ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

РӮЗШУМОРИ ҶАНГИ ИСФАРА СОАТ БА СОАТ: РЕПОРТАЖИ ФАРЗОН МУҲАММАДӢ АЗ МАЙДОНИ ҶАНГ (ВИДЕО)

Муноқишаи ахир дар Исфара як хайли журналистони боҷасорати тоҷикро низ ба мо муаррифӣ кард, ки тақрибан аз рӯзи аввал дар маҳалли даргириҳо қарор доштанд ва ҳар рӯз, балки ҳар соат аз нуқтаҳои доғ ба мардум хабару гузоришҳои доғ медоданд.

Яке аз онҳое, ки дар ин рӯзҳои муноқишаи марзӣ боз ҳам беҳтар намо кард ва мо ҳам боз ҳам хубтар шинохтемаш, хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзон Муҳаммадӣ буд. Фарзон дар пайи як силсила гузоришҳои пурқиматаш аз маҳалли муноқиша, ки ҳар рӯз мехондем, инак ба Хуҷанд баргашта ва рӯзшумор ё ба истилоҳи инглисӣ таймлайни ҳодисаҳо марзи Исфараву Бодкандро омода кардааст, ки дар он ҷараёни ҳодисот ва ончӣ ки аз сари ӯву хабарнигорони дигар дар Исфара мегузашт,  соат ба соат тасвир шудааст. Матлабест дар воқеъ хеле хонданӣ мисли он як гузориши дигари видеоияш дар бораи хонаҳои дар рӯзҳои муноқишаи марзӣ ба коми оташ рафтаи мардум, ки дар идомаи таймлайн тақдим мешавад.

Зодрӯз муборак, Фарзон Муҳаммадӣ, Журналисти ҷавон, вале хеле умедбахши мо!

Фарзон Машарипов

ТАЙМЛАЙН АЗ “МИНТАҚАИ ДОҒ”

(Шарҳи кутоҳи сафарнома бо хоҳиши дӯстон)

Зуҳри 29-апрел, бо шурӯъи муноқишаи шадиди марзӣ ману ҳамкасбам Ҳалимҷон Ҷӯраев, хабарнигори Оҷонсии иттилоооти Азия-Плюс роҳ сӯи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, аслитарин майдони таниш гирифтем.

Соати 14 ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара расидем. Дар муддати каме бештар аз 1 соат шоҳиди интиқоли тақрибан 15 захмӣ аз “минтақаи доғ” шудем. Нақлиёти ёрии таъҷилӣ бетанаффус равуо мекунад. Ҳама табибон андармони захмиҳо. Сокинон дар назди беморхона зиёд мешаванд ва ҳама дар тарсу изтироб. Ба телефонҳо зангҳои беист. Ҳама аз Хоҷаи Аълову деҳаи Сомониён мепурсаду мегӯяд. Лаҳза ба лаҳза хабарҳои нав аз хисороти молию ҷонӣ.

Соати 15. Мо ҳанӯз ҳам дар беморхона. Миш миш аз чапу рост. “Пули деҳаи Чорқишлоқро таркондаанд”. Роҳи асосии маркази шаҳр ба Чоркуҳро бастаанд. Мо бо чапраҳаи пур аз гарду ғубор ба наздикии пул расидем. Ин ҳамон ҷоест, як дидбонгоҳи сарҳадии ҷониби Қирғизистон мустақар аст ва як тонк дар наздикии он ҳаст. Дар болои пул осори задани гулӯла ба мушоҳида мерасад ва қисме аз панҷарааш шикастааст. Вале тахриб нашуда. Нақлиётҳо аз болояш бо ҳарос мегузаранд.

Соати 15:30. Ба маркази ҷамоати Чоркуҳ равон шудем. Дар роҳ, мавзеъҳои кушоди деҳаҳои ҷамоати Сурх шоҳиди гулулапартоии тонкҳо мешавем. Нақлиёти Мо ҳам қариб зери чархи оҳании тонк монда буд. Дар мо каме ҳисси тарс пайдо мешавад. Ҳама дар давутоз. Мардону занон ба кӯчаҳо баромадаанд. Мошинҳои низомӣ зуд зуд аз марказ ба ҷониби деҳаҳои даргир мегузаранд.

Пас аз лаҳзае ба деҳаи Сомониён наздик шудем.

Садои тиру тӯп беист давом мекунад ва ронандаи нақлиёте ҷуръат намекунад ба сӯи деҳаи Хоҷаи Аъло равад.

Соати 16. Пиёда ба роҳи асосии Хоҷаи Аъло баромадем. Дар наздикии гузаргоҳи Майский, ки ба гуфтаи сокинон маҳалли зисти қирғизтаборҳо

будааст, сарбозон бо силоҳ камин гирифтаанд. Мо ду нафар ҷангнадида гӯё ҳеҷчиз набошад ба пеш равонем. Гоҳ гоҳ ба гушамон садои шувоси тир мерасад вале дарк намекунем, ки ин чист. Низомие аз дур садо мекунад, хам шавед шуморо ҳадафи тир қарор додаанд. Ва мо дарҳол ба паси мошинҳо паноҳ мебарем. Деҳаҳои тоҷикнишин дар ҳамворист ва талу теппаҳо дар ихтиёри қирғизҳо будааст. Низомиён мегӯянд, аз рӯи мавқеъ ҳар нафаре дар ҷойи кушод аст, шояд ҳадафи тир қарор гирад.

Соати 17. Мо ҳанӯз ҳам дар пушти нақлиёте паноҳ бурдаем. Низомиёну табибон бе таваққуф ба сӯи деҳаи даргир равуо мекунанд. Дар чанде аз нақлиёти ёрии таъҷили осори тир намудор мешавад. Ҷониби мо каме оромтар шуд. Мо ба пеш равон шудем. Ба назди хонаҳое расидем, ки оташ мегирифтанд ва нафаре парчами Тоҷикистонро баланд кард. Дар воқеъ намедонем дар ҳудуди кадом кишвар қарор дорем, вале роҳ ба сӯи Хоҷаи Аъло аст. Онҷо хонаҳо ва деҳаҳои ду кишвар дар дохили ҳамдигар ва яке паси дигаре ҷойгир шудааст.

Соати 17: 30. Хостем бо сокиноне ки парчами тоҷикистонро дар панҷараи хонае баланд карданд сӯҳбат кунем ва навору акс гирем. Акси аввал ва садои тирпаронӣ аз чархбол. Мо ҳама худро ба дохили ҷуйбор ва ба зери дарахтон партофтем. Чархбол беист тирҳояшро ҳаво медод ва мо ҷон рӯи каф ҳастем. Шукр нафаре аз мо захмӣ нашуд, вале дар вуҷудамон захми тарсро гузошт. Намедонем ба пеш ё қафо равем. Дар ҷое шах мондаем.

Соати 18. Аз хайли одамони зиёд, ки ҳама низомӣ ва мардони бо силоҳ ба минтақаи даргир омада буданд, занеро бо куртаву руймоли тоҷикӣ дидам. Вай ба Хоҷаи Аъло мерафт, аммо низомиён аз тарси онки шояд тири дайду расад ӯро ба пеш рафтан намегузоштанд. Хостам бо навор гирам ва сӯҳбат кунам, вале ба сабаби онки шавҳараш сарзаниш мекунад розӣ нашуд. Танҳо бидуни сабт чаро инҷо қарор гирифтанашро нақл кард:

“Ман субҳ ба бозори шаҳр рафта будам ва аз нисфирӯзӣ ба ин сӯ дар роҳ дармондаам. Дар хонаам набераҳою фарзандонам танҳоянд ва агар наравам хеле нигарон мешаванд. Ман аз тиру тӯп наметарсам ва дар инҷо ба ин муноқишаҳо одат кардаам”.

Ин нақли ӯ дар ҳолест, ки дуду чанг аз деҳаи Хоҷаи Аъло намудор мешаванд ва чархболҳо дар фазои деҳу атрофи он парвоз мекунанд.

Соати 19. Шом ва вақти ифтор наздик мешавад. Вале садо тиру гулула давом дорад. Мо дигар пеш рафта натонистем ва қарор шуд ба маркази ҷамоат баргардем. Вале бо ин вуҷуд аллакай суҳбату наворҳо бо афсарону табибону захмгирифтагон доштем.

Соати 19:30. Дар ҷамоати Чоркуҳ меҳмонхона нест ва қароргоҳи мо масҷид шуд. Баъди шом садои тиру тӯп паст гардид ва ба тадриҷ гум шуд.

Нимашаби рӯзи 29 ба 30-уми апрел созишнома байни музокиракунандагон ба имзо расид.

Рӯзи 30-уми апрел. Ҳарчанд дар минтақаҳои марзии ҷамоати Чоркуҳ садои тиру тӯп шунида намешавад, вале занону кӯдакон даста даста ба ҷойи амн мераванд.

То нисфирӯзии рӯзи 30-уми апрел роҳ ба сӯи Хоҷаи Аъло ва Ворух амалан боз аст, вале аҳён аҳёнан равуо мошинҳоро мебинем низомиёну табибон гоҳ гоҳ намудор мешаванд. Билохира ба деҳаи Хоҷаи Аъло рафтем ва шоҳиди зиёни молию ҷонии сокинону низомиён шудем.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон омори кушташудагонро намегуфт, вале баъди намози ҷумъа шоҳиди панҷ ҷаноза шудем. То вақти шом шумори ҷанозаҳо ба даҳ наздик шуд. Деҳа ба деҳа, хона ба хона шахсияти кушташудагонро ошкор кардем. Хеле душвор буд.

Субҳи якуми май дубора дар атрофи Чоркуҳ садои тир чанд дафъа баланд шуд. Сокинон боз ба такопӯ афтоданд. Ҳаракати мошинҳои низомӣ дубора аз марказ ба сӯйи Хоҷаи Аъло мерафтанд. Ҳарчанд вазъ мисли ду рӯзи пеш ваҳим набуд аммо ҳама аз шурӯи муноқишаи дигар хабар медоданд.

Нисфирӯзӣ ба мо як бонуи дигари рӯзноманигор пайваст шуд ва роҳ сӯи хонаҳои зарардидаи деҳаи Сомониён гирифтем. Деҳае тақрибан 300 хонавода зиндагӣ мекунанд ва ду рӯз буд барқ надоштанд. Вале ба наздикии хонаҳои зарардида рафта нашуд. Низомиён нагузоштанд. Гуфтанд вазъ дубора ноором аст ва касе амнияти шуморо ба дӯш намегирад.

Соат ба 13 наздик мешавад ва мо саргарми суҳбату сабти наворҳо бо сокинон. Ногаҳон садои тирпаронӣ шурӯъ шуд ва моро сокинон бо чапраҳа гурезонданд. Роҳи душворгузару ноҳамвор моро ба наздикии Хоҷаи Аъло овард. Зоҳиран онҷо ором буд. Баъди борони шадиди ногаҳонӣ соати 17 дар “минтақаи доғ” хабари бастани созишномаи сулҳро дубора шунидем. Ҳамон созишномае, ки пас аз он дар минтақаи марзии Исфара садои тирро нашунидем.

Рӯзҳои 2 ва 3-уми аз минтақаҳои даргир то Ворух бе монеа рафтем ва садҳо аксу навор аз хисороти молию ҷонӣ гирифтем.

Рӯзи дигар ба ҷамоатҳои марзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтем, ки онҷо низ бегоҳии рӯзи 29-уми апрел шоҳиди даргириҳо шудааст.

Тасдиқи ин сафари ман бо нашри видеогузоришҳо дар сомонае хабарие, ки дар он кор мекунам Радиои Озодӣ мунташир шудаанд ва инҷо лаҳзаҳоеро навиштаам, ки дар таҷрибаи хабарнигориам аввалин маротиба буд. Дучори чанд монеаҳо аз сӯйи сокинону масъулон низ будем, ки бар болои сӯхта намакобро мемонд.

Ташкил нашудани ситод барои инъикоси ҳодиса ва дастрас нашудани маълумоти расмии саривақт аз мушкилии аслӣ буд, ки ҷомеаи рӯзноманигории тоҷикро дар қафо мондани иттилоърасонӣ фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ танқид карданд.

Лутфан дуруст дарк кунед, ки он шабу рӯз чизе тавонистем кардем, то иттилоъ аз ҷониби минтақаҳои даргири Тоҷикистон низ сареъ бирасад.

Ташаккур ба ҳамкасбону дӯстоне, ки аз ҳама гӯшаи Тоҷикистон ва ҷаҳон лаҳза ба лаҳза занг мезаданду дар паёмакҳо ҳолпурсӣ мекарданд. Ташаккур ба мардуми нотарсу заҳматкашидаи марзитарин минтақа Тоҷикистон, ки кори моро лаҳза ба лаҳза қадр мекарданд.

Фарзон Муҳаммадӣ. О7.05 2021.

Хуҷанд

Акс аз видеои сабтшуда дар назди Дарғот ё маркази обтақсимкунии маъруф ба Головной гирифта шудааст!

Гузаре ба кӯчаҳои харобшудаи Чоркӯҳ пас аз низоъ. ВИДЕО


Деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 29-уми апрел макони аслии даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон буд.

Дар муноқиша дар марзи ду кишвар аз ҳарду ҷониб беш аз 50 нафар ҳалок шуд ва зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ гаштанд. Даҳҳо манзили зист аз ҳарду ҷониб хароб шуданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба ҷамоати Чоркӯҳ сафар кард ва бо сокинон суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Хабари хароб шудани хонаашро дар Русия шунид

Сокинон мегӯянд, рӯзи муноқиша бештар аз 5 ҳавлӣ тахриб шуданд. Хонаи Зиёвиддин Аъзамови муҳоҷир низ яке аз онҳост. Ӯ хабари хароб шудани манзили зисташро дар Русия шунид.

Ҳисомиддин Аъзамов, бародари ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣгуфт, ки бародараш бо заҳмати панҷсола дар Русия чор манзили таҳхонадор сохт, вале дар як шаб ҳама ба коми оташ рафт.

“Ба ҳеҷ чиз не, ба китоби қуръонаш дилам месӯзад, ки сӯхтанд. Тамоми чизҳояш буд. Бачаҳои қирғиз омада ба воситаи бензин алов сар додаанд”,–гуфт ӯ.

Дар ин ҳавлӣ шаш нафар зиндагӣ мекарданд, ки аксаран занону кӯдакон ҳастанд. Дар авҷи муноқиша бо кӯмаки мақомот ба ҷойҳои амн интиқол ёфта буданд.

“Чӣ бадие ба бародарони меҳрубони қирғиз кардаам?”

Саодат Файёзова, сокини Хоҷаи Аъло гуфт, ки вақти оташ задани манзили зисташ дар хона касе набуд.“Ягон ҷиҳозро нагирифта ва фақат як сару либос доштем. Бо кӯдакони хурд гурехта рафтанд. Дар хона ҳеҷкас набуд ва хона бесаробон гуфта, омада сӯхтор карданд. Ҳоло модарам дар шаҳри Исфара ҳастанд ва шароиту пул надоранд”,–гуфт ӯ.

Низом Шамсидинов, сокини Хоҷаи Аъло гуфт, ҳеҷ бадие ба касе накарда буд ва ҳайрон аст, ки чаро хонаи ӯро оташ задаанд.

Ӯ гуфт: “Як бор рафта хонаамро бинед. Ман чӣ бадие ба бародарони меҳрубони қирғиз кардаам, ки 11 дар хонаамро вайрон кардаанд”.

Низом Шамсиддинови 65 сола, нафақат дар ин ҳодиса манзилашро аз даст дод, балки ҳосили чандсолаи деҳқониаш низ ба коми оташ рафт.

Ӯ гуфт, ки панҷ тонна гандум, даҳ тонна шолӣ ва ду сола захираи зардолуи хушкаш низ нобуд шудааст.

Эҳсон садои харобкоронро шинохт

Эҳсон Салимов, сокини дигари Хоҷаи Аъло лаҳзаи оташ гирифтани хонаашро бо садои қирғизтаборони ҳамсояаш дар видеое аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидааст. Дар ин видео нафаре бо забони қирғизӣ мегӯяд, ки маҳаллаҳои тоҷиконро вайрон карданд.Ӯ бо нишон додани навор аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо гуфт: “Ин ҳамон маҳаллае аст, ки дар навор нишон дода шудааст ва ҳоло сӯхта хокистар шудааст. Ҳамин хона хонаи мо аст ва мо ҳамроҳи падарам зиндагӣ мекунем. Ман оиладор, соҳиби се фарзанд, падарам, модарам ва додарам бо ҳам зиндагӣ мекунем”.

Дар ҳамин ҳол сокинони деҳаи дигари марзӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, хисороти бошандагони деҳаи Сомониён бештар аз Хоҷаи Аъло аст. Шариф Назаров, сокини ин деҳа замоне, ки хонааш месӯхт, дар ҷойи кораш, посбонии мактаб қарор дошт ва зану фарзандонаш аз тарси овозаи ҷанг хонаро тарк карда буданд.

Ӯ ба мо зиёни расида аз сӯхторро нишон дод: “Телевизор, ҷевон ва дигар чизу чораҳоям сӯхта тамом шудаанд. Рӯзи 29-ум, тахминан соати 4 буд, ки ҷанг сар шуд ва ҳамсояҳои қирғиз хонаву мошини моро алов сар доданд. Агар мо наздик мешудем, моро мекуштанд, барои ҳамин мо наздик омада оташро хомӯш карда натавонистем. Бо се фарзанду занам ҳаминҷо зиндагӣ мекунем ва ҳоло онҳо дар хонаи хешу таборанд. Ман дигар чизу чора надорам ва худам ҳам дар ҳамин гӯшаи ватанам, ҳеҷ ҷо нарафта зиндагӣ мекунам.”​

“Бародарам тир хӯрд

Оқил Тоҷиев, сокини дигари зарардида аз деҳаи Сомониён нақл кард, ки аввал оғилҳояшонро оташ заданд. Ӯ гуфт, вақте сокинон барои хомуш кардани оташ омаданд, ки тирборон шуданд.

“Додарам ҳам омад, ки тир хӯрд. Хонаи додару бародарам низ вайрон шуд. Мо дигар ҷой надорем умуман. Молҳоям гум шудаанд. Чӣ қадар зарар дидаам, намедонам, вале чандин сол меҳнат карда ҳамаашро барои ободии ҳамин ҳавлӣ сарф карда будам. Инро қирғизҳо карданд, бояд ёфта диҳанд ва мақомоти мо кумак кунанд. Зану хоҳарам ҳоло куҷо рафта хоб мекунанд, намедонам, дигар тавони инхел пул ёфтанро надорам ”,–гуфт Тоҷиев.

Ғафурҷон, сокини деҳаи Сомониён гуфт, ки ҳангоми талоши хомуш кардани оташ ба сӯяшон тир кушодаанд.

“Бародарам аз сӯи қирғизҳо тир хӯрд ва дар беморхона хоб аст. Аз 2000- ум сол то ҳозир ин хонаҳоро сохта ва ҳамаашро таъмири замонавӣ карда будем. Хона, оғил, ҳаммом ва ҳама чизу чораҳо ба коми оташ рафтааст.”,–гуфт ӯ.

“Вақте захмиёнро интиқол медодем…”

Кормандони тиб мегӯянд, он рӯз аз ҷониби қирғизҳо бо нақлиёти ёрии таъҷилӣ низ тир кушодаанд ва монеъи интиқоли захмиҳои тоҷик шудаанд. Онҳо мегӯянд, аз рӯи қоидаи ҷанг ба нақлиёти тиббию кӯмакрасонҳо, ки дар ҳодиса қувваи бетараф ҳастанд тир холӣ кардан мумкин нест.Муҳаммад Аҳмадов, ронандаи нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ” он рӯзро чунин ёд кард: Ба мо гуфтанд, ки дар чорроҳаи Хоҷаи Аъло аз ду тараф тирборон карда истодаанд ва бояд бо суръати тез гузарем. Ҳатман мо хеле босуръат рафтем, вале хеле тир расид. Чанд бор қариб ба ман тир расад ва аз паҳлӯям гузашт. Ин рӯзи 29- ум буд. Аслан ронандаи ин нақлиёт дигар кас буд, вале чун он нафар дигар нарафтанд, ман фикр кардам, ки шояд тир хӯрда бошад ва худам рафтам. Якчанд захмиҳоро кашондам”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. вале сокинон мегӯянд дар ду деҳаи ҷамоати Чоркӯҳ ҳудуди 20 хонаву иншоот вайрон шудааст.

Сокинон мегӯянд, афроде, ки зиён расонидаанд, бояд пайдо кунанд ва онҳо ҷуброн пардозанд.

Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар мақомоти Тоҷикистон месозанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 87 кас захмӣ шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар муноқишаи ахири марзӣ 183 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳарду кишвар якдигарро ба шурӯи ҷанг ва хисороту талафоти зиёд аз он айбдор мекунанд. Аз ҳарду тараф даҳҳо манзили зист тахриб шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button