САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 9 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)
Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 9 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:
ПУТИН ВА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КРЕМЛ ДАР БОРАИ ЧӢ СУҲБАТ КАРДАНД?
ДАҲҲО КУШТАВУ ЗАХМӢ БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР МАКТАБИ ДУХТАРОНА ДАР КОБУЛ
БЕШ АЗ 5 МИЛЛИОН РУБЛ КУМАКИ СОҲИБКОРОНИ ЗОДАИ ВОРУХ БА ҚУРБОНИЁНИ МУНОҚИШАҲОИ МАРЗӢ
ВАҚТЕ ТАШАББУСРО МЕКУШАНД… ПУЛИ БАЧАҲОИ АМРИКОРО НИЗ БАРГАРДОНДАНД
САФИРИ ТУРКИЯ ГУФТ: ПРЕЗИДЕНТ ЭРДУҒОН БА ТОҶИКИСТОН ЯГОН ХЕЛ “ҲУШДОР” НАДОДААСТ
ҲАЛОКАТИ БОЗ ДУ КӮДАК: ҲАНГОМИ ОББОЗӢ ДАР КОФАРНИҲОН ВА ЧУКРИЧИНӢ ДАР КӮҲ
АЛЕКСЕЙ РЯЗАНТСЕВРО ДАР ДУШАНБЕ БА ХОК СУПУРДАНД
РӮЗҲОИ ҶУМЪА – РОЙГОН: ҲИММАТИ БАЛАНДИ ЯК МӮЗАДӮЗИ ТОҶИК ҲАМАРО БА ВАҶД ОВАРД
ВА ОЁ ВИДЕОИ “ПАРВОЗИ ФАРИШТАҲО ДАР ОСМОНИ ТОҶИКИСТОН” ТО КУҶО РОСТ АСТ?
Ва акнун тафсилоти хабарҳо:
Шоми 8 май дар Кремл мулоқоти президентҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путинва Эмомалӣ Раҳмон доир шуд. Кремл хабар дод, ки Путин ва Раҳмон масоили равобити дуҷониба, масоили амнияти минтақа, аз ҷумла вазъи атрофи Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Тавре аз гузориши видеоӣ бармеояд, ин дафъа масъалаи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро худи Путин дар миён гузошт. «Бидуни шак, як масъалаи муҳиме, ки шумо ҳамеша мебардоред, масъалаи муҳоҷирони корӣ аст. Медонам, ки ин як масъалаи барои Тоҷикистон ҳассос аст. Мо тамоми корро мекунем, то одамон худро роҳат ҳис кунанд, хусусан дар ҳоле ки дар ҳақиқат дар ҳоли ҳозир барои мо дар чандин соҳаи иқтисод комилан нерӯи корӣ намерасад. Аз тарафи дигар ин одамон аз Русия ба Ватан барои дастгирии оилаҳояшон маблағҳои бузург мефиристанд. Ба фикри ман, ин як раванди мутлақо мусбат аст”, – гуфт Путин.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май ба хотири ширкат дар ҷашни 76-солагии ғалаба бар Олмони фашистӣ ба Маскав омад. Ӯ ягона роҳбари хориҷист, ки дар ин маросим иштирок дошт.
Ин нахустин сафари хориҷии Эмомалӣ Раҳмон ва мулоқоти ӯ бо Путин дар пайи муноқишаи пурқурбонии поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки бо дастикам 53 куштаву 236 захмиаш пурқурбонитарин муноқишаи марзӣ дар чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
хххххх
Рӯзи 8 май бар асари таркиш дар мактаби духтаронаи “Сайид-ул-шуҳадо” дар минтақаи умдатан ҳазоранишини Дашти Барчӣ дар канори Кобул, пойтахти Афғонистон, дастикам 55 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар кушта шудаанд. Аксари қурбониёни ин ҳамлаи хунин духтарони толибилм будаанд.
Сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон Тариқ Ориён гуфт, як мошини бомбгузоришударо дар рӯбарӯи мактаби духтаронаи “Сайид-ул-шуҳадо” мунфаҷир кардаанд ва ду бомби дигарро замоне таркондаанд, ки толибилмон бо тарсу ҳавл ва шитобон маҳалли таркишро тарк мекарданд.
Аксҳову видеоҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса ҷасадҳои олуда ба хун ва китобҳои паҳну парешоншуда дар саҳнаи мактаби духтаронаро ва дуди ғализеро, ки аз маҳалли таркиш ӣба ҳаво баланд мешавад, намоиш медиҳанд.
Касе то кунун масъулияти бомбгузории хунин дар минтақаи умдатан ҳазоранишинро ба дӯш нагирифтааст. Ҳазораҳо як ақалияти қавмии Афғонистон аст, ки пайрави мазҳаби шиа мебошанд ва дар солҳои ҷанг дар он кишвар даҳҳо маротиба ҳадафи чунин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.
Ҷунбиши Толибон бо маҳкум кардани ҳамлаи ахир, ки пурқурбонитарин ҳамла дар Кобул дар чанд моҳи охир ба шумор меравад, изҳор дошт, ки ҷангиёнаш дар он даст надоранд.
Вале президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Толибонро ба анҷоми ин ҳамла айбдор кард. Мақомоти Афғонистон иддао мекунанд, ки ҷунбиши Толибон барои соф кардани худ ба гуруҳи нисбат ба он хеле хурдтарин ДОИШ иҷозат медиҳад, ки масъулияти бархе ҳамлаҳоро ба дӯш бигирад.
Ҳамлаи ахир дар ҳоле сурат гирифт, ки музокироти сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон идома дорад ва Амрико ва эътилофи байналмилалӣ ба хуруҷи бахши аъзами нирӯҳои худ аз ин кишвари ҷангзада омодагӣ мегиранд. Хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки баъди рафтани онҳо вазъ дар Афғонистон метавонад фурӯ бипошад.
хххххххххххххххх
Соҳибкорони зодаи ҷамоати Ворух, ки асосан дар Русия кор мекунанд, барои хонаводаҳои қурбониён ва зарардидагони муноқишаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба маблағи беш аз 5 миллион рубл кумак фиристодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Исфара, аз номи як гуруҳи соҳибкорон ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор рубл ва аз Сорбон Савриддинов, муассис ва раҳбари ширкати “Бестфуд” ба таври алоҳида 3,5 миллион рубл, ё 510 ҳазор сомонӣ кумак расидааст.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара ба “Азия Плюс” гуфт, 1,7 миллион рубл кумаки гуруҳии соҳибкорони зодаи Ворухро чунин тақсим кардаанд: “Соҳибкорони Ворух аз шаҳрҳои Русия ба 14 хонавода, ки аз ин 10-хонавода дар даргириҳои ахири моҳи апрел пайвандонашон қурбон шуданд ва 4 хонавода, ки наздиконашон дар солҳои пеш кушта шуда буданд, 100 ҳазор рубли русӣ, ба 9 хонаводаи захмишудаҳо шуда аз 20 то 50 ҳазор рубли русӣ кӯмаки молӣ фиристоданд, ки мо онро супоридем”.
510 ҳазор сомонии фиристодаи Сорбон Савриддиновро низ, ба гуфтаи Зубайдулло Шомадов, дар байни оилаҳои кушташудаҳо ва захмиён тақсим кардаанд: “Аз ин маблағ ба хонаводаи ҳар 19 нафар қурбонӣ 15 ҳазор сомонӣ, ба 33 хонаводаи захмишудаҳо 5 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 6 нафар, ки дар ҳолати вазнини захмиву бистарӣ ҳастанд 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкор Сорбон Савриддинов фиристода шудааст”.
Падару писар Абдуҷалил ва Сорбон Савриддиновҳо соҳибкорони шинохтаи зодаи Ворух мебошанд, ки асосан ба тиҷорати меваи хушк машғуланд. Сорбон Савриддинов дар Маскав ширкати “Бестфуд”-ро мечархонад. Моҳи апрел дар ҷараёни сафари кории президент ба ҷамоати Ворух, Савриддиновҳо дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳашон маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин марказ бо харҷи беҳ аз 2 миллион сомонӣ дар майдони 2 гектар замин бунёд ёфтааст.
хххххххххх
Абдураҳим Умариён, журналисти тоҷики муқими Амрико, хабар дод, ки маркази “Насли навини тоҷикон” дар Ню-Йорк ҷамъоварии маблағ барои кумак ба зарардидагони муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро қатъ карда, наздики 8 ҳазор доллари дар 3 рӯзи аввали ин маърака ҷамъовардаашонро ба соҳибонашон баргардондааст.
Ҷамъоварии кумак аз бачаҳои Амрико дар ҳоле қатъ шуд, ки бино ба изҳори итминони Абдураҳим Умариён, “қарор буд то фарорасии иди саиди Фитр ин рақамро ба $100 000 бирасонем.”
Умариён дар шарҳи сабабҳои қатъи ҷамъоварии кумак навишт, “бо назардошти он ки сарфу харҷи маблағҳои ба суратҳисоби дар вазорати молия ташкил шуда аз ихтиёри мо берун аст ва наметавонем ба мардум аз рафти харҷи он ҳисоботи шаффоф диҳем, аз ин хотир мо низ маблағҳоро бозпас гардонидем!“
Маркази “Насли навини тоҷикон” дар Ню-Йорк ҳамроҳ бо гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” (масъулаш журналисти шинохта Раҷаби Мирзо) барои ҷамъоварии маблағ барои кумак ба зарардидагони муноқишаи ахири марзӣ ташаббус карда буданд. Ба ҳисоби Раҷаби Мирзо, алакай то 7 май онҳо тавонистанд маблағи муодили ҳудуди 15 ҳазор долларро ҷамъ биоранд. Вале ин иқдоми хайрия ҳанӯз авҷ ногирифта, ташаббуси ин бачаҳои фаъоли тоҷикро, ба қавле, дар гаҳворааш куштанд.
Рӯзи 6 май ВКД Тоҷикистон дар бораи кушода шудани суратҳисоби махсус аз ҷониби вазорати молия барои ҷамъоварии кумак ба зарардидагони муноқишаи Ворух хабар дод ва бо як лаҳни начандон дӯстона ёдовар шуд, ки “аз ҷониби баъзе нафарон суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи кумак расонидан ба мардуми Ворух барои манфиатҳои шахсиашон нашр гардидааст, ки ба онҳо бовар накунед ва фирефтаи чунин гуруҳҳо нашавед!”
Ва шоми 7 май Раҷаби Мирзо эълон кард, ки аз идомаи ҷамъоварии маблағ даст мекашад. Ӯ бо таассуф навишт, ки фикр намекард, ки манзури мақомот аз “гуруҳҳои қаллоб” ташаббуси онҳо ҳам буд. Раҷаби Мирзо гуфт, аз ВКД ба ӯ ишора кардаанд, ки “супориш чунин аст” ва бояд ҳамаи пулҳои ҷамъшударо ба суратҳисоби кушодаи ҳукумат гузаронад.
хххххххххххххх
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар як посухи расмӣ ба сомонаи factcheck.tj иддаоҳо дар бораи пуштибонии президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Қирғизистон дар муноқишаи ахири марзиаш бо Тоҷикистон ва гӯё Тоҷикистонро “ҳушдор” додани Эрдуғонро бепоя номида, рад кард. Сафири Туркия навиштааст, ки “Туркия дар баҳси марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон дар тарафи яке аз ин ду кишвар истода наметавонад. Туркия муътақид аст, ки фақат роҳи ҳалли сулҳона ва дипломатии ин масъала имконпазир аст.”
Рӯзи 3 май, дар рӯзҳои авҷи буҳрони байни Тоҷикистону Қирғизистон Ассол Молдокматова, як фаъоли иҷтимоӣ аз Қирғизистон, иддао кард, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон намояндагони сафорати Русияро ба ҳузури худ хонда, тавассути онҳо Тоҷикистонро “ҳушдор” додааст, ки дигар дар оянда иқдомҳои ҷангҷӯёнааш ба зидди Қирғизистонро такрор накунад.
Ин иддаои Молдокматова вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва бархе аз корбарони тоҷик Эрдуғонро барои чунин тарафгирӣ аз як ҷониби низоъ ба интиқод кашиданд.
Вале сафири Туркия дар Душанбе Эмре Зеки Карагёл, ки тоза моҳи марти соли 2021 ба ин мақом таъйин шудааст, дар посухи худ ба сомонаи factcheck.tj ин иддаоҳо дар бораи “пуштибонӣ”-и президенти Туркия аз як тарафи ин муноқишаи марзиро беасос номида, навиштааст, “ин хабарҳои иғвогарона ва таҳмилӣ бо мақсади ба ҳам задани равобити мавҷудаи дӯстона ва бародаронаи байни Туркия ва Тоҷикистон паҳн карда шудаанд.”
хххххххххххххххх
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз марги фоҷиавии боз ду кӯдак хабар дод. Як кӯдаки нӯҳсола аз Ваҳдат рӯзи 7 май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст ва писарбачаи 11-сола аз деҳаи Тилбони ноҳияи Лахш тани танҳо барои ҷамъоварии чукриву торон ба кӯҳ рафта, аз баландии тақрибан 30-40 метр сарнагун шудааст.
Тайи ду рӯзи 6 ва 7 май дар Тоҷикистон алакай 4 кӯдак ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуданд, аз ҷумла 3 нафари онҳо дар об ғарқ шуданд. Тайи ду рӯзи 6 ва 7 май дар Тоҷикистон алакай 4 кӯдак ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуданд, аз ҷумла 3 нафари онҳо дар об ғарқ шуданд.
КҲФ мегӯяд, дар 4 моҳи аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай 19 нафар ҷон бохтаанд, аз ҷумла 5 кӯдаки синнашон то 4-сола, 2 кӯдаки синнашон то 10–сола, 2 навраси аз 11 то 16– сола, 6 ҷавони синнашон аз 17 то 35 ва 4 нафари синнашон аз 35 боло. Бо ин се ғарқшудаи дигар дар моҳи май шумори ноболиғони ғарқшуда ба дастикам 12 нафар мерасад.
КҲФ қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 6 май дар пойтахти Тоҷикистон риштаи умри ду кӯдак ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Бино ба иттилои КҲФ, як кӯдак соати 16:20, вақте ғарқ шуд, ки ҳамроҳи дӯстонаш мехост дар кӯли боғи ба номи Фирдавсӣ, ки дар он оббозӣ мамнӯъ аст, оббозӣ кунад. Як кӯдаки ҳафтсола бошад ҳамон рӯз ҳангоми бозӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст ва ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ҳол натиҷа надодааст.
КҲФ дар ин маргҳои фоҷиавӣ асосан бепарвоии волидонро сабабгори аслӣ мешуморад.
ххххххххххххххх
Рӯзи 9 май Алексей Рязантсевро дар Душанбе ба хок супурданд. Ин корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Эко Ойл” дар маҳаллаи Испечак 2ро дар пайи сӯхтор ва таркиши шоми 1 май бо 75 фоизи бадани сӯхта дар Маркази тиббии №3 бистарӣ карда буданд. Алексей, ки ҳамагӣ 21 сол дошт, як рӯз пеш ҳамчунон ба ҳуш наомада, дар бемористон ҷон дод.
Фаъоли ҷамъиятӣ Зуля Раҳматова, ки барои табобати Алексей Рязантсев пули кумак ҷамъ мекард, аз маросими дафни ин ҷавон видеои нимсоатиеро дар Фейсбук нашр кард.
Дар пайи сӯхтор дар «Эко Ойл» ВКД хабар дод, ки ба зидди молики он Эҳсонҷон Розиқов парванда кушодаанд. Марги кормандаш иттиҳоми зидди ин соҳибкори 33соларо вазнинтар хоҳад кард. Хадамоти оташнишонии ВКД низ хабар дод, ки дар пайи он сӯхтор санҷиши ҳолати риояи қоидаҳои зидди сӯхтор дар дигар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхтро дар Душанбе ва атрофи он ба роҳ монда, дар дастикам 4 дӯкон ҳолатҳои вайрон шудани меъёрҳои бехатариро ошкор кардааст.
Ёдовар мешавем, шоми 1 май, соати 18:30нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехколонна, 50) воқеъ аст ва ба соҳибкори 33-сола Эҳсонҷон Розиқов тааллуқ дорад, оташ гирифт. КҲФ гуфт, “забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати 22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”.
Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Мехколонна ҷойгир шудааст.
ххххххххх
Як мӯзадӯзи тоҷик, ки дар маҳаллаи 82 дар канори роҳ ба кӯҳнадӯзӣ машғул аст, бо ҳиммати баланди худ ҳамаро ба ваҷд овард.
“Рӯзҳои ҷумъа таъмири пойафзол – ройгон” – навиштааст ин мӯзадӯз дар эълоне, ки дар ду ҷои ба ном “корхона”-аш – ҳам дар пештоқи ону ҳам дар пеши асбобу ускунаяш насб кардааст.
Дӯкони ин устои пойафзолро “корхона” ва ҳатто “дӯкон” ҳам гуфта намешавад. Ӯ дар асл дар канори роҳ асбобу ускунаи кӯҳнадӯзиашро паҳн кардаву ба мардум хидмат мерасонад ва тавре ба назар мерасад, аз моли дунё ҳамин чанд асбобу ускунаро дораду халос. Вале Худованд дар иваз ҳиммати баландеро ба ӯ додааст, ки хеле аз бою давлатмандҳои пулмасти замона надоранд.
Акси ин мӯзадӯзи ҳимматбаландро дар гуруҳи Парвиз ТВ дар Фейсбук 1800 кас лайк гузошта ва беш аз 230 нафар бознашр кардаанд ва қариб ҳама ба ҳиммати ӯ аҳсану офарин хондаанд.
Аз ҷумла Dilho Siyarova навиштааст, “кош нафароне,ки дар бонкхо маблаги хангуфт доранд,ки аз умри худу фарзандонашон зиедати мекунад аз ин бародари саховатпеша сабак мегирифтанд.”
Akram Mavlonov аз ҳиммати ин устои оддӣ изҳори ҳайрат кардааст, ки “бо хамин мехнати халол, ки даромади хазору-даҳҳазор надорад… Барои савоб ройгон мекунанд”.
Фотима Муродова аз “сарватмандҳои сахти мурда” даъват кардааст, ки аз ин мӯзадӯзи оддӣ сабақ бигиранд ки чӣ қадар дили кушод ва дасти хайр дорад.
Шараф Тешаев низ аз ҳиммати ин мӯзадӯзи тоҷик офарин хондааст: “Дар мохи шарифи рамазон дуогуем,ки хайрашро Худованд кабул кунад, рискашонро фаровон ва умрашро дароз кунад. Ин бечора худаш онкадар пул корнамекунад боз кори хайрашро бубинед…..Ахсан!”
Nevajno Nevajno аз мардуми сарватманд хостааст, ки “илтимос дорандахо дарав давида наравен.бигзор ягон ночор пойафзолашро таъмир кунад.бечора усто махсулотро мехарад.барои буридаи нон шиштас мехнат карда.”
Зуҳал Руҳони низ аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки Худованд ба ин инсон дӯкони хеле хурд ва дили чӣ қадар бузург додааст: “Хамин ба амика чоякаш хайр мекна одамои серпул и кора наметонан Худо бараката дар и чои майдаакаш резонад сохиби сарвати зиёд гардад.”
Jan Jana низ навиштааст: “Ахсан ба падару модарат, баьзе одамои бой хазор хазор долар доранд, дар рузи чумьа як сум хайр намекунанд.”
хххххххххххххххххх
Дар Интернет рӯзи 9 май видеоҳое ба сайр даромад, ки ба иддаои муаллифонашон, дар онҳо гӯё сайри фариштаҳо дар осмони Тоҷикистон дар шаби Қадр (Лайлатулқадр) сабт шудаанд. Ин сабтҳо вокунишҳои мухталиферо дар байни мардум ба бор овардааст. Бархе аз “мӯъҷизаи илоҳӣ” дар моҳи шарифи Рамазон ва шаби мубораки Қадр суҳбат мекунанд ва шукри Худованд мегӯянд, бархе дигар инро намунаи дигари зудбоварӣ ва авҷи хурофот мешуморанд ва мегӯянд, ҳеҷ далели илмии қонеъкунандае барои исботи дурустӣ ва воқеияти ин “парвози фариштаҳо дар осмони Тоҷикистон” дар даст нест.
Дар ин видеоҳо дида мешавад, ки дар масофаи хеле дур аз маҳалли сабт дар осмон пораҳое рахшон ҳаракат доранд ва наворбардор калимаи шаҳодатро ба забон оварда, иддао мекунад, ки “нигоҳ кунед, бародарон, дар ин моҳи шарифи Рамазон фариштаҳо дар осмон чарх мезананд. Нигоҳ кунед, чӣ қадар бисёранд! Афсӯс, ки камакак дуранд, афсӯс. Вале нигоҳ кунед, ки чӣ хел бозӣ доранд!”
Кай ва дар куҷо сабт шудани ин навор маълум нест. Вале ишораи муаллиф ба моҳи Рамазон ва Шаби Қадр аз он дарак медиҳад, ки навор ба тозагӣ сабт шудааст. Шаби Қадр, бино ба бархе ҳисобҳо, шаби 8 ба 9 май буд, вале ба ҳисобҳои дигар, шаби 9 ба 10 май фаро мерасад.
Аммо бисёриҳо ба инки “дар осмони Тоҷикистон фариштаҳо бозӣ доштанд” бо назари шак нигоҳ мекунанд. Онҳо мегӯянд, чунин зуҳурот дар осмон аз назари илми ситорашиносӣ як падидаи маъмул аст ва метавонад ба фурӯ рехтани шиҳоб (комета) ва дигар ҷирмҳои осмонӣ бастагӣ дошта бошад, то ба “сайругашт” ва “бозӣ”-и фариштаҳо дар осмон.
Қаблан низ аз гӯшаҳои гуногуни дунё чунин аксу видеоҳо дар бораи дар осмон пайдо шудани фариштаҳо зиёд паҳн мешуданд. Дар чандин маврид маълум шуд, ки ин “фариштаҳо” маҳсули дасткории муаллифоне будааст, ки мехостанд бо ин роҳ лайку тамошобини бештар ба даст биоранд ва пой ба нардбони шуҳрат гузоранд.