Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 11 май хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷигоятии Яхшиев Дилшод Бахтиёрович, муовини мудири мактаби ронандагии ҶДММ “Самсун”-ро анҷом дода, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ фиристодааст.
Агентӣ гуфт, Дилшод Яхшиев дар ду маврди аз корафтодагон барои омода кардани ҳуҷҷати ронандагӣ 4650 сомонӣ ва 4700 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Бино ба ин манбаъ, “Яхшиев Дилшод Бахтиёрович дар вазифаи ҷонишини директори мактаби ронандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Самсун» кор карда истода, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш шаҳрванд “б” омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4650 сомонӣ талаб карда гирифт. Инчунин, Яхшиев Д.Б. бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “В” барои омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4700 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.”
Нисбат ба Яхшиев бар асоси моддаи 279, қисми 4, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “ришвадиҳии тиҷоратӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 90 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ) ё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.