Рӯзи 9 май дар канали Парвиз ТВ дар Ютуб видеои кӯтоҳи навбатпоии садҳо нафар ҳангоми тақсими 1750 кило оше, ки дар Хуҷанд дар як дег пухтаанд, нашр шуд. Дар видео дида мешавад, ки мардум табақҳо дар даст дар пушти девори симтӯрӣ навбат гирифтаанд ва ҳар кадом талош мекунад, ки ба ошпазҳо табақи худро пештар дароз кунад. Дар гӯшаи дигар деги бузурге дида мешавад, ки пур аз ош аст. Парвиз ТВ менависад, ки дар ин дег 1750 кило ош пухтаанд.
Тавре аз видео ба назар мерасад, тақсими ош шабонгоҳ сурат гирифта истодааст, ки ин метавонад ба моҳи Рамазон бастагӣ дошта бошад. Бархе навиштаанд, ки ошро соати яки шаб, қабл аз хӯроки усарӣ тақсим кардаанд.
Кай сабт шудани ин видео маълум нест. Қаблан як саҳифаи ҷамъияти дӯстдорони оши палав аз Ӯзбекистон дар Фейсбук хабар дода буд, ки ошпазҳои моҳири тоҷик дар як деги гунҷоишаш 2 тонна якуним тонна оши палави хуҷандӣ пухтаанд. Бино ба иттилои Pilaf, ошпазҳои тоҷик ин оши палави рекордиро рӯзи 10 апрели соли 2021, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бар асоси фармоиш пухтаанд. Исми фармоишгар гуфта нашудааст, вале гуфта мешуд, ки барои чунин миқдори бузурги палав 400 кило биринҷ, 360 кило гӯшт, 500 кило сабзӣ, 130 литр равған, 220 литр об ва маҳсулоти дигар истифода шудааст.
1,5 тонны Худжанского плова от профессиональных таджикских ошпазов.
400 кг риса
360 кг мясо говядина
500 кг моркови
130 литров масла
220 литров воды
И т д.
В общей сложности 1,5 тонны получилось.
Приготовили 10 апреля 2021 года в 2 тонном казане по заказу.
Ошпазҳои Осиёи Марказӣ чанд сол боз барои пухтани миқдори рекордии ош байни худ мусобиқа мекунанд. Рекорди аз ҳама бузург дар пухтани ош моҳи сентябри соли 2017 дар Тошканд гузошта шуд. Дар як ҷашнвора дар пойтахти Ӯзбекистон дар як дег он вақт 7 тоннаву 360 кило оши палав пухта буданд, ки аксаран байни тамошобинон ва хонаҳои ятимон тақсим карда шуд.
Моҳи ноябри соли 2018 дар ҷашнвораи “Оши палав” дар шаҳри Душанбе дар як дег беш аз як тонна ош пухтанд. Вале дар вақти тақсими ин оши рекордӣ ҷанҷол бархост ва дар видеое, ки ба Интернет роҳ ёфт, дида мешуд, ки мардум барои гирифтани ош якдигарро тела дода, ҳар кадом бо лагану ҳатто каланд талош мекард, то миқдоре ош ба даст биорад. Видеои он “ҷанг барои ош” дар Интернет паҳн шуда, мавҷи интиқодҳои тунд ҳам аз ошхӯрон ва ҳам аз масъулони ҷашнвораро ба бор овард. Шаҳрдории Душанбе баъдан бо изҳори таассуф аз ин моҷаро гуфт, гунаҳкорони “бетартибӣ” дар Ҷашнвораи оши палав дар Боғи ба номи Фирдавсӣ ҷазо дода шуданд.