ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ ИВАН-ТОҶИК БАРОИ ФУРӮШИ ХОКАИ ТИЛЛО ВА МАРГИ ЯК КӮДАК ДАР САДАМА ДАР ДЕҲАИ СӮФИЁН

Сокини 32-солаи ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 27 апрел дар назди бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми фурӯхтани хокаи тилло дастгир шуд. Ӯ хокаи тиллоро, ки дошт,  8100 сомонӣ, ё ҳудуди 700 доллар нарх карда буд.

Тибқи хулосаи ташхиси Нозироти давлатии иёргирии вазорати молияи Тоҷикистон, хокаи мусодирашуда фулузоти қимматбаҳо буда, вазнаш 19,80 грамм ва арзишаш бо назардошти иёри миёна (90% тиллои таркибӣ) 11 ҳазору 795 сомонию 42 дирамро ташкил медиҳад.

Ба зидди сокини Кӯҳистони Мастчоҳ бар асоси қисми якуми моддаи 284-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои додугирифти ғайрийқонунӣ бо фулузоти қиматбаҳо ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 60 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ( аз 1000 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол таҳдид мекунад.


Рӯзи 10 май, тахминан соати 12:10, ноболиғ Абдулло Бозоров, с.т. 2013, дар ҳудуди деҳаи Сӯфиён зери чархи мошини “Опел Астра” монда, дар роҳ ба беморхона бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҷон додааст. ВКД гуфт, ронандаи “Опел”, сокини 26-солаи ҷамоати Б.Бурунов ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Солеҳон ба самти деҳаи Сӯфиён
аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Шоми 9 май як кӯдаки чорсола аз ҷамоати Комсомолободи ноҳияи Нуробод дар километри 133-юми роҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт дар зери чархи мошини “Мерседес” ҷон бохта буд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдак, ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 11 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани писарбачаи ноболиғ зери чархи “Опел-Астра”

Рӯзи 10-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ваҳобов Ваҳоб Файзалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Солеҳон ба самти деҳаи Суфиёни шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Суфиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Бозоров Абдулло Зайдуллоевич, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Бозоров А.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо

Рӯзи 27-уми апрели соли 2021, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи К.Мастчоҳ, дар назди бозори «Баракат»-и ноҳияи Б.Ғафуров барои фурӯхтани 14-грамм хокаи тилло бар ивази 8 ҳазору 100-сомонӣ дастгир карда шуд.
Тибқи хулосаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хокаи мазкур ба гурӯҳи металли қимматбаҳо дохил шуда, вазнаш 19,80-граммро ташкил медиҳад. Арзиши умумии хокаи тилло бо назардошти иёрӣ миёна (90% тиллои таркибӣ) 11 ҳазору 795,42-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button