ВидеоҶомеа

ҲАЛОКАТИ БОЗ ДУ КӮДАК: ЯКЕ ДАР ЛАХШ ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ АЗ КӮҲ АФТИДУ ЯКЕ БА ДАРЁИ КОФАРНИҲОН РАФТ…

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз марги фоҷиавии боз ду кӯдак хабар дод.  Як кӯдаки нӯҳсола аз  Ваҳдат рӯзи 7 май ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст ва писарбачаи 11-сола аз деҳаи Тилбони ноҳияи Лахш тани танҳо барои ҷамъоварии чукриву торон ба кӯҳ рафта, аз баландии тақрибан  30-40 метр сарнагун шудааст.

 Тайи ду рӯзи 6 ва 7 май дар Тоҷикистон алакай 4 кӯдак ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуданд, аз ҷумла 3 нафари онҳо дар об ғарқ шуданд. КҲФ мегӯяд, дар 4 моҳи аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай 19 нафар ҷон бохтаанд, аз ҷумла 5 кӯдаки синнашон то 4-сола, 2 кӯдаки синнашон то 10–сола, 2 навраси аз 11 то 16– сола, 6 ҷавони синнашон аз 17 то 35 ва 4 нафари синнашон аз 35 боло. Бо ин се ғарқшудаи дигар дар моҳи май шумори ноболиғони ғарқшуда ба дастикам 12 нафар мерасад.

КҲФ қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 6 май дар пойтахти Тоҷикистон риштаи умри ду кӯдак ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Бино ба иттилои КҲФ, як кӯдак соати 16:20, вақте ғарқ шуд, ки ҳамроҳи дӯстонаш мехост дар кӯли боғи ба номи Фирдавсӣ, ки дар он оббозӣ мамнӯъ аст, оббозӣ кунад. Як кӯдаки ҳафтсола бошад  ҳамон рӯз ҳангоми бозӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст ва ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ҳол натиҷа надодааст.

КҲФ дар ин маргҳои фоҷиавӣ асосан бепарвоии волидонро сабабгори аслӣ мешуморад.

Боз хабари марги кӯдак дар Тоҷикистон, ки сабабгори аслӣ волидонанд. Падару модароне, ки онҳоро беназорат мегузоранд, худро саргарми корҳои дигар мекунанд ва як ҷони ҷавонро аз даст медиҳем. Хонае мотамкада, аммо дигар аз ин доду войю рӯканиву мӯканӣ чӣ суд? Падару модарон! Масъулиятшинос бошед, нагузоред, ки ҷигарбандонатон бармаҳал зери хок шаванд!”,  – навиштааст  КҲФ дар иттилоияи пурэҳсосаш дар бораи марги ду кӯдаки ахир.

Ин ниҳод дигарбора аз волидон даъват кардааст, ки ҳадди ақал бар асоси қонуни масъулияти волидайн ба масъулияти худ дар бобати назорати фарзандон ҷиддан бияндешанд. “Хеле бомасъулият бошед, нагузоред, ки фарзандони шумо аз беназоратӣ дучори фалокатҳо шаванд.

Дар бораи бехатариву амнияти онҳо пайваста бияндешед!” – таъкид кардааст КҲФ.

Ҳалокати боз ду кӯдак дар кишвар. Волидонро ба масъулиятшиносӣ даъват мекунем!!!

Боз хабари марги кӯдак дар Тоҷикистон, ки сабабгори аслӣ волидонанд. Падару модароне, ки онҳоро беназорат мегузоранд, худро саргарми корҳои дигар мекунанд ва як ҷони ҷавонро аз даст медиҳем. Хонае мотамкада, аммо дигар аз ин доду войю рӯканиву мӯканӣ чӣ суд? Падару модарон! Масъулиятшинос бошед, нагузоред, ки ҷигарбандонатон бармаҳал зери хок шаванд!

Чанд рӯз аст, ки пайи ҳам аз марги кӯдакону наврасон хабар медиҳем. Дирӯз, 7-уми май низ ду писари 9-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуданд. Сокинон, онҳое, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса қарор доштанд, якеро наҷот доданд. Вале мутаассифона, мавҷи тӯфонии дарё дар як чашм задан кӯдаки дигарро аз назарҳо ғоиб кард. 

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷойи ҳодиса расиданд ва корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро оғоз намуданд. Вале ин ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд. Имрӯз имдодгарон ба фаъолиятҳои ҷустуҷӯии худ идома медиҳад. 

Ҳодисаи нохуши дигар, ки боз ҳам бар асари бепарвоии волидон рух додааст, дар ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуд. Як писарбачаи 11-солаи сокини деҳаи Тилбон тани танҳо барои ғунучини туршӣ ба кӯҳ рафт. 

Ҳангоми ғунучини ин рустании доруворӣ аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз баландии тақрибан 30-40 метр сарнагун шуд ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд сокинони деҳа ҷасади ӯро пайдо карданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волидон ёдовар мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мсъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”-ро иҷро кунанд.

Хеле бомасъулият бошед, нагузоред, ки фарзандони шумо аз беназоратӣ дучори фалокатҳо шаванд.

Дар бораи бехатариву амнияти онҳо пайваста бияндешед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button