ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНомаҳо ба президентНуқтаи назар

СУПОРИШ ЧУНИН АСТ: АЗ РАҶАБИ МИРЗО ХОСТААНД, КИ ПУЛҲОИ ХАЙРИЯИ ҶАМЪКАРДААШРО БА СУРАТҲИСОБИ КУШОДАИ ҲУКУМАТ ГУЗАРОНАД

Журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо, ки дар раъси як гуруҳи фаъолон барои ҷамъоварии маблағи кумак барои қурбониён ва осебдидагони муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон ташаббус нишон дода буд,  шоми 7 май аз идомаи ҷамъоварии маблағ даст кашид ва аз онҳое, ки алакай пул гузарондаанд, хост, то пули худро пас бигиранд. Раҷаби Мирзо дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки аз ВКД ба ӯ ишора кардаанд, ки “супориш чунин аст” ва бояд ҳамаи пулҳои ҷамъшударо ба суратҳисобе, ки ҳукумат барои кумак ба зарардидагон кушодааст, гузаронад.

ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 май аз кушода шудани суратҳисобҳои махсус тавассути вазорати молия хабар дод ва мардумро ҳушдор дод, ки ба доми қаллобон наафтанд ва маблағи кумаки худро ба ин ҳисоби расмӣ гузаронанд.

Раҷаби Мирзо бо таассуф навишт, ки фикр намекард, ки манзури мақомот ташаббуси онҳо буд.

Ба ҳисоби ӯ, тайи ҳамагӣ ду рӯз онҳо дар Тоҷикистону Русияву Амрико ва гӯшаҳои дигар ҳудудан беш аз 15 ҳазор доллар ҷамъ оварда буданд, ки бояд акнун дар сурати ризоияти мардуми хайркарда ба суратҳисоби вазорати молия гузаронанд ва агар соҳиби пул розӣ набошанд, бояд пулашонро пас бидиҳанд.

Раҷаб Мирзо

” МЕТАВОНЕД МАБЛАҒҲОИ ХУДРО БОЗПАС БИГИРЕД!”

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

Аслан ба маъракаи ҷамъоварии кӯмак ба зарардидагони низоъҳо дар Ворух ворид шудани инҷониб пешниҳод ва дархости ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон буд. Вагарна, ҳамон тавре аз рӯзи аввал гуфтаам, сарукор гирифтан бо маблағро хуш надорам.

Зимнан ҳаводиси ахир ва иттиҳоди мардум дар пеши душмани умумиро мо чунин тасаввур мекардем, ки мақомоти ҳукумат акнун нерӯву самимияти мардумро дид ва аз ин пас шояд дар муносибат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ шеваи дигари ҳамкориро роҳандозӣ мекунад. Шахсан инҷониб барои ин гуна сурат гирифтани корҳо формулаи хос фикр доштам…

Воқеан, маҳз эътимоди мардум буд, ки дар ду рӯз беш аз 21 000 сомонӣ дар корти кушодаамон ворид гардид. Фикр мекунам, ки маъракаи хайрия авҷи бештар дар рӯзҳои ахири моҳи шарифи Рамазон мегирифт. Барои шаффофият ҳар рӯз ду – се маротиба ҳисобот медодем, ки чӣ миқдор маблағ ворид шудааст. Якчанд нафар гуфтанд ба номи ман шахсан тариқи бонкҳо маблағ мефиристанд, то онҳоро ба ин хазина ҳамроҳ намоям. Бо Маркази “Насли навини тоҷикон”(Ню-Йорки Амрико), ки аз бачаҳои ватандӯсти тоҷики муқими ин кишвар иборатанд, мо қаблан сӯҳбатҳое доштем ва иқдоми якҷояро сар кардем. Дертар дар Россия низ гурӯҳҳое фаъол шуданд. Як гурӯҳи бачаҳо ҳудуди 80 000 рубл (Сургут) ва дигарӣ беш аз 100 000 рубл (Маскав) ҷамъ оварданд дар ин рӯзҳо. Дар Амрико ҳам, назар ба нақли бачаҳо, дар ду гурӯҳ ҳудуди 8 000 доллар ҷамъ омад. Соҳибкоре ба мо 50 000 сомонии нақд дод, то ба 10 аскари кушташуда расонем.

Ҳама корҳо мисле, ки хуб буданд. Аммо дирӯз дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабаре паҳн шуд, ки суратҳисоби махсус кушода шудаасту шаҳрвандон бояд маблағҳои худро ба он гузаронанд. Дар ибтидо фикр кардем, ки гап шояд сари қаллобоне меравад, ки аз ин вазъият ҳам суистифода мекунанд ва воқеан аз ин амали нангин бояд пешгирӣ шавад. Аммо субҳи имрӯз ишораҳое ба мо низ шуд, ки бояд маблағҳои ҷамъшударо ба ин суратҳисоби ҳукуматӣ ворид намоем. Ба онҳо фаҳмонидем, ки ин иқдоми шаҳрвандист ва қонунгузорӣ онро манъ накардааст. Ҳамчунин иқдоми мо пеш аз суратҳисоб оғоз ёфт. Мо ҳар дирами воридшударо ҳисобот медиҳем ва омодаем ба суроғаи мушаххас расонем. Ҳамчунин, дар назар доштем, ки бо тамом шудани маъракаи ҷамъоварии маблағ гурӯҳи корие иборат аз шахсиятҳои мӯътабар ва ҳатто кормандони мақомот ташкил намоему тақсимоти маблағҳоро роҳандозӣ кунем. Аммо онҳо мегуфтанд, ки чизеро тағйир дода наметавонанд, чун супориш чунин аст. Дар ҷавоб гуфтам, ки ман низ тасмим гирифта наметавонам. Ин дархости мардум аст ва маблағ ҳам аз онҳо. Пас ман ихтиёрро ба онҳо вомегузорам, агар мехоҳанд маблағҳои худро ба ин суратҳисоб ворид кунанд, агар не – онро бозпас бигиранд.

Воқеан ин барои ман масъулият аст ва қарз пеши Худо!

Зеро ин маблағҳо, ки камтаринаш аз 5 сомонӣ ва калонтаринаш 1500 сомонист (ба ғайр аз 50 000 сомонии нақд) шояд:

– Барои баъзеҳо фитри рӯза;

– Барои бархе закот;

– Барои бархе садақа

ва мисли ин аст.

Аз ҳамин хотир маъракаи ҷамъоварии маблағи хайрияро МАНЪ НАМУДЕМ.

Акнун ҳар кас дар алоҳидагӣ метавонад ин садақаи худро сарфу харҷ намояд.

Маблағҳои воридшударо метавонед аз мо бозпас пурсед, ё розӣ шавед, ки онҳо ба суратҳисоби ҳукуматӣ интиқол ёбанд. Имрӯз бархеҳо аз Россия бозпас гирифтани маблағҳояшонро хостанд. Ин ҳаққи онҳост. Мо метавонем бо ягон пайвандашон ин маблағҳоро бо нишон додани квитансияҳои фиристодаашон ва муқоисаи онҳо бозгардонем. Дигарҳо низ…

Ман ба ҳамаи онҳое, ки ба мо бовар карданд, изҳори миннатдории худро мерасонам. То охири моҳи май, агар касе бозпас гирифтани маблағашро пурсид, бармегардонем, агар не, пас ба хулсоае меоем, ки онҳо розианд, ки ин маблағҳо ба суратҳисоби ҳукумат ворид шаванд.

Воқеан, дар Амрикову Русия низ ба бачаҳо гуфтем, ки худашон интихоб кунанд, ки ба чӣ тартиб кор мебаранд. Аммо яқин маблағи онҳоро мо ба корти худ қабул намекунем. Аз Россия, ки имрӯз 80 000 рубл ба номи ман фиристода буданд, онро дархост кардем, ки бозпас бигиранд. Аз номи ҷамъияти “Ваҳдат” – и Сургут буд. Ба соҳибкоре, ки 50 000 сомонии нақд оварда буд, гуфтем маблағашро бозпас бигирад.

Дар бораи пайомадҳои иҷтимоии ин иқдоми мақомот худатон баҳо диҳед. Оё ин кор чӣ маънӣ дошт ва чӣ хубӣ?

Ман хулосаҳои худро дорам, ки шояд дар матлабе ба он бармегардам.

ҲОЛО БОЗ ҲАМ СИПОС БА БОВАРИЕ, КИ ШАХСАН БА МАН АРЗОНӢ ДОШТЕД. ИНШОАЛЛОҲ ТО ВАҚТЕ ҲАСТАМ, БА ОН ХИЁНАТ НАМЕКУНАМ.

Бо эҳтиром Раҷаб Мирзо

Дар скриншот охирин маблаҳои воридшуда бо нишондоди ҷамъи маблаҳо

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button