ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАҲҲО КУШТАВУ ЗАХМӢ БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР МАКТАБИ ДУХТАРОНА ДАР КОБУЛ (ВИДЕО)

Рӯзи 8 май бар асари таркиш дар мактаби духтаронаи “Сайид-ул-шуҳадо” дар минтақаи умдатан ҳазоранишини Дашти Барчӣ дар канори Кобул, пойтахти Афғонистон, дастикам 55 нафар кушта ва ҳудуди 150 тани дигар кушта шудаанд. Аксари қурбониёни ин ҳамлаи хунин духтарони толибилм будаанд.

Сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон Тариқ Ориён гуфт, як мошини бомбгузоришударо дар рӯбарӯи мактаби духтаронаи “Сайид-ул-шуҳадо” мунфаҷир кардаанд ва ду бомби дигарро замоне таркондаанд, ки толибилмон бо тарсу ҳавл ва шитобон маҳалли таркишро тарк мекарданд.

Аксҳову видеоҳои нашршуда аз ҷои ҳодиса ҷасадҳои олуда ба хун ва китобҳои паҳну парешоншуда дар саҳнаи мактаби духтаронаро ва дуди ғализеро, ки аз маҳалли таркиш ба ҳаво баланд мешавад, намоиш медиҳанд.

Касе то кунун масъулияти бомбгузории хунин дар минтақаи умдатан ҳазоранишинро ба дӯш нагирифтааст. Ҳазораҳо як ақалияти қавмии Афғонистон аст, ки пайрави мазҳаби шиа мебошанд ва дар солҳои ҷанг дар он кишвар даҳҳо маротиба ҳадафи чунин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.

Ҷунбиши Толибон бо маҳкум кардани ҳамлаи ахир, ки пурқурбонитарин ҳамла дар Кобул дар чанд моҳи охир ба шумор меравад, изҳор дошт, ки ҷангиёнаш дар он даст надоранд.

Вале президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Толибонро ба анҷоми ин ҳамла айбдор кард. Мақомоти Афғонистон иддао мекунанд, ки ҷунбиши Толибон барои соф кардани худ ба гуруҳи нисбат ба он хеле хурдтарин ДОИШ иҷозат медиҳад, ки масъулияти бархе ҳамлаҳоро ба дӯш бигирад.

Ҳамлаи ахир дар ҳоле сурат гирифт, ки музокироти сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон идома дорад ва Амрико ва эътилофи байналмилалӣ ба хуруҷи бахши аъзами нирӯҳои худ аз ин кишвари ҷангзада омодагӣ мегиранд. Хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки баъди рафтани онҳо суботи нисбӣ дар Афғонистон низ метавонад  ба далели заъфи имконоти амниятиву низомии ҳукумати кунунӣ ва дасти кӯтоҳаш барои назорат бар тамоми қаламрави кишвар фурӯ бипошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button