ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНомаҳо ба президентНуқтаи назар

ВАҚТЕ ТАШАББУС БА КОРИ ХАЙРРО ҲАМ МЕКУШАНД… ПУЛИ БАЧАҲОИ АМРИКОРО НИЗ БАРГАРДОНДАНД

Абдураҳим Умариён, журналисти тоҷики муқими Амрико, рӯзи 9 май дар гуруҳи “Ахбор барои афкор” дар Фейсбук хабар дод, ки маркази “Насли навини тоҷикон” дар Ню-Йорк  ҷамъоварии маблағ аз тоҷикони Амрико барои кумак ба зарардидагони муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро қатъ карда, наздики 8 ҳазор доллари дар 3 рӯзи аввали ин маърака ҷамъовардаашонро ба соҳибонашон баргардондааст.

Ҷамъоварии кумак аз бачаҳои Амрико дар ҳоле қатъ шуд, ки бино ба изҳори итминони Абдураҳим Умариён, аз рӯйи нақшаву мусоидати ҳамватанони Ватандӯст қарор буд то фарорасии иди саиди Фитр ин рақамро ба $100 000 бирасонем, ки бештар аз як милион сомониро дар бар мегирифт.”

Абдураҳим Умариён дар шарҳи сабабҳои қатъи ҷамъоварии кумак навишт, “бо назардошти он ки сарфу харҷи маблағҳои ба суратҳисоби дар вазорати молия ташкил шуда аз ихтиёри мо берун аст ва наметавонем ба мардум аз рафти харҷи он ҳисоботи шаффоф диҳем, аз ин хотир мо низ маблағҳоро бозпас гардонидем!“

Маркази “Насли навини тоҷикон” дар Ню-Йорк  ҳамроҳ бо гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” (масъулаш журналисти шинохта Раҷаби Мирзо) барои ҷамъоварии маблағ барои кумак ба зарардидагони муноқишаи ахири марзӣ ташаббус карда буданд. Ба ҳисоби Раҷаби Мирзо, алакай то 7 май онҳо тавонистанд маблағи муодили ҳудуди 15 ҳазор долларро ҷамъ биоранд. Ва он ҳам дар ҳоле ки ин маърака тоза шурӯъ шуда буд.

Вале ин иқдоми хайрия ҳанӯз авҷ ногирифта, ташаббуси ин бачаҳои фаъоли тоҷикро, ба қавле, дар гаҳворааш куштанд.

Рӯзи 6 май ВКД Тоҷикистон дар бораи кушода шудани суратҳисоби махсус аз ҷониби вазорати молия барои ҷамъоварии кумак ба зарардидагони муноқишаи Ворух хабар дод ва бо як лаҳни начандон дӯстона ёдовар шуд, ки аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст, ки ба онҳо бовар накунед ва фирефтаи чунин гуруҳҳо нашавед!

Ва шоми 7 май Раҷаби Мирзо эълон кард, ки аз идомаи ҷамъоварии маблағ даст мекашад. Ӯ  аз  ҳамаи онҳое, ки алакай барои ин кори хайр пул гузарондаанд, хост, то пули худро пас бигиранд. Раҷаби Мирзо дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки аз ВКД ба ӯ ишора кардаанд, ки “супориш чунин аст” ва бояд ҳамаи пулҳои ҷамъшударо ба суратҳисобе, ки ҳукумат барои кумак ба зарардидагон кушодааст, гузаронад.

Раҷаби Мирзо бо таассуф навишт, ки фикр намекард, ки манзури мақомот аз “гуруҳҳои қаллоб” ташаббуси онҳо ҳам буд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандиро аз ташаббусҳое, чун ҷамъоварии кумакҳои хайрия манъ кардани мақомот ва он ҳам ба воситаи ВКД, мавҷи вокунишҳои умдатан манфиро дар байни аҳли ҷомиа ба бор овардааст. Ба ақидаи онҳо чунин шеваи бархӯрд ба он меорад, ки ҷомиаи бе он ҳам заифи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боз ҳам заифтар гардида, фаъолон аз чунин ташаббусҳо дилсард мешаванд ва ҳадалимкон парҳез мекунанд. Ба ақидаи онҳо,  бозори пулҷамъкунии мақомот низ аз танг кардани намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ гармтар намешавад. Хусусан дар ҳоле ки ба ҷамъоварии кумакҳои хайрия мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар шаванд.

Далер Ғуфронов, яке аз тоҷикони дигари муқими Амрико, ки низ дар ин маъракаи хайр даст дошт, навишт, ки тасмими нестандарҷаҳони мақомоти Тоҷикистон бачаҳои тоҷики Амрикоро дилшикаста кард.

Тоҷикони Амрико метавонанд беҳтарин сармоягузорони кишвар бошанд! Сармояи худ ва дигаронро ба Ватан ҷалб намоянд! Аммо акнун, вақте мебинанд, ки дахолату назорати қатъии мақомот то ба корҳои кучаки савоб низ доман паҳн кардааст, ҳатман хушоянд нахоҳанд шуд ва нақшаҳои ҷиддитареро ҳам дар бобати саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиети Ватан зинҳор дар сар нахоҳанд парварид….

Ин аст натиҷаи як қарори нестандарҷаҳон навиштааст Далер Ғуфронов

Абдураҳим Умариён навиштааст, ки бачаҳои тоҷики Амрико бо ширкати фаъолона дар ҷамъоварии кумакҳои хайрия мехостанд нишон бидиҳанд, ки ҳатто дур аз Ватан дар ёди Ватан ва ҳифзи марзу бумаш ҳастанд, вале ҳайҳот!

Ҳадаф аз иқдоми мазкур дар баробари расонидани кӯмак ба зарардидагони низоъҳои марзӣ, ҳамзамон собит кардани устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар паҳлуи ҳукумати кишвар дар чунин як марҳилаи ҳассоси таърихӣ буд. Хусусан шумори зиёди ҷавонони муқими Амрико мехостанд ҳузури худро дар марз ва канори артиши миллӣ тавассути ин амали хайрашон ҳозир бипиндоранд”, – навиштааст Абдураҳим Умариён.

Abdurahim Omariyan  АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ

МАБЛАҒИ БАЧАҲОИ АМРИКОРО НИЗ БОЗПАС ДОДЕМ!

Тавре қаблан хабар дода шуд, маъракаи ҷамъоварии кӯмак ба зарардидагони низоъҳо дар Ворух, ки дар якҷоягии гурӯҳи “Ахбор барои афкор” ва масъулини маркази “Насли навини тоҷикон” дар Ню Йорк роҳандозӣ гардид ва дертар ба он шумори зиёди ҳамватанони хайрхоҳ пайвастанд, қатъ гардид.

Дар Амрико низ бачаҳо ба таври бесобиқа дар се рӯз наздики $8000 ҷамъ намудананд ва аз руйи нақшаву мусоидати ҳамватанони Ватандӯст қарор буд то фарорасии иди саиди Фитр ин рақамро ба $100 000 бирасонем, ки бештар аз як милион сомониро дар бар мегирифт. Ҳадаф аз иқдоми мазкур дар баробари расонидани кӯмак ба зарардидагони низоъҳои марзӣ, ҳамзамон собит кардани устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар паҳлуи ҳукумати кишвар дар чунин як марҳилаи ҳассоси таърихӣ буд. Хусусан шумори зиёди ҷавонони муқими Амрико мехостанд ҳузури худро дар марз ва канори артиши миллӣ тавассути ин амали хайрашон ҳозир бипиндоранд.

Бо назардошти он ки сарфу харҷи маблағҳои ба суратҳисоби дар вазорати молия ташкил шуда аз ихтиёри мо берун аст ва наметавонем ба мардум аз рафти харҷи он ҳисоботи шаффоф диҳем, аз ин хотир мо низ маблағҳоро бозпас гардонидем!

БОЗ ҲАМ СИПОС БА БОВАРИЕ, КИ ДАР ИН КОР БА МО ДОШТЕД!

Умедворем, ки бачаҳо маблағҳои бозпасгирифтаи худро ба таври мустақим ба суратҳисоби Вазорат интиқол медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button