ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонЧеҳраҳо

ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН КӢ ҶАНГИД? “АЛФА”? “ШОҲ-КОМАНДИР? ЛАНГАРИЕВ? (3 ВИДЕО)

Дар Интернет видеоҳои низомиёни тоҷик дар рӯзҳои муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон е пайдо шуда истодаанд. Дар як видео афсарони воҳидҳои вижаи ВКД таҳти фармондеҳии генерал Хуршед Муҳаммадзода, сардори Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон, ки воҳидҳое махсусе, чун ОМОН, СОБР ва “спетсназ” дар ихтиёри ӯст, дида мешаванд. Онҳо дар ҳоле тасвир шудаанд, ки дар даромадгоҳи деҳаи Мақсати Қирғизистон ба мошинҳои зиреҳпӯши БТР, “ҷип”-ҳои ба рӯи бомашон пулемёту дигар силоҳҳои вазнин насбшуда савор мешаванд.

Дар видеои дигар генерал Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи нирӯҳои мухолифин, ки ҳоло сардори шуъбаи милисаи шаҳри Бӯстон аст, ҳамроҳи одамони мусаллаҳаш дар дохили чархболи низомӣ сабт шудаанд. Дар як видеои дигар дида мешавад, ки низомиҳои тоҷик мавқеъҳои Қирғизистонро аз дохили чархбол тирборон мекунанд.

Нашрияи қирғизии «Вечерний Бишкек» менависад, ки ҳам нирӯҳои вижаи Тоҷикистон таҳти фармони генерал Муҳаммадзода Хуршед Изаттулло дар даромадгоҳи деҳаи Мақсат сабт шудаанд ва ҳам аз чархбол низ ҳамин деҳаро тирборон карда буданд. Ин нашрия менависад, ки дар рӯзи аввали муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳама қурбонии бештарро ҳамин деҳаи Мақсат дод.

“Вечерний Бишкек” бо истинод ба ин видеоҳои аз ҷониби корбарони тоҷик нашршуда ҳамчунин иддао кардааст, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон дар муноқишаи ахир аз … зархаридҳо (наёмники) истифода бурдааст.

Манзури нашрия аз зархаридҳо рӯшан нест, чунки нирӯҳои таҳти фармони генерал Муҳаммадзода на зархарид, балки воҳидҳои вижаи тобеи ВКД Тоҷикистон мебошанд. Генерал Шоҳ Искандаров ва афроди ӯ ҳам расман дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекунанд.

Дар Интернет видеои дигаре ҳам нашр шуда, ки чӣ гуна сокинони Исфара бо арзи сипос барои Шоҳ Искандаров ва афроди ӯ зиёфати ифтор оростаанд. Аксе ҳам нашр шуд, ки Бахтиёр Лангариев, як намояндаи сулолаи як замон дар Кӯлоб пурнуфузи Лангариевҳоро дар Исфара намоиш медиҳад.

Дар бораи ин ки оё дар ҷараёни муноқишаи ахири марзӣ дар таъмини бартарии ҷониби Тоҷикистон кӣ нақши асосӣ бозӣ кард?, гуфтугӯҳо зиёданд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар намекунанд, вале сокинон аз сари вақт ба маҳалли муноқиша расида омадани Шоҳ-командир бо муҷоҳидони собиқашу генерал Муҳаммадзода бо нирӯҳои «Алфа» ҳарф мезананд.

Вале худи Хуршед Муҳаммадзода дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Азия Плюс» Меҳрангез Турсунзода дар Исфара гуфта буд, укуи нирӯҳои “Алфа” замоне ба маҳалли муноқиша расиданд, ки байни тарафҳо алакай оташбас эълон шуда буд.

Ӯ гуфт, аз берун як шумори хеле ками нирӯҳои иловагӣ ҷалб шуда буд ва дар марз асосан нирӯҳои мустақар дар худи вилояти Суғд дастбакор шуданд: “Як шумори хеле кам буд аз берун. Мо аз Душанбе нирӯ наовардем, балки ҳамаи нирӯҳои ҷалбшуда аз қисмҳои низомии худи вилояти Суғд буд. Асосан марзбонҳо, нирӯҳои милиса ва ОМОН ҷалб шуданд, ки тибқи созишномаи дутарафа, то 10 нафараш метавонад дар минтақаи марзӣ бошад.  Нирӯҳои “Алфа” ба тарафи марз субҳи 29 апрел, дар пайи бад шудани вазъият ҳаракат кард, вале онҳо шом ба инҷо расиданд, вақте ки алакай фармони оташбас баромада буд. Онҳо барвақттар расида ҳам наметавонистанд, чунки роҳ таҳти назорати мо набуд.”

 Сабаби камтар будани талафоти ҷониби Тоҷикистонро генерал Муҳаммадзода ба он рабт дод, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳоли мудофиа қарор дошт, на ҳуҷум: “Агар мо ҳамла мекардем, талафотамон бештар мешуд. Аммо мо дар ҳоли мудофиа қарор доштем, на ҳамла. Аз ин рӯ, талафоти мо камтар аст.”

Қирғизистон дар бораи кушта шудани 36 шаҳрвандаш ва захмӣ шудани беш аз 150 тани дигар хабар додааст. Ҷониби Тоҷикистон кушта шудани 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 шаҳрванди дигарашро тасдиқ кард. Муноқишаи пурқурбонии поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  бо дастикам 55 куштаву беш аз 240 захмиаш пурқурбонитарин муноқишаи марзӣ дар чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button