Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМуҳоҷирон

СОРБОНИ ВОРУХӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ НИМ МИЛЛИОН СОМОНӢ КУМАК КАРДААСТ

Соҳибкорони зодаи ҷамоати Ворух, ки асосан дар Русия кор мекунанд, барои хонаводаҳои қурбониён ва зарардидагони муноқишаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ба маблағи беш аз 5 миллион рубл кумак фиристодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Исфара, аз номи як гуруҳи соҳибкорон  ба маблағи 1 миллиону 700 ҳазор рубл ва аз Сорбон Савриддинов, муассис ва раҳбари ширкати “Бестфуд” ба таври алоҳида 3,5 миллион рубл, ё 510 ҳазор сомонӣ  кумак расидааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара ба “Азия Плюс” гуфт, 1,7 миллион рубл кумаки гуруҳии соҳибкорони зодаи Ворухро чунин тақсим кардаанд: “Соҳибкорони Ворух аз шаҳрҳои Русия ба 14 хонавода, ки аз ин 10-хонавода дар даргириҳои ахири моҳи апрел пайвандонашон қурбон шуданд ва 4 хонавода, ки наздиконашон дар солҳои пеш кушта шуда буданд, 100 ҳазор рубли русӣ, ба 9 хонаводаи захмишудаҳо шуда аз 20 то 50 ҳазор рубли русӣ кӯмаки молӣ фиристоданд, ки мо онро супоридем”.

510 ҳазор сомонии фиристодаи Сорбон Савриддиновро низ, ба гуфтаи Зубайдулло Шомадов,  дар байни оилаҳои кушташудаҳо ва захмиён тақсим кардаанд: “Аз ин маблағ ба хонаводаи ҳар 19 нафар қурбонӣ  15 ҳазор сомонӣ, ба 33 хонаводаи захмишудаҳо 5 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 6 нафар, ки дар ҳолати вазнини захмиву бистарӣ ҳастанд 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкор  Сорбон Савриддинов фиристода шудааст”. 

Падару писар Абдуҷалил ва Сорбон Савриддиновҳо соҳибкорони шинохтаи зодаи Ворух мебошанд, ки асосан ба тиҷорати меваи хушк машғуланд. Сорбон Савриддинов дар Маскав ширкати “Бестфуд”-ро мечархонад, ки ба навиштаи “Спутник”, гардиши солонаи молу колоаш аз марзи як миллиард рубл мегузарад.

Моҳи апрел дар ҷараёни сафари кории президент ба ҷамоати Ворух, Савриддиновҳо дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон  дар зодгоҳашон маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин маркази фароғат, ки бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ  дар майдони 2 гектар замин бунёд ёфтаааст, аз майдончаҳои варзишии замонавии кушодаю болопӯшида, 2 ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон, ҳамчунин 3 суҳбаткада ва боғи истироҳатӣ бо атраксионҳо, меҳмонхона барои 15 нафар, ошхона ва нуқтаи  шустушӯи воситаҳои нақлиёт  иборат буда, дар он бояд то 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд.

Гуфта мешуд, ки Савриддиновҳо барои Маркази “Ширин” аз масофаи 2 километр хатти об кашидаанд.

Дар ҷараёни муноқишаҳои поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дастикам 53 нафар кушта ва 236 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Тоҷикистон ҳалокати 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 касро расман тасдиқ кардааст. Ахиран ба хонаводаҳои ҳар кадом аз кушташудаҳо аз ҷониби ҳукумат 70 ҳазор сомонӣ ва ба захмиён аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд.

Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара   09.04.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button