Минтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистон

АМРИКО ИМКОНИ ДАР ТОҶИКИСТОН Ё ӮЗБЕКИСТОН ҶОБАҶО КАРДАНИ НИРӮҲОЯШРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Манобеи нашрияи бонуфузи амрикоӣ The Wall Street Journal (WSJ) дар Пентагон ва ҳукумати Амрико гуфтаанд, ки хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон Вошингтонро маҷбур мекунад, ки барои истиқрори нирӯҳои худ ҷойҳои дигар бикобад. Чанд интихоб – аз кишварҳри бо Афғонистон ҳамсояи Осиёи Марказӣ то кишварҳои муттаҳиди Амрико дар халифи Форс ва ҳам эҳтимоли истиқрори ин нирӯҳо дар киштиҳои мустақар дар баҳру уқёнус – дар дасти баррасӣ қарор доштааст. Як интихоби беҳтар, ба ақидаи манобеи WSJ, дар Тоҷикистон ё Ӯзбекистон, ки бо Афғонистон марзи мустақим доранд, ҷобаҷо кардани нирӯҳову ҳавопаймоҳост, ки метавонад дастрасии зуди онҳо ба Афғонистонро дар сурати зарурат таъмин кунад. Вале ҳузури ҳарбии густардаи Русия ва ҳузури афзояндаи Хитой якҷо бо таниши миёни онҳову Вошингтон нақшаҳои  сохтани пойгоҳи низомии Амрико дар Осиёи Марказиро дучори мушкил гардондааст. Истиқрори нирӯҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ Вошингтонро дубора ба вазъияти солҳои аввали ҷанги Афғонистон бармегардонад, ки он вақт Амрико дар Осиёи Марказӣ ду пойгоҳ дошт –яке дар Ӯзбекистон (пойгоҳи Хонобод дар вилояти Қаршӣ) ва яке дар Қирғизистон (пойгоҳи Манас дар фурудгоҳи Бишкек). Вале Ӯзбекистон дар соли 2005 тарки Ӯзбекистон кард ва соли 2014 аз пойгоҳи Манас ҳам рафт. WSJ  менависад, хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Осиёи Марказӣ таҳти фишори Русияву Хитой сурат гирифта буд.

Бино ба гузориши WSJ, мақомоти Амрико дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва эътилоф аз Афғонистон, ки бояд то 11 сентябри соли 2021 анҷом шавад, барои нирӯҳои худ  маконҳои нав меҷӯянд. Амрико мехоҳад нирӯҳо, ҳавопаймоҳо ва тӯпхонаҳояшро дар ягон минтақаи наздик ба Афғонистон мустақар кунад, то дар сурати зарурат битавонад аз ҳукумати Афғонитсон пуштибонӣ кунад, ошӯби Толибон ва дигар гуруҳҳои ифротиро ҳадалимкон зери назорат дошта бошад. Дар ин робита чандин интихоб баррасӣ мешавад, ки аз ҷумла истиқрори нирӯҳо дар кишварҳои арабии халиҷи Форс ё дар ягон киштии ҷангиро дар бар мегирад.

Вале як интихоби аз ҳама беҳтар, ба ақидаи манобеъ дар маъмурияти президент Ҷо Байден ва дар Пентагон, баъди хуруҷашон аз Афғонистон, дар Ӯзбекистон ё Тоҷикистон ҷобаҷо кардани нирғҳои Амрикост. Зеро ин ду кишвар бо Афғонистон ҳаммарзанд ва аз қаламрави онҳо метавон дастрасии зуди нирӯҳои амрикоӣ ба Афғонистонро дар сурати зарурат метавон таъмин онҳо боу Вошингтон нақшаҳои  сохтани пойгоҳи низомии Амрико дар Осиёи Марказиро дучори мушкил гардондааст, – изҳор доштаанд ҳамсуҳбатони WSJ.

“Чунин ба назар мерасад, ки расидани нирӯҳои мо то ҷои корашон вақти бештареро дар бар хоҳад гирифт”, – гуфтааст як мансабдори амрикоӣ.

Ҳафтаи гузашта намояндаи хоси Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод аз Ӯзбекистону Тоҷикистон боздид кард. Талошҳо барои миёнаравӣ барои истиқрори сулҳ байни гуруҳҳои даргир дар Афғонистон то анҷоми хуруҷи нирӯҳои Амрико ва эътилоф яке аз мавзӯъҳоест, ки ба гуфтаи яке мақоми амрикоии дар музокираҳо дар Тошканду Душанбе иштироккарда, мояи нигаронии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ҳаст, чунки ин ду кишвари собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ аз Афғонистон ба ин сӯи Омӯ густариш ёфтани хушунатро намехоҳанд.

Мулоқот бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод   04.05.2021

Ба гуфтаи мақомҳои расмии Амрико, то имрӯз ягон пешниҳод дар мавриди истиқрори нирӯҳои ин кишвар дар Осиёи Марказӣ нарасидааст ва Пентагон то ҳол ҳамаи баду неки ин нақшаро омӯхта истодааст. Ба иттилои WSJ, департаменти давлатӣ ва Кохи Сафед низ дар ин баррасиҳо иштирок доранд.

Ҷустуҷӯи бошитоби маҳалли нав барои истиқрори нирӯҳои Амрико дар ҳолест, ки маъмурияти Байден моҳи апрел гуфт, нирӯҳои амрикоӣ то 11 сентябр аз Афғонистон берун кашида мешаванд. Аммо хуруҷи ҳудудан аз 25 то 30 ҳазор афсару аскари Амрико ва НАТО аз он кишвари ҷангзада метавонад хеле зудтар, алакай дар моҳи июл тамом шавад. Ҳанӯз бояд муайян кунанд, ки дар сафорати Амрико дар Кобул чанд нафар хоҳад  монд, вале манобеи WSJ гуфтаанд, ки дар сафорат шояд то 1000 нафар бимонанд.

Вале албатта, вазифаи аз ҳама мушкил, пайдо кардани макони нав барои нирӯҳоест, ки тарки Афғонистон мекунанд. Ин бояд чунин маконе бошад, ки дар сурати зарурат, барои мисол, дар сурати ҳамла ба сафорати Амрико дар Кобул, ин нирӯҳо битавонанд ба таври сареъ ба Афғонистон бирасанд. Маъмурияти Байден ҳангоми эълони ҷадвали хуруҷи нирӯҳо дар моҳи апрел гуфта буд, ки агар “Ал-Қоида” дар Афғонистон аз нав сар боло кунад, ваё гуруҳҳои дигаре, ба мисли ДОИШ аз онҷо ба Амрико ё  манфиатҳояш таҳдид ба бор оваранд, нирӯҳои Амрико тавассути анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти дигар аз нав дар Афғонистон дастбакор хоҳанд шуд.

Агар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, яъне Тоҷикистон ё Ӯзбекистон, мизбонии нирӯҳои Амрикоро қабул накунанд, мақомоти Амрико он гоҳ рӯи кишварҳои муттаҳиди худ дар халиҷи Форс, ки имрӯз ҳам бархеаш нирӯҳои амрикоиро дар қаламрави худ ҷой додаанд, фикр мекунанд.  Як варианти эҳтиётӣ дар ягон киштии ҷангӣ ҷобаҷо кардани нирӯҳо будааст, вале артиши баҳрии Амрико ба далели дар минтақаҳои дигар лозим будани киштиҳои ҷангиаш барои муддати тӯлонӣ дар манотиқи наздик ба Афғонистон нигоҳ доштани ин киштиҳоро чандон хуш надорад.

Истиқрори нирӯҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ Вошингтонро дубора ба вазъияти солҳои аввали ҷанги Афғонистон (ибтидои асри 21) бармегардонад, ки он вақт Амрико дар Осиёи Марказӣ ду пойгоҳ дошт –яке дар Ӯзбекистон (пойгоҳи Хонобод дар вилояти Қаршӣ) ва яке дар Қирғизистон (пойгоҳи Манас дар фурудгоҳи Бишкек). Вале Ӯзбекистон дар соли 2005 тарки Ӯзбекистон кард ва соли 2014 аз пойгоҳи Манас ҳам рафт. WSJ  менависад, хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Осиёи Марказӣ таҳти фишори Русияву Хитой сурат гирифта буд.

Русия ба ҳузури Амрико дар минтақае, ки дар замонаш як бахши СССР буд, бо шакку гумони афзоянда нигоҳ мекунад. Силсилаи инқилобҳои ранга дар Украинаву Гурҷистон ва Қирғизистон, ки дар натиҷаи он инқилобҳо роҳбарони ба Кремл содиқи ин кишварҳо барканор карда шуданд, ба оташи гумонҳои Маскав равғани боз ҳам бештар рехтааст.

Ба болои ин равобити Русия бо Амрико ва ҳамчунин муносибатҳои Хитою Амрико низ аз он замон хеле бадтар шуданд. Бо ин вуҷуд, ҳам Русия ва ҳам Хитой мисли Амрико ба ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ манфиат доранд ва кишварҳои ин минтақа ҳам, ба ақидаи мақомоти расмии Амрико ва кишварҳои дигар, мехоҳанд то ҳадде таъсири Русияву Хитойро бо ҷалби таваҷҷуҳи абарқудратҳор дигар мутавозин кунанд.

Ӯзбекистон ҳам, ки ба уқёнус дастрасӣ надорад ва ба ин далел мехоҳад тавассути шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ва Покистон то уқёнуси Ҳинд роҳи оҳан бисозад, барои иҷрои ин тарҳ ба суботи кофӣ дар Афғонистон эҳтиёҷ дорад.

“Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мехоҳанд ҳаққи худро дошта бошанд ва ҳаққи худро бихӯранд. Онҳо ҳам мехоҳанд соҳиби сиёсати хориҷии чандқутба бошанд ва аз ин рӯ, намехоҳанд, ки Амрико онҳо дар ҳоли муаллақ боқӣ бигузорад ”, – гуфтааст дар суҳбат бо  WSJ Пол Стронски, корманди аршади барномаи “Русия ва АвроОсиё” дар Бунёди Карнеги.

Afghan Pullout Leaves U.S. Looking for Other Places to Station Its Troops

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button