ВидеоҶомеа

АЛЕКСЕЙ РЯЗАНТСЕВРО ДАР ДУШАНБЕ БА ХОК СУПУРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 9 май Алексей Рязантсевро дар Душанбе ба хок супурданд. Ин  корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Эко Ойл” дар маҳаллаи Испечак 2ро дар пайи сӯхтор ва таркиши шоми 1 май бо 75 фоизи бадани сӯхта дар Маркази тиббии №3 бистарӣ карда буданд. Алексей, ки ҳамагӣ 21 сол дошт, як рӯз пеш ҳамчунон ба ҳуш наомада, дар бемористон ҷон дод.

Фаъоли ҷамъиятӣ Зуля Раҳматова, ки барои табобати Алексей Рязантсев пули кумак ҷамъ мекард,  аз маросими дафни ин ҷавон видеои нимсоатиеро дар Фейсбук нашр кард.

Зуля Раҳматова дар зери ин видео навишт: «Имрӯз мо Алексей Рязантсевро ба роҳи охират гусел кардем. Ман Алёшаро намедонистам, ин бачаро боре ҳам надида будам, вале хеле барояш дилам месӯхт ва умед ба мӯъҷиза доштам. Аз ман хоста буданд, ки ба Лёша ёрдам кунем. Аксу видеоеро нишон доданд, ки бе ашк намешуд тамошояш кард. Ба дӯши Лёша дар зиндагӣ имтиҳони зиёде бор шуд, ӯ дар хурдӣ волидонашро аз даст дод ва ятим монд. Бисёриҳо нақл мекарданд, ки Лёша як инсони нек буд. Ман хеле мехостам, ки Лёша ба по бихезад, хеле мехостам ба ӯ қисса кунам, ки мардум чӣ гуна барояш дилсӯзӣ мекард, мардум чӣ гуна барояш дуо мекарду барои табобат пул медод. Мехостам қиссаяш кунам, ки дар мардуми неку савобҷӯе, ки ҳамдарди Лёша буданд,  чӣ қадар зиёданд.  Вале ба Лёша муяссар нашуд, то ин ҳамаро бидонад. Қалби Алексей аз тапидан монд, вале хотироти ин марди накӯкор дар қалби кӯдаконе, ки ӯ наҷот дод, барои ҳамеша хоҳад монд.”

Алексей Рязантсев дар хурдӣ ятим монда буд ва ӯро Ирина Наврузова ба воя расонд. Сокинони Душанбе барои табобати ин ҷавон пул ҷамъ мекарданд, вале риштаи аҷал ба синни ҷавони Алексей раҳм накард.

Дар пайи сӯхтор дар «Эко Ойл» ВКД хабар дод, ки ба зидди молики он Эҳсонҷон Розиқов парванда кушодаанд. Марги кормандаш иттиҳоми зидди ин соҳибкори 33соларо вазнинтар хоҳад кард. Хадамоти оташнишонии ВКД низ хабар дод, ки дар пайи  он сӯхтор санҷиши ҳолати риояи қоидаҳои зидди сӯхтор дар дигар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхтро дар Душанбе ва атрофи он ба роҳ монда, дар дастикам 4 чунин дӯкон ҳолатҳои вайрон шудани меъёрҳои бехатариро ошкор кардааст.

Ёдовар мешавем, шоми 1 май, соати 18:30 нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехколонна, 50) воқеъ аст ва ба соҳибкори 33-сола Эҳсонҷон Розиқов тааллуқ дорад, оташ гирифт. КҲФ гуфт, барои фурӯ нишондани оташ 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии Хадамоти оташнишонии мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино ҷалб шуданд, вале “забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”.

Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда садои таркиш низ шунида мешуд. Эҳтимол мерафт, ки яке аз анборҳои маводи сӯхт таркида бошад. ВКД гуфт, дар сӯхтфурӯшие, ки даргирифт, беш аз 60 тонна сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуд.

Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Мехколонна ҷойгир шудааст.

 “Умед 88” як ширкати замоне пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳабси раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар соли 2017 ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ӯ варшикаста шуд. Худи Одинаевро моҳи марти соли ҷорӣ бо захми меъда аз маҳбас ба бемористони маҳаллаи “1-ум Советский” оварданд, вале ӯ дар аввали моҳи апрел дар рӯи кати беморӣ аз дунё гузашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button