ВидеоИқтисодЧеҳраҳо

НУСРАТИ ҒАРҒАРАГӢ БАЪДИ ДУ МОҲИ ТАБОБАТ АЗ БЕМОРИСТОН ҶАВОБ ШУД (АКС)

Нусратулло Файзуллоев, маъруф бо лақаби Нусрати Ғарғарагӣ , молик ва раҳбари корхонаи “Ресанда”-и шаҳри Бохтар,  дар аввали моҳи май, баъди қариб ду моҳи табобат аз бемористони Қароболои шаҳри Бохтар ҷавоб шуда, алакай ба сари кор баргаштааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки Нусрати Ғарғарагӣ дар аввали моҳи март ба иллати фишори баланди хун дучори сактаи мағзӣ шуд ва чанд ҳафта дар бемористон дар ҳолати мадҳушӣ (кома) қарор дошт.

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки соҳибкори маъруфро рӯзи 2 май аз бемористон ҷавоб додаанд ва ӯ алакай ба ҷои кораш баргаштааст. Дар аксе ки ин манбаъ фиристод, мошини Файзуллоев дар назди корхонаи “Ресанда” дида мешавад.

 Нусратулло Файзуллоев, маъруф ба Нусрати Ғарғарагӣ ва Нусрати Бетурсук,  молику раҳбари корхонаи “Ресанда”, яке аз сарватмандтарин афрод дар вилояти Хатлон ба шумор меравад.

Ӯ баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли 1992 умури корхонаи ресандагии шаҳри Қӯрғонтеппаро ба дасти худ гирифт ва ҳоло ба ҷуз аз роҳбарии ин корхона ҳамчунин меҳмонхонаи “Бохтар” дар маркази вилояти Хатлон ва як силсила корхонаҳо дар тӯли роҳи Данғара – Кангуртро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Корхонаи ресандагии Қӯрғонтеппа соли 1998 ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода шуда, “Ресанда” ном гирифт ва 5 июли соли 2013 дар як маросим бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон дубора ба кор андохта шуд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, 75% саҳмияҳои “Ресанда” дар дасти худи Нусратулло Файзуллоев ва 25 фоизаш дар дасти Сӯҳробҷон Убайдуллоев мебошанд. Файзуллоев ҳамчунин ба ҳайси мудири кулли ин корхона кор мекунад.

Хадамоти матбуоти президент соли 2013 гузориш дода буд, ки Нусратулло Файзуллоев барои бозсозии ҶСК Ресанда 6,5 миллион доллар сармоягузорӣ карла, аз Кореяи ҷанубӣ таҷҳизоти наву муосир овардааст ва акнун ин корхона метавонад дар баробари ресандагиву бофандагӣ ҳамчунин ба рангу бори ришта ва матоъ, дӯхти либосвории гуногун ва бофтани ҷӯроб ва дигар ашёи трикотажӣ, аз қабили ба истилоҳ футболка, таҳпӯшҳои мардонаю занона ва ғайра машғул шавад.

Гуфта мешуд, ки корхона бо иқтидори кунунияш дар як шабонарӯз метавонад 5-6 тонна матоъ, 5 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 1000 дона футболка, дар маҷмӯъ имрӯз дар як шабонарӯз то 10 тонна маҳсулоти тайёр ва солона аз 8,5 ҳазор тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ тавлид кунад.

Хадамоти матбуоти президент ҳамчунин хабар дода буд, ки дар ҳамаи коргоҳҳои корхона 650 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва дар марҳилаи дуюми навсозӣ, ки то тирамоҳи соли 2013 бояд ба поён мерасид, шумораи коргарон ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд.

Нақшаи то 2500 нафар расондани шумори коргарони “Ресанда”, албатта, дар ҳаво монд. Баракс,  мақомоти андози вилояти Хатлон дар тобистони соли 2020 гуфтанд, ки қарзи бузурги ҶСК “Ресанда” як сабаби асосии иҷро нашудани нақшаи андоз дар ин вилоят шудааст.

Соҳиб Раҷабов, сардори раёсати андози вилояти Хатлон  гуфт, “дар маҷмуъ қарзи андози ин корхона то ба имрӯз ба 27 млну 798 ҳазору  960 сомонӣ расидааст”.ҶСК “Ресанда” инчунин аз пардохти истифодаи об 2 000 000 сомонӣ қарздор будааст. 


Абдуҷаббор Қурбонзода раиси ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён дар сӯҳбат бо мухбири дар ихтиёр да дошта, дар ин заминҳо пахта, гандум ва тухмӣ  кишт мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button