ТоҷикистонЧеҳраҳоҶомеа

РӮЗҲОИ ҶУМЪА – РОЙГОН: ҲИММАТИ БАЛАНДИ ЯК МӮЗАДӮЗИ ТОҶИК ҲАМАРО БА ВАҶД ОВАРД (АКС)

Як мӯзадӯзи тоҷик, ки дар маҳаллаи 82 дар канори роҳ ба кӯҳнадӯзӣ машғул аст, бо ҳиммати баланди худ ҳамаро ба ваҷд овард.

“Рӯзҳои ҷумъа таъмири пойафзол – ройгон” – навиштааст ин мӯзадӯз дар эълоне, ки дар ду ҷои ба ном “корхона”-аш –  ҳам дар пештоқи ону ҳам дар пеши асбобу ускунаяш насб кардааст.

 Дӯкони ин устои пойафзолро “корхона” ва ҳатто “дӯкон” ҳам гуфта намешавад. Ӯ дар асл дар канори роҳ асбобу ускунаи кӯҳнадӯзиашро паҳн кардаву ба мардум хидмат мерасонад ва тавре ба назар мерасад, аз моли дунё ҳамин чанд асбобу ускунаро дораду халос. Вале Худованд дар иваз ҳиммати баландеро ба ӯ додааст, ки хеле аз бою давлатмандҳои пулмасти замона надоранд.

Акси ин мӯзадӯзи ҳимматбаландро дар гуруҳи Парвиз ТВ дар Фейсбук 1800 кас лайк гузошта ва беш аз 230 нафар бознашр кардаанд ва қариб ҳама ба ҳиммати ӯ аҳсану офарин хондаанд.

Аз ҷумла Dilho Siyarova навиштааст, “кош нафароне,ки дар бонкхо маблаги хангуфт доранд,ки аз умри худу фарзандонашон зиедати мекунад аз ин бародари саховатпеша сабак мегирифтанд.”

Akram Mavlonov аз ҳиммати ин устои оддӣ изҳори ҳайрат кардааст, ки бо хамин мехнати халол, ки даромади хазору-даҳҳазор надорад… Барои савоб ройгон мекунанд”.

Фотима Муродова аз “сарватмандҳои сахти мурда” даъват кардааст, ки аз ин мӯзадӯзи оддӣ сабақ бигиранд ки чӣ қадар дили кушод ва дасти хайр дорад.

Исмоил Сафаров навиштааст, ки кӯҳнадӯзӣ худ кори саҳле нест: Худованди мехрубон бехтарин ачру савобро ба ин бародар дихад!!! Бенихоят мехнати душвор аст кухнадузи.”

Шараф Тешаев низ аз ҳиммати ин мӯзадӯзи тоҷик офарин хондааст: Дар мохи шарифи рамазон дуогуем,ки хайрашро Худованд кабул кунад, рискашонро фаровон ва умрашро дароз кунад. Ин бечора худаш онкадар пул корнамекунад боз кори хайрашро бубинед…..Ахсан!

Nevajno Nevajno аз мардуми сарватманд хостааст, ки илтимос дорандахо дарав давида наравен.бигзор ягон ночор пойафзолашро таъмир кунад.бечора усто махсулотро мехарад.барои буридаи нон шиштас мехнат карда.”

Зуҳал Руҳони низ аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки Худованд ба ин инсон дӯкони хеле хурд ва дили чӣ қадар бузург додааст: Хамин ба амика чоякаш хайр мекна одамои серпул и кора наметонан Худо бараката дар и чои майдаакаш резонад сохиби сарвати зиёд гардад.”

Jan Jana низ навиштааст: “Ахсан ба падару модарат, баьзе одамои бой хазор хазор долар доранд, дар рузи чумьа як сум хайр намекунанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button