ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 8 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 8 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ: 15 ХОНА ВА 100 ГЕКТАР ЗАМИН ЗЕРИ ХОК ФУРӮ РАФТ

СУПОРИШ ЧУНИН АСТ: АЗ РАҶАБИ МИРЗО ХОСТААНД, КИ ПУЛҲОИ ХАЙРИЯИ ҶАМЪКАРДААШРО БА СУРАТҲИСОБИ КУШОДАИ ҲУКУМАТ ГУЗАРОНАД

22 ВА 12 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДУ НАВРАС БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ РОНАНДАИ “ТИКО”

ДУ КОРМАНДИ КОМИССАРИАТРО БАРОИ ФУРӮХТАНИ БИЛЕТИ ҲАРБӢ ҶАРИМА БАСТАНД

ДАРГУЗАШТИ АЛЕКСЕЙ РЯЗАНТСЕВ, ЯКЕ АЗ ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОР ДАР  “ЭКО ОЙЛ”

ҒОРАТГАРӢ ДАР ЁВА ВА ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ СКУТЕР ДАР ПОЙТАХТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ дар пайи боришоти ахири рӯзҳои гузашиа як қисмати бузурги замин фурӯ рафта, 15 хона ва ҳудуди 100 гектар замини киштро ба коми худ кашидааст. Бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар байни сокинон ё маргумири чорвои хурду калон сабт нашудааст, вале бинои ба иттилои КҲФ, бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш ва марги одамон дар мавриди интиқоли 167 хоҷагӣ ба маконҳои амн қарор қабул шуд.  Дар айни замон дуртар аз маҳалли додиса як шаҳраки хайманишинон сохта шуда, зарардидагон бо се вақт ғизо ва оби нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.”

Барои рафъи оқибатҳои офатҳои ахири табиӣ таҳти раҳбарии муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил шуда, ин ситод рӯзи 8 май бо иштироки раиси КҲФ генерал Рустам Назарзода, мудири Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, муовини раиси Кумитаи замин, намояндагони сарраёсати геология, Пажуҳишгоҳи зилзиланигории Академияи миллии илмҳо ва Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии “Фазо” дар ноҳияи Ҷомӣ ташкили ҷаласа кардааст.

Дар ин ҷаласа қарор қабул кардаанд, ки  барои бунёди як шаҳрак барои сокинони осебдида дар минтақаи бехатар замин ҷудо карда шавад.

Аз 4 то 6 май дар Тоҷикистон боришоти шадид мушоҳида шуд, ки дар бисёр минтақаҳо ба селу обхезӣ, рехтани пораҳои кӯҳ ва дар ноҳияи Ҷомӣ бо фурӯравии замин мунҷар шуд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки дар натиҷаи боришоти шадид дар ҳудуди вилояти Хатлон ва атрофи шаҳри Турсунзода сел омадааст.

АКСУ ВИДЕОҲОИ БЕШТАР АЗ ҶОИ ҲОДИСА ИНҶОСТ:

ххххххх

Журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо, ки дар раъси як гуруҳи фаъолон барои ҷамъоварии маблағи кумак барои қурбониён ва осебдидагони муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон ташаббус нишон дода буд,  шоми 7 май аз идомаи ҷамъоварии маблағ даст кашид ва аз онҳое, ки алакай пул гузарондаанд, хост, то пули худро пас бигиранд. Раҷаби Мирзо дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки аз ВКД ба ӯ ишора кардаанд, ки “супориш чунин аст” ва бояд ҳамаи пулҳои ҷамъшударо ба суратҳисобе, ки ҳукумат барои кумак ба зарардидагон кушодааст, гузаронад.

ВКД Тоҷикистон рӯзи 6 май аз кушода шудани суратҳисобҳои махсус тавассути вазорати молия хабар дод ва мардумро ҳушдор дод, ки ба доми қаллобон наафтанд ва маблағи кумаки худро ба ин ҳисоби расмӣ гузаронанд.

Раҷаби Мирзо бо таассуф навишт,  фикр намекард, ки манзури мақомот ташаббуси онҳо ҳам буд.

Ба ҳисоби ӯ, тайи ҳамагӣ ду рӯз онҳо дар Тоҷикистону Русияву Амрико ва гӯшаҳои дигар ҳудудан беш аз 15 ҳазор доллар ҷамъ оварда буданд, ки бояд акнун дар сурати ризоияти мардуми хайркарда ба суратҳисоби вазорати молия гузаронанд ва агар соҳиби пул розӣ набошанд, бояд пулашонро пас бидиҳанд.

ххххххххххх

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду сокини навраси Турсунзода дар одамкушӣ бо бераҳмии махсус, роҳзанӣ ва рабудани мошини Маҳмадраҷаб Шукуров, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Бозорови ҷамоати Сешанбе гунаҳкор шинохт.  Аъзамҷон Зиёдуллоев, сокини деҳаи Бақоии ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода  ба 22 соли зиндон ва ноболиғ Раҳматов Ҳ.Х.,  ба 12 соли зиндон маҳкум  шуданд. Даҳшати ин ҳодисаи одамкушӣ дар он аст, ки ҳангоми куштани ронандаи “Тико” Зиёдуллоев ҳамагӣ 18 сол дошт ва Раҳматов аз ӯ ҳам камтар – ҳамагӣ 17 сол дошта, ҳанӯз хонандаи синфи 11 буд. Ноболиғ буданаш сабаб шуд, ки Раҳматов бо ҳамагӣ 12 соли зиндон – ҳукми ҳадди аксар барои ҷинояткорони ноболиғ дар Тоҷикистон халос шавад…

Маркази матбуои додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Зиёдуллоев А.А., ҳамчун ташкилкунандаи ҷиноят бо рафиқи ноболиғаш Раҳматов Х.Ҳ. ба сабаби аз шиносҳояшон пули зиёд қарздор шудан, маслиҳат мекунанд, ки ягон ронандаи таксиро кушта, пулашро бигиранд. Онҳо ба ин мақсад шаби 9  декабри соли 2020, дар истгоҳи тарабхонаи “Муждаи Васл” дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода Маҳмадраҷаб Шукуровро, ки бо мошини “Тико” мусофиркашӣ мекард, ба маблағи 50 сомонӣ киро карда, аз ӯ хостаанд, ки онҳоро то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон, ки ба назарашон, ҷойи хилват ва барои куштор қулай буд, бурда расонад.

Дар роҳ Зиёдуллоев аз ронанда хоҳиш мекунад, ки мошинро ба самти деҳаи С.Раҷабов гардонад. Баъди тақрибан 200-300 метр, дар як ҷои торик онҳо  мошинро манъ мекунанд ва “ Зиёдуллоев А.А., ки дар паси ронанда нишаста буд, якбора ҳучум карда, ба гардани ӯ симро андохта сахт кашида буғӣ кардааст. Ронанда бо дастонаш кӯшиши аз сим халос шуданро мекунад, вале Раҳматов Х.Ҳ. бо корд ба cap ва гардани Шукуров М.М. 17 зарба задаааст.   Зиёдуллоев А.А., ки содиркунии ин ҷиноятро роҳбарӣ мекард, мебинад, ки Шукуров М.М. аз буғӣ кардан ва зарбаҳои бо корд задаашон ба ҳалокат нарасидааст, ба Раҳматов Х.Ҳ. супориш додааст, ки гардани Шукуров М.М.-ро бо корди дар дасташ буда буррад, аммо Раҳматов Х.Ҳ ин корро ба анҷом расонида наметавонад. Пасон, Зиёдуллоев А.А. бо бераҳмии махсус кордро аз дасти Раҳматов Х.Ҳ. гирифта, як зарбаи нишонрас ба хирной, сурхрӯда ва рагҳои гардани Шукуров М.М. зада, ӯро ба ҳалокат мерасонад…”, -чунин қисса кардааст маркази матбуоти Додситонии кулл лаҳзаи куштани ронандаи “Тико” аз ҷониби ин ду наврасро.

Баъди куштани Маҳмадраҷаб Шукуров, Зиёдуллоев ва Раҳматов ҷайбҳои ӯро чандин бор тагу рӯ мекунанд, вале ҳамагӣ 237 сомонӣ ва як телефони тамғаи “Самсунг”, арзишаш 3000 сомонӣ пайдо мекунанду халос.

ххххххххххххххх

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ронандаи комиссариати ҳарбии ноҳияи И.Сомонии пойтахт Илҳомҷон Одилов ва мудири зершуъбаи молияи комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино Сайидо Мирумадовро бо ҷурми омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ дар қаллобӣ (моддаи 247) ва сохтакории хидматӣ (моддаи 323) гунаҳкор шинохт ва ҳар кадоми онҳоро ба маблағи 11 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Илҳомҷон Одилов ҳамагӣ як моҳ – аз 18.07 то 27.08 соли 2020  – ҳамчун ронандаи комиссари Комиссариати  ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст. Дар аввалҳои моҳи августи соли 2020 масъули зершуъбаи сафарбарии ин идора Дилшод Назаров аз ӯ хостааст, ки барои писари апааш Парвиз Самиев, сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт билети ҳарбии ноқобил тайёр карда диҳад.

Илҳомҷон Одилов рӯзи 8 августи соли 2020 дар бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи И.Сомонӣ аз Назаров 3500 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 500 сомониашро худаш мегирад ва 3 ҳазор сомонии боқимондаро рӯзи 18 август дар нади бинои МБТИ пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Н.Қаробоев, ба мудири зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино Сайидо Мирумадов додааст.

“Мирумадов С.Қ. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони масъули Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ба тафтишот номаълум мебошад, сохтакорона ба номи Самиев П.Ф. бидуни гузаштан аз комиссияи тиббии даъватӣ шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ таҳти силсиларақами ҶТ №0062828 аз 27.08 соли 2020 омада карда, 28 августи соли 2020 ба Одилов И.А. дастрас кардааст. Одилов И.А. бошад, аз рӯи маслиҳати пешакӣ намудаашон бо Назаров Д.Б. амал карда, баъди гирифтани ин шаҳодтнома дар ҳамон мавзеъ, яъне дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе онро ба Назаров Д.Б. шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбиро пешниҳод кард. Ҳамин тавр, Одилов И.А., Мирумадов С.Қ. ва дигар шариконаш бо ин кирдори содирнамудаашон ба Атабаев В.М. зарари ҷиддии моддӣ расониданд”, – қисса кардааст тафсилоти ин қазияро раиси додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Ҳотам Раҷабзода.

Комиссариатҳои ҳарбӣ яке аз ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Тақрибан ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин корманди комиссариатҳои ҳарбӣ бо ҷурми ғайриқонунӣ фурӯхтани билетҳои ҳарбии қалбакӣ ваё гирифтани пора дар ивази аз хидмати ҳарбӣ озод кардани даъватшавандагон хабарҳо ба даст мерасанд.

ххххххх

Андрей Рязантсев, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Эко Ойл” дар маҳаллаи Испечаки 2, ки бар асари сӯхтор ва таркиши шоми 1 май дар ҷои кораш 75 фоизи баданаш сӯхта буд, дар Маркази тиббии №3 аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт.

Дар бораи марги Алексей Рязантсев дар Фейсбук фаъоли ҷамъиятӣ Зуля Раҳматова, ки барои табобати ӯ пули кумак ҷамъ мекард, хабар дод. «Не стало Алексея Рязанцева. Покойся с миром. Светлая память тебе добрый парень.  Худо рахмат кунад чояшон Чаннат шавад Омин», – навиштааст Зуля Раҳматова дар гуруҳи «Мо- Тоҷикистонием!».

 Алексей Рязантсев дар хурдӣ ятим монда буд. Сокинони Душанбе барои табобати ин ҷавон пул ҷамъ мекарданд, вале риштаи аҷал ба синни ҷавони Алексей раҳм накард.

Дар пайи сӯхтор дар «Эко Ойл» ВКД хабар дод, ки ба зидди молики он Эҳсонҷон Розиқов парванда кушодаанд. Ёдовар мешавем, шоми 1 май, соати 18:30 нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехколонна, 50) воқеъ аст ва ба соҳибкори 33-сола Эҳсонҷон Розиқов тааллуқ дорад, оташ гирифт. КҲФ гуфт, барои фурӯ нишондани оташ 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии Хадамоти оташнишонии мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино ҷалб шуданд, вале “забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”.

Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда садои таркиш низ шунида мешуд. Эҳтимол мерафт, ки яке аз анборҳои маводи сӯхт таркида бошад. ВКД гуфт, дар сӯхтфурӯшие, ки даргирифт, беш аз 60 тонна сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуд.

Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Мехколонна ҷойгир шудааст.

 “Умед 88” як ширкати замоне пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳабси раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар соли 2017 ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ӯ варшикаста шуд. Худи Одинаевро моҳи марти соли ҷорӣ бо захми меъда аз маҳбас ба бемористони маҳаллаи “1-ум Советский” оварданд, вале ӯ дар аввали моҳи апрел дар рӯи кати беморӣ аз дунё гузашт.

хххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Сокини 45-солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ғоратгарӣ, дастгир  шудааст. ВКД гуфт, ки ин мард субҳи 6 май, соати 08:00, дар кӯчаи А.Насриддинови ҷамоати Ёва бо марди 27-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷанҷол карда, бо зӯрӣ аз ҷайбаш 6 450-сомониро кашида гирифтаааст. Нисбат ба гумонбар бар асоси қисми дуюми моддаи 248 КҶ ҶТ парванда кушодаанд. Ба ӯ барои ғоратгарӣ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шоми 6 май, тахминан соати 19:50, ронандаи скутер, Назаров Зоҳир, с.т. 1972, сокини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи НФС ҶДММ “Ғайрат” ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Хова”, таҳти идораи Негматов Аминҷон, с.т. 1994, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи скутер Назаров З.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Рӯзи 16 май, соати 9 дар ноҳияи Ховалинг мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гуштини миллӣ доир мешавад. ВКД хабар дод, ки ин сабқати гуштин бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ  баргузор мегардад ва ҳамаи хоҳишмандон ва варзишгарон метавонанд дар ин мусобиқа иштирок кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button