ДОДСИТОНИ ҲАРБӢ: АКСАРИ ВИДЕОҲОИ “ОБЛАВА” БА ҲОЛАТИ КОР МУВОФИҚАТ НАМЕКУНАНД. РАҶАБИ МИРЗО: ИН ҶАВОБ БА ХОТИРИ ҶАВОБ АСТ…
Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Икром Зоирзода дар посухи расмӣ ба муроҷиатномаи фаъолон ба роҳбарони кишвар бо талаби хатми “облава” навиштааст, ки “санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеъии кор мувофиқат намекунанд ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват иртибот надоранд. Бо вуҷуди он ки наворҳо ба маъракаи даъват робита надошта бошанд ҳам, боиси аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар шаҳрвандон норозигӣ нисбат ба фаъолияти комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баён кардани мулоҳизаҳои гуногун гардидааст.”
Зоирзода аз ҷумла аз видеои рӯзи 6 апрел ёдоварӣ кардааст, ки Идибегов Имомалӣ ном нафари гумонбар ба ҳамкорӣ бо ДОИШ дар шаҳри Душанбе дастгир шуд, вале наздиконаш навори лаҳзаи боздошти ӯро дар Интернет ҳамчун “облава” паҳн карданд.
Аммо Зоирзода дар бораи ин ки оё то имрӯз ягон масъуле барои бо усули “облава”, яъне маҷбуран дар ҷойҳои ҷамъиятӣ доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли даъватӣ ба ҷазо кашонда шуд ё на?, дар посухаш чизе нагуфтааст.
Ин дар ҳолест, ки “облава” дар Тоҷикистон ба як шеваи хеле роиҷи таъмини сафарбаркунӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ табдил ёфтааст ва дар номаи саркушода ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳ Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!”, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9 апрел нашр кард ва зери он садҳо нафар имзо гузоштанд, аз роҳбарони аввал Тоҷикистон тақозо мешуд, ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ, ки обрӯи давлатро коста мекунад, нуқта гузоранд.
Раҷаби Мирзо дар вокуниш ба посухи сарпрокурори ҳарбӣ онро “ҷавоб ба хотири ҷавоб” номид ва навишт: “Маъмурони “Ахбор барои афкор” ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назаранд, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири “ҷавоб ба хотири ҷавоб” барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст. Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, “наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ирсол кард”, аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин “посухҳо” имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад.
МО АЗ НИҲОДҲОИ ДИГАРИ МУВАЗЗАФШУДА ПОСУХҲОИ ҶИДДӢ ИНТИЗОРЕМ, ВАГАРНА “ПОСУХ БА ХОТИРИ ПОСУХ” ЗАРУРАТ НАДОРАД! МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ МО ҶИДДИТАРАНД, МАҚОМДОРОН…”
Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба – баҳорон моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ моҳҳои октябру ноябр – доир мешавад. Бо онки дар Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синну соли хидматӣ (аз 18 то 27) ба сар мебаранд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳар мавсими даъват тақрибан ба 7 ило 8 ҳазор сарбози нав зарурат доранд.
Ва аммо ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон бо шикоятҳои фарвон аз “облава”, яъне маҷбуран аз кӯчаву бозор доштану ба артиш бурдани ҷавонон, паси сар мешавад.
Матни пурраи посухи Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Зоирзода И.О. ба Раҷаби Мирзо:
Ба шаҳрванд Раҷаби Мирзо,
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе,
кӯчаи Гипрозем
Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатномаи дастаҷамъонаи Шуморо дар хусуси чораандешӣ ва барҳам додани ба ном “облава”, ки аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, баррасӣ намуд.
Мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати рияо ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” ва фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021 №141 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиён ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбтии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ“-ро дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бартараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи “иҳотагирӣ” ба хидмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст.
Вақтҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҳар гуна мақола ва наворҳои видеоӣ вобаста ба ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бо роҳи “иҳотагирӣ” паҳн шудааст. Вобаста ба ҳар як мақола ва навори видеоӣ доир ба масъалаи мазкур санҷиши ҳамаҷониба гузаронида шуда, аз натиҷаи он чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеъии кор мувофиқат намекунанд ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват иртибот надоранд. Бо вуҷуди он ки наворҳо ба маъракаи даъват робита надошта бошанд ҳам, боиси аз ҷониби истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар шаҳрвандон норозигӣ нисбат ба фаъолияти комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баён кардани мулоҳизаҳои гуногун гардидааст.
Масалан, 6 апрели соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояткори дар кофтуковбуда Идибегов Имомалӣ Ҷӯрабекович аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Ҳангоми дастгир кардани ҷинояткор Идибегов И.Ҷ. ҳамсари ӯ Ғаниева Д., ронандаи такси Забиров С. ва шаҳрванд Шаҳлои Салоҳиддин ба раванди фаъолияти кормандони милитсия монеагӣ эҷод намуда, дар байни ҷомеа иғво андохта, тариқи телефон рафти дастгиркунии ҷинояткорро ба навор гирифта, дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун сафарбаркунии маҷбурӣ ба артиш шарҳ дода, бо нидои “облава” паҳн намуданд. Оиди ин ҳолат аз тарафи ВКД вокуниш пешниҳод карда шуд.
Аз 1 апрели соли 2021 то имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд мақола ва наворҳои видеоӣ оид ба ҳолатҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боздошт кардани ҷавонписарон аз ҷониби шахсони номаълум бо либоси шаҳрвандӣ сабт шудааст. Барои муайян кардани чунин ҳолатҳо Сарпрокуратураи зарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ирсол кард.
Мақомоти прокуратура оид ба ҳар як ҳолати вайронкунии меъёрҳои қонунгузорӣ дар хусуси даъват ба хидмати ҳарбӣ ва муроҷиатҳои шаҳрвандон доир ба ин масъалаҳо сари вақт чораандешӣ карда, дар ин самт тадбирҳои амалӣ меандешад.
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарпрокурори ҳарбӣ Зоирзода И.О.
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ТОҶИКИСТОН БА МУРОҶИАТНОМА ДАР БОРАИ “ОБЛАВА” ҲАМОН ТАВРЕ ПОСУХ ДОД, КИ ИНТИЗОР ДОШТЕМ:
“АКСАРИЯТИ МАҚОЛАҲО БА ҲОЛАТИ ВОҚЕИИ КОР МУВОФИҚАТ НАМЕКУНАНД, НАВОРҲОИ ВИДЕОӢ БА МАЪРАКАИ ДАЪВАТ ИРТИБОТ НАДОРАНД”
Прокуратураи генералии Тоҷикистон, бо имзои муовини Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ И. О. Зоирзода ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи “облава” посух фиристода, мегӯяд дар Тоҷикистон чунин ҳолате ҷо надорад ва прокуратураи ҳарбӣ “дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бетараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи “иҳотагирӣ” ба хизмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст”.
Дар ҷои дигар менависад, ки онҳо гӯё ҳамаи матолиби нашршуда ва наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд”.
Ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст.
Маъмурони “Ахбор барои афкор” ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назар аст, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири “ҷавоб ба хотири ҷавоб” барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст. Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, “наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ирсол кард”, аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин “посухҳо” имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад.
МО АЗ НИҲОДҲОИ ДИГАРИ МУВАЗЗАФШУДА ПОСУХҲОИ ҶИДДӢ ИНТИЗОРЕМ, ВАГАРНА “ПОСУХ БА ХОТИРИ ПОСУХ” ЗАРУРАТ НАДОРАД! МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ МО ҶИДДИТАРАНД, МАҚОМДОРОН…