ВидеоДин ва боварҳо

ВИДЕОИ “ПАРВОЗИ ФАРИШТАҲО ДАР ОСМОНИ ТОҶИКИСТОН” ТО КУҶО РОСТ АСТ?

Дар Интернет рӯзи 9 май  видеоҳое ба сайр даромад, ки ба иддаои муаллифонашон, дар онҳо гӯё сайри фариштаҳо дар осмони Тоҷикистон дар шаби Қадр (Лайлатулқадр) сабт шудаанд. Ин сабтҳо вокунишҳои мухталиферо дар байни мардум ба бор овардааст. Бархе аз “мӯъҷизаи илоҳӣ” дар моҳи шарифи Рамазон ва шаби мубораки Қадр суҳбат мекунанд ва шукри Худованд мегӯянд, бархе дигар инро намунаи дигари зудбоварӣ ва авҷи хурофот мешуморанд ва мегӯянд, ҳеҷ далели илмии қонеъкунандае барои исботи дурустӣ ва воқеияти ин “парвози фариштаҳо дар осмони Тоҷикистон” дар даст нест.

Дар ин видеоҳо дида мешавад, ки дар масофаи хеле дур аз маҳалли сабт дар осмон пораҳое рахшон  ҳаракат доранд ва наворбардор калимаи шаҳодатро ба забон оварда, иддао мекунад, ки “нигоҳ кунед, бародарон, дар ин моҳи шарифи Рамазон фариштаҳо дар осмон чарх мезананд. Нигоҳ кунед, чӣ қадар бисёранд! Афсӯс, ки камакак дуранд, афсӯс. Вале нигоҳ кунед, ки чӣ хел бозӣ доранд!”

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин навор маълум нест. Вале ишораи муаллиф ба моҳи Рамазон ва Шаби Қадр аз он дарак медиҳад, ки навор ба тозагӣ сабт шудааст. Шаби Қадр, бино ба бархе ҳисобҳо, шаби 8 ба 9 май буд, вале ба ҳисобҳои дигар, шаби 9 ба 10 май фаро мерасад.

Аммо бисёриҳо ба инки “дар осмони Тоҷикистон фариштаҳо бозӣ доштанд” бо назари шак нигоҳ мекунанд. Онҳо мегӯянд, чунин зуҳурот дар осмон аз назари илми ситорашиносӣ як падидаи маъмул аст ва метавонад ба фурӯ рехтани шиҳоб (комета) ва дигар ҷирмҳои осмонӣ бастагӣ дошта бошад, то ба “сайругашт” ва “бозӣ”-и фариштаҳо дар осмон.

Қаблан низ аз гӯшаҳои гуногуни дунё чунин аксу видеоҳо дар бораи дар осмон пайдо шудани фариштаҳо зиёд паҳн мешуданд. Дар чандин маврид маълум шуд, ки ин “фариштаҳо” маҳсули дасткории муаллифоне будааст, ки мехостанд бо ин роҳ лайку тамошобини бештар ба даст биоранд ва пой ба нардбони шуҳрат гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аллоҳ ҳудаш мегуяд кӣ дар ун шаб малойқоҳо ва руҳ (ҷабройл)
    Нозил мешаван ба дунё ҳато то субгоҳӣ саҳар меистанд!

    Пас ба кудратӣ Аллоҳ ҳеҷ шубҳай шаке нест ки
    Малойка боша
    Аҷабӣ нее!

    Ҷун, ба фармони Аллоҳ малоикаҳо ба замин мефароянд
    Дар шабӣ қадр!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button