробари ресандагиву бофандагӣ ҳамчунин ба рангу бори ришта ва матоъ, дӯхтани либосвории гуногун ва бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи трикотажӣ, аз қабили ба истилоҳ футболка, таҳпӯшҳои мардонаю занона ва ғайра машғул шавад.
Хадамоти матбуоти президент ҳамчунин хабар дода буд, ки дар ҳамаи коргоҳҳои корхона 650 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва дар марҳилаи дуюми навсозӣ, ки то тирамоҳи соли 2013 бояд ба поён мерасид, шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд.
Нақшаи то 2500 нафар расондани шумори коргарони “Ресанда”, албатта, дар ҳаво монд. Баракс, мақомоти андози вилояти Хатлон дар тобистони соли 2020 гуфтанд, ки қарзи бузурги ҶСК “Ресанда” як сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи андоз дар ин вилоят шудааст. Ба ҳисоби мақомот “Ресанда” аз андоз қариб 28 миллион ва аз об 2 миллион сомонӣ қарздор шудааст.
ххххххххххххх
Бахтовар Сафаров, сокини ноҳияи Восеъ 26 сол дорад. Аз ин умри кӯтоҳи худ ӯ инак 8 соли охирашро дар рӯи бистарӣ сипарӣ кардааст. Бахтовар соли 2013, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, барои дарёфти ризқу рӯзӣ мисли садҳо ҳазор ҳамватани муҳоҷираш ба Русия рафт, вале кораш омад накард. Ӯ дар шаҳри Маскав ҳангоми кор аз қабати даҳуми як сохтмон ба замин афтид. Бахтовар ба таври мӯъҷизасо зинда монд, вале сутунмӯҳрааш шикаст ва ӯ аз ҳарду пои равон маҳрум шуд.
Ҳамкоронаш он вақт ӯро ба бемористон расонданд, вале бинобар норасоии маблағ табибони Маскав ин ҷавони тоҷикро ҷарроҳӣ накарданд. Бахтовар, ки бо ду пои равон ва як бағал умеду орзу пой ба кӯи муҳоҷират гузошта буд, маҷбур шуд, ки бо ҷисми абгор ба Ватан баргардад.
Бахтовар, ин ҷавони дилбастаи зиндагӣ, ки дар ширинтарин даврони ҷавонӣ аз пои равон ва ҳама шириниҳои зиндагӣ маҳрум шуд, инак 8 сол боз ба бистар мехкӯб шудааст. Вале бо ин вуҷуд ӯ умедро аз даст надодааст ва ҳар рӯзу ҳар соат талош ба харҷ медиҳад, ки дубора ба по бихезад.
Аксу видеоҳои чӣ гуна ба таври хастагинопазир ҳар рӯз машқи бадан кардани Бахтовар дар шабакаҳои иҷтимоиро ҳамаро ба ваҷд овардааст ва ҳама ба ғайрату иродаи ин ҷавон офарин мехонанд.Бахтовар ҳамин тавр, доимо дар фикри табобаташ аст ва саропои Интернетро меполад, то дар ягон гӯшаи дунё табиберо пайдо кунад, ки аз уҳдаи табобати ӯ барояд ва ду пои равонашро ба ӯ баргардонад.
Ҳоло ӯ барои эндопротез, яъне насби пластинаҳои оҳанин дар қисмати рону миён бо роҳи ҷарроҳӣ, ба 6 ҳазор доллар кумак ниёз дорад. Бахтовар мегӯяд, ҳоло пойҳояш ҳатто қат намешаванд, вале баъди ин ҷарроҳӣ метавонад ақалан пойҳояшро хаму рост кунад ва дар аробачаи маъюбӣ роҳат бишинад.
Ҳамватаноне, ки мехоҳад ба Бахтовар Сафаров кумак кунанд, метавонанд хайрияи худро ба ин корти бонкӣ, ки дар акс мебинед, гузаронанд.
хххххххххххх
Дар Ютуб видеои кӯтоҳи навбатпоии садҳо нафар ҳангоми тақсими 1750 кило оше, ки дар Хуҷанд дар як дег пухтаанд, нашр шуд. Дар видео дида мешавад, ки мардум табақҳо дар даст дар пушти девори симтӯрӣ навбат гирифтаанд ва ҳар кадом талош мекунад, ки ба ошпазҳо табақи худро пештар дароз кунад. Дар гӯшаи дигар деги бузурге дида мешавад, ки пур аз ош аст.
Тавре аз видео ба назар мерасад, тақсими ош шабонгоҳ сурат гирифта истодааст, ки ин метавонад ба моҳи Рамазон бастагӣ дошта бошад. Бархе навиштаанд, ки ошро соати яки шаб, қабл аз хӯроки усарӣ тақсим кардаанд.
Кай сабт шудани ин видео маълум нест. Қаблан як саҳифаи ҷамъияти дӯстдорони оши палав аз Ӯзбекистон дар Фейсбук хабар дода буд, ки ошпазҳои моҳири тоҷик дар як деги гунҷоишаш 2 тонна якуним тонна оши палави хуҷандӣ пухтаанд. Бино ба иттилои Pilaf, ошпазҳои тоҷик ин оши палави рекордиро рӯзи 10 апрели соли 2021, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бар асоси фармоиш пухтаанд. Исми фармоишгар гуфта нашудааст, вале гуфта мешуд, ки барои чунин миқдори бузурги палав 400 кило биринҷ, 360 кило гӯшт, 500 кило сабзӣ, 130 литр равған, 220 литр об ва маҳсулоти дигар истифода шудааст.
Ошпазҳои Осиёи Марказӣ чанд сол боз барои пухтани миқдори рекордии ош байни худ мусобиқа мекунанд. Рекорди аз ҳама бузург дар пухтани ош моҳи сентябри соли 2017 дар Тошканд гузошта шуд. Дар як ҷашнвора дар пойтахти Ӯзбекистон дар як дег он вақт 7 тоннаву 360 кило оши палав пухта буданд, ки аксаран байни тамошобинон ва хонаҳои ятимон тақсим карда шуд.
Моҳи ноябри соли 2018 дар ҷашнвораи “Оши палав” дар шаҳри Душанбе дар як дег беш аз як тонна ош пухтанд. Вале дар вақти тақсими ин оши рекордӣ ҷанҷол бархост ва дар видеое, ки ба Интернет роҳ ёфт, дида мешуд, ки мардум барои гирифтани ош якдигарро тела дода, ҳар кадом бо лагану ҳатто каланд талош мекард, то миқдоре ош ба даст биорад. Видеои он “ҷанг барои ош” дар Интернет паҳн шуда, мавҷи интиқодҳои тунд ҳам аз ошхӯрон ва ҳам аз масъулони ҷашнвораро ба бор овард. Шаҳрдории Душанбе баъдан бо изҳори таассуф аз ин моҷаро гуфт, гунаҳкорони “бетартибӣ” дар Ҷашнвораи оши палав дар Боғи ба номи Фирдавсӣ ҷазо дода шуданд.
хххххххххххххххххх
Ва дар поёни барнома хулосаи ахбори криминалии рӯз:
Шоми 9 май, соати 19:20, ронандаи “Мерседес”, сокини 32-солаи ҷамоати Навдии ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Баҳромҷон дар километри 133-юми роҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Эшонов Эшонҷон Тӯйчиевич, соли таваллудаш 2017, сокини ҷамоати деҳоти Комсомолободро пахш кардааст. Дар натиҷа, кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сокини 30-солаи қаблан барои дуздӣ судшудаи пойтахт ин дафъа бо иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ин мард шаби 19 апрел, соати 21:15 дар кӯчаи Б.Ғафуров бо зӯрӣ телефони мобили як наврси 16-соларо аз дасташ кашида гирифтааст. Ҳоло ба ӯ бар асоси моддаи 248-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ барои ғоратгарӣ аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Як ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 20 апрел, соати 11 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи як сокини 27-солаи ҳамин ноҳия даромада, аз онҷо ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст. Акнун ба ин ҷавонзан бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии ҶТ барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон ваё ҷарима ба маблағи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.