ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентТоҷикистон

ҲАЛОКАТИ 7 СОКИНИ ТОҶИКИСТОН БАР АСАРИ СЕЛУ БОРИШОТИ РӮЗИ 11 МАЙ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи санаи 11 майи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ селҳои харобиовар омад, ки ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.

Мувофиқи маълумотҳои пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.

Дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрвандон фавтидаанд. Аз инҳо 2 нафар дар дохили автомашина будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба дарёфт карда шуд.

Дар Ҳисор низ 1 шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.

Хадамоти матбуоти президент низ хабар дод, ки бар асари селу боришоти ахир мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.” Бино ба ин манбаъ, “тибқи маълумоти пешакӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу купрукҳо зарар дидаанд.

 

 Рӯзи 11 май дар аксари манотиқи марказ ва ҷануби Тоҷикистон борони шадиде борид, ки селҳои харобиоваре дар пай дошт. КҲФ ҳушдор додааст, ки боришоти шадид метавонад то 14 май давом кунад.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода як комиссияи вижа оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табии ахир таъсис дода шудааст. Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон сарвазир Қоҳир Расулзода,  ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба маҳали аз офатҳои табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд. Қоҳир Расулзода рӯзи 11 май аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон низ боздид кардааст.

Рӯзи 6 май бар асари боришоту сел дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ як масоҳати бузурги замин чӯкид ва 15 хона ва 100 гектар замин зери хок фурӯ рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button