Дин ва боварҳоФарҳанг

ШАБИ ҚАДР АСТУ ҚАДРИ ҲАМ ШИНОСЕМ…

Шаби Қадр асту қадри ҳам шиносем,

Ҷалоли Ҳазрати Одам шиносем.

Қиёмат мекунад чашми тари ишқ,

Таби хуршед дар шабнам шиносем.

Абдуллоҳи Раҳнамо

ШАБИ ҚАДР АСТУ ҚАДРИ ҲАМ ШИНОСЕМ…

Шаби Қадр асту бедорӣ муборак,

Вафодорон, вафодорӣ муборак.

Барои ошиқи шабзиндадораш,

Висоли Ҳазрати Борӣ муборак.

Шаби Қадр асту ман бедорам имшаб,

Гули умед бар дасторам имшаб.

Агар бо гӯшаи чашме навозад,

Дилу ҷон бар кафаш бигзорам имшаб.

Шаби Қадр асту қадри ҳам шиносем,

Ҷалоли Ҳазрати Одам шиносем.

Қиёмат мекунад чашми тари ишқ,

Таби хуршед дар шабнам шиносем.

Шаби қадр асту мо шабзиндадорем,

Азизу ҳамнишину ҳамтаборем.

Чи хуш гуфт он ҳакими розпарвар,

«Ки мо парвардаи як навбаҳорем».

Шаби Қадру шаби оғози Қуръон,

Дили озодагон ҳамрози Қуръон.

Замири тираро созад мунаввар,

Ҳамин кофист аз эъҷози Қуръон.

Шаби Қадр асту идрокаш бузург аст,

Мақоми ояти покаш бузург аст.

Биё, қадри Ватанро пос дорем,

Ки кӯҳаш сангару хокаш бузург аст.

Шаби Қадр асту ман дар эътикофам,

Ба даври каъбаи дил дар тавофам.

Биҳишти Хоҷамастон – Кӯҳи Тӯрам,

Абаркӯҳи Бадахшон – Кӯҳи Қофам!

Шаби Қадр асту файзи осмонӣ,

Биё дарёб қадри зиндагонӣ.

Шавад ҳар шом шоми дӯстдорӣ,

Шавад ҳар рӯз рӯзи меҳрубонӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button