ВидеоҶомеа

ЭЙ ПАРВАРДИГОРИ МАН, ШИФОЯМ ДЕҲ! БАХТОВАР МЕХОҲАД БА ПО БИХЕЗАД (ВИДЕО)

Бахтовар Сафаров, сокини ноҳияи Восеъ 26 сол дорад. Аз ин умри кӯтоҳи худ ӯ инак 8 соли охирашро дар рӯи бистарӣ сипарӣ кардааст.

Бахтовар соли 2013, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт,  барои дарёфти ризқу рӯзӣ мисли садҳо ҳазор ҳамватани муҳоҷираш ба Русия рафт, вале кораш омад накард. Ӯ дар шаҳри Маскав ҳангоми кор аз қабати даҳуми як сохтмон ба замин афтид. Бахтовар ба таври мӯъҷизасо баъди ин фалокат зинда монд, вале сутунмӯҳрааш шикаст ва ҳароммағзаш чунон осеб дид, ки ин ҷавони тоҷик аз пои равон маҳрум шуд.

Ҳамкоронаш он вақт ӯро ба бемористон расонданд, вале бинобар норасоии маблағ табибони Маскав ин ҷавони тоҷикро ҷарроҳӣ накарданд. Бахтовар, ки бо ду пои равон ва як бағал умеду орзу пой ба кӯи муҳоҷират гузошта буд, маҷбур шуд, ки бо ҷисми абгор ба Ватан баргардад.

Бахтовар, ин ҷавони дилбастаи зиндагӣ, ки дар ширинтарин даврони ҷавонӣ аз пои равон ва ҳама шириниҳои зиндагӣ маҳрум шуд,  инак 8 сол боз ба бистар мехкӯб шудааст. Вале бо ин вуҷуд ӯ умедро аз даст надодааст ва ҳар рӯзу ҳар соат талош ба харҷ медиҳад, ки дубора ба по бихезад.

Аксу видеоҳои чӣ гуна ба таври хастагинопазир ҳар рӯз машқи бадан кардани Бахтовар дар шабакаҳои иҷтимоиро ҳамаро ба ваҷд овардааст ва ҳама ба ғайрату иродаи ин ҷавон офарин мехонанд.

Бахтовар Сафаров 

Эӣ Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ то шукри неъмати туро, ки бар ман ва Падару Модари ман арзонӣ доштаи, ба ҷоӣ оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!

Бахтовар ҳамин тавр, доимо дар фикри табобаташ аст ва саропои Интернетро меполад, то дар ягон гӯшаи дунё табиберо пайдо кунад, ки аз уҳдаи табобати ӯ барояд ва ду пои равонашро ба ӯ баргардонад.

Бахтовар рӯзи 10 май дар суҳбат бо сомонаи “Бомдод” гуфт, ки ҳоло барои як ҷарроҳӣ ба кумаки ҳамватанон ниёз пайдо кардааст: “Пойҳоямро ҳоло тамоман ҳаракат дода ва ҳатто хаму рост карда наметавонам. Ҳоло табибон аз бемористони ноҳияи Данғара пешниҳод карданд, ки дар қисмати рону миёнам (тазобедренный сустав) як навъ пайванди оҳанӣ бичаспонанд. Баъди он ман метавонам ҳадди ақал пойҳоямро хаму рост кунам ва дар аробачаи маъюбӣ бишинам. Ҳоло ман ҳатто дар ароба ҳам нишаста наметавонам, чунки пойҳоям қат намешаванд.”

Ба қисмати рону миёни Бахтовар бояд ду пайванди оҳанӣ часпонанд. Арзиши ҳар кадоми онҳо 3 ҳазор доллар будааст. Табиист ки Бахтовар, ки 8 сол боз ба бистари беморӣ мехкӯб шудааст, тавони пардохти чунин маблағро надорад ва аз ҳамватанони дастбахайр, бахусус дар арафаи иди саиди Фитр кумак мехоҳад.

“Ҳамватанони меҳрубони ман, бахусус бачаҳо муҳоҷир, дар тӯли ин 8 сол ҳамеша дар канори ман буданд ва кумакам мекарданд. Ҳамин алоқаву муҳаббати онҳо буд, ки оташи умедро дар қалби ман ин ҳама сол шӯълавар нигоҳ медошт. Ҳоло низ боварии комил дорам, ки ҳамватанонам дар ин кори хайр дасти ёрии худро аз ман дареғ нахоҳанд дошт. Хеле умедворам, ки бо кумаки ҳамватанон ва бо ёрии Худованд ин ҷарроҳӣ бо муваффақият пушти сар шавад ва умедам ба зиндагӣ ва ба шифои комил қавитар шавад. Аз қабл барои ҳар кумаке, ки бароям хоҳад расид, ба ҳамаи ҳамватанон изҳори сипос мекунам ва ба даргоҳи  Худованд  барояшон дуо мекунам, ки аҷри хайрашонро даҳчанд баргардонад ва ҳамеша нигаҳбонашон бошад”, – мегӯяд ин ҷавони умедвори расидан ба як рӯзи беҳтар.

Ҳамватаноне, ки мехоҳад ба Бахтовар Сафаров кумак кунанд, метавонанд хайрияи худро ба ин корти бонкӣ гузаронанд:

Спитаменбонк

Корти миллӣ

6233 5101 1099 9996

Рақами телефони Бахтовар Сафаров барои тамос: +992987344034

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button