ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ТАФСИЛОТИ НАВИ ПАРВАНДАИ БАДОЕЪУЗЗАМОН БУХОРИЕВ: ПАЙРАВИ ДОИШ Ё ҚУРБОНИИ ТАЪҚИБ БАРОИ АҚИДА? (ВИДЕО)

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан дар бораи дар Туркия боздошт ва баъди ним сол озод шудани Бадоеъуззамон ном як рӯҳонии тоҷик гузориш дода буд. Ҳадс зада мешуд, ки ӯро дар Туркия инак бори дуюм бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир мекунанд, вале Туркия аз истирдоди ӯ ба Душанбе худдорӣ кардааст.

Ба пойгоҳи “Бомдод” муяссар шуд, ки бо ду тан аз хешовандони наздики ин рӯҳонӣ тамос гирифта, дар бораи ӯ ва қазияаш маълумоти бештар ба даст биорад.  Пеш аз ҳама, бароямон маълум шуд, ки Бадоеъуззамон на тахаллус, балки номи аслии ӯ будааст. Ҳамчунин ба дасти “Бомдод” варақаи ҷустуҷӯи расмии ӯ аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон расид, ки дар он таҳти ҷустуҷӯ қарор доштани Бадоеъуззамон тасдиқ карда мешавад.

Бино ба ин санади расмӣ, Бухориев Бадоеъуззамон Қурбонович, санаи таваллудаш 17 феврали соли 1974, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, деҳаи Саъдии Шерозӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд,  миллаташ тоҷик, соли 2008 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскав рафта, соли 2013 аз Маскав ба шаҳри Истанбули Туркия рафтааст.

Бино ба иддаои мақомот, Бадоеъуззамон Бухориев дар Истанбул “ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, ба ин созмон шомил гардидааст. Ба мақсади амалӣ намудани нияти худ Бухориев Б.К. дигаронро ҷалб намуда, барои иштирок намудан дар амалиёти ҷангӣ ба Ҷумҳурии Сурияи Араб гусел мекардааст.”

Ба ин далел соли 2018 мақомоти амниятии Тоҷикистон нисбат ба Бадоеъуззамон Бухориев бар асоси моддаи 401, иловаи яки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо иттиҳоми зархаридӣ ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Аммо хешовандони Бадоеъуззамон Бухориев дар суҳбат бо “Бомдод” бо ДОИШ иртибот доштани ӯ ва ҳамин тавр, пешвои бахши тоҷикистонии “Ҷамоати Таблиғ” буданашро рад карданд.

“Бадоеъуззамон дар як донишгоҳи исломии Покистон таҳсил карда, соҳиби унвони мавлавӣ шуда буд. Вақте дар Тоҷикистон таъқиби таҳсилкардаҳои Покистон сар шуд, ӯ ба Русия рафт. Вале мақомоти амниятӣ дар Русия ҳам оромаш нагузоштанд ва пайваста талаб мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ маҷбур шуд ба Истанбул ҳиҷрат кунад. Дар инҷо дар як мадраса ба шогирдон аз Ислом дарс медод ва ҳеҷ рабте на бо ДОИШ дошт ва на бо “Ҷамоати Таблиғ”.  Иттиҳоми ДОИШ дар парвандаи ӯ аз қазияи як ҷиянаш маншаъ мегирад, ки дар ҳақиқат ба Сурия рафта буд ва баъди бозгашташ дар Тоҷикистон дастгир ва маҳкум ба зиндон шуд. Вале Бадоеъуззамон ҳамеша онҳоеро, ки барои пайвастан ба ДОИШ ба  Сурияву Ироқ  мерафтанд,  аз ҷумла ҳамон ҷиянашро ҳам танқид мекард ва роҳи онҳоро иштибоҳ меномид”, – гуфт дар суҳбат бо “Бомдод” яке аз хешовандони ин рӯҳонӣ.

Хешовандони Бадоеъуззамон Бухориев хабари раҳоии ӯ аз боздоштгоҳи Туркияро рад мекунанд ва исрор меварзанд, ки ӯ то ҳол дар боздошт қарор дорад.

Вале манбаи “Бомдод” аз Истанбул рӯзи 10 май дигарбора ба дурустии хабари қаблиаш пойфишорӣ кард ва гуфт, ки Бухориевро дар аввали моҳи май озод кардаанд ва ӯ ҳоло дар хонаи худаш дар Истанбул қарор дошта, дар пайи аз нав кушодани мадрасааш мебошад.

Ин манбаъ ҳамчунин Бадоеъуззамонро яке аз пешвоёни бахши тоҷикистонии “Ҷамоати Таблиғ” ном бурда, гуфта буд, пайравони дар Туркия паноҳбурдаи ин ҷараёни мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯъшуда асосан бо машварати ӯ амал мекунанд.

Хабари боздошти  Бухориевро  ҳанӯз дар аввали моҳи январ пойгоҳи хабарии “Бомдод” пайдо ва нашр карда буд. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки ӯ моҳи ноябри соли 2020 дар шаҳри Истанбули Туркия ғолибан бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст. Ӯ як сол пеш низ аз ҷониби пулиси Туркия боздошт шуда буд, вале Туркия аз истирдодаш ба Душанбе худдорӣ карда, рӯҳонии тоҷикро  баъди чанд вақт озод кард.

 “Ҷамоати таблиғ” як  равияи  мазҳабист, ки аз соли 2006 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди ин кишвар  мамнӯъ эълон шудааст. Дар ин байн даҳҳо пайрави ин созмон дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд,  вале қисми дигари  пайравони ин созмони мазҳабӣ тарки Тоҷикистон карда,  дар хориҷ  зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.

Охирин нафаре, ки хабари маҳкум ба зиндон шуданаш бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Таблиғ” расонаӣ шуд, Садриддин Муллоев, маъруф ба Мулло Садриддин, домоди рӯҳонии машҳур дар минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода буд.

 Мулло Садриддин низ дар Туркия ба сар мебурд ва моҳи феврали соли 2019 бо ваъдаи афви мақомот аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт. Видеои бозгашти ӯ дар ТВ давлатӣ пахш шуд, вале моҳи сентябри ҳамон сол Мулло Садриддинро дастгир карданд ва дар аввали моҳи январи соли 2020 додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро бо ҷурмҳое, чун ифротгароӣ, зархаридӣ ва мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. И Бухориев хатто зану кудакони ноболигашро ба Сурия бурдаст, чхел маълумот мегирен ма хайрон шумоба. Хамаи хешовандонаш аз аъзои фаьоли ДИИШ будани у огох аст, чхел рад мекунанд? Ман хамсояи онхоям. Ёфтен чои дуругнависитона

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button