ВидеоИқтисодТоҷикистон

ВИДЕОИ ПУРДАҲШАТ АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ 15 ХОНА ВА 100 ГЕКТАР ЗАМИНИ КИШТ ЗЕРИ ХОК ФУРӮ РАФТААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ дар пайи боришоти ахири рӯзҳои гузашиа як қисмати бузурги замин фурӯ рафта, 15 хона ва ҳудуди 100 гектар замини киштро ба коми худ кашидааст. Бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар байни сокинон ё маргумири чорвои хурду калон сабт нашудааст, вале бинои ба иттилои КҲФ, “бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуш ва марги одамон дар мавриди интиқоли 167 хоҷагӣ ба маконҳои амн қарор қабул шуд.  Дар айни замон дуртар аз маҳалли додиса як шаҳраки хайманишинон сохта шуда, зарардидагон бо се вақт ғизо ва оби нӯшокӣ таъмин карда шудаанд.”

Барои рафъи оқибатҳои офатҳои ахири табиӣ таҳти раҳбарии муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил шуда, ин ситод рӯзи 8 май бо иштироки раиси КҲФ генерал Рустам Назарзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, мудири Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, муовини раиси Кумитаи замин, намояндагони сарраёсати геология, Пажуҳишгоҳи зилзиланигории Академияи миллии илмҳо ва Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии “Фазо” дар ноҳияи Ҷомӣ ташкили ҷаласа кардааст.

Дар ин ҷаласа қарор қабул кардаанд, ки  барои бунёди як шаҳрак барои сокинони осебдида дар минтақаи бехатар замин ҷудо карда шавад.

Аз 4 то 6 май дар Тоҷикистон боришоти шадид мушоҳида шуд, ки дар бисёр минтақаҳо ба селу обхезӣ, рехтани пораҳои кӯҳ ва дар ноҳияи Ҷомӣ бо фурӯравии замин мунҷар шуд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки дар натиҷаи боришоти шадид дар ҳудуди вилояти Хатлон ва атрофи шаҳри Турсунзода сел омадааст.

Аз ҷумла рӯзи 6 май бар асари боронҳои пайдарпай аз кӯҳи Хоҷамастон об ҷорӣ шуд ва қисман ба иншоотҳои таъмини об – канали Хоҷа-Қалъаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон зарар расонд. Ғайр аз ин лойобаи азим пулеро дар роҳи мошингарди  Рӯдакӣ – Ёвон-Ҷомӣ-Уялӣ хароб намуд.

Инчунин, боришот боиси болоравии сатҳи оби канале шуд, ки дар қаламрави деҳаи Камари ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб мегузарад. Об 14 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пахш кард. Дар ҷамоати Зиракӣ бар асари боронҳои зиёд иншооти ҳимоявии пуле, ки шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминободро ба ҳам мепайвандад, шуст. 

Рӯзи 6 май ҳамчунин дар деҳаи Бобониёз Тошеви ҷамоати ба номи Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода дар маҷрои рӯди Долонсой сел омада, хонаҳои истиқоматӣ ва заминҳои киштро зери об кард. Бино ба маълумоти пешакӣ дар деҳаи Бобониёз Тошев 1 ва 2 лойоба таҳхонаи 14 хонаи истиқоматӣ, ҳамчунин 4 гектар хонаҳои истиқоматӣ ва 0,28 гектар заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии Амонбойро хароб намуд.

Ҳоло дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳрӣ фаъолият дорад.

Аксҳо аз маҳалли фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ аз сомонаи КҲФ Тоҷикистон:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button