ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАРГУЗАШТИ АЛЕКСЕЙ РЯЗАНТСЕВ, ЯКЕ АЗ ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОР ДАР НФС “ЭКО ОЙЛ” (ВИДЕО)

Андрей Рязантсев, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Эко Ойл” дар маҳаллаи Испечаки 2, ки бар асари сӯхтор ва таркиши шоми 1 май дар ҷои кораш 75 фоизи баданаш сӯхта буд, дар Маркази тиббии №3 аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт.

Дар бораи марги Алексей Рязантсев дар Фейсбук фаъоли ҷамъиятӣ Зуля Раҳматова, ки барои табобати ӯ пули кумак ҷамъ мекард, хабар дод. «Не стало Алексея Рязанцева. Покойся с миром. Светлая память тебе добрый парень.  Худо рахмат кунад чояшон Чаннат шавад Омин», – навиштааст Зуля Раҳматова дар гуруҳи «Мо- Тоҷикистонием!».

 Алексей Рязантсев дар хурдӣ ятим монда буд ва ӯро Ирина Наврузова ба воя расонд. Сокинони Душанбе барои табобати ин ҷавон пул ҷамъ мекарданд, вале риштаи аҷал ба синни ҷавони Алексей раҳм накард.

Дар пайи сӯхтор дар «Эко Ойл» ВКД хабар дод, ки ба зидди молики он Эҳсонҷон Розиқов парванда кушодаанд. Марги кормандаш иттиҳоми зидди ин соҳибкори 33соларо вазнинтар хоҳад кард. Хадамоти оташнишонии ВКД низ хабар дод, ки дар пайи  он сӯхтор санҷиши ҳолати риояи қоидаҳои зидди сӯхтор дар дигар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхтро дар Душанбе ва атрофи он ба роҳ монда, дар дастикам 4 чунин дӯкон ҳолатҳои вайрон шудани меъёрҳои бехатариро ошкор кардааст.

https://www.facebook.com/groups/tajikistanians/permalink/2978373902446504

Ёдовар мешавем, шоми 1 май, соати 18:30 нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехколонна, 50) воқеъ аст ва ба соҳибкори 33-сола Эҳсонҷон Розиқов тааллуқ дорад, оташ гирифт. КҲФ гуфт, барои фурӯ нишондани оташ 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии Хадамоти оташнишонии мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино ҷалб шуданд, вале “забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”.

Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда садои таркиш низ шунида мешуд. Эҳтимол мерафт, ки яке аз анборҳои маводи сӯхт таркида бошад. ВКД гуфт, дар сӯхтфурӯшие, ки даргирифт, беш аз 60 тонна сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуд.

Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Мехколонна ҷойгир шудааст.

 “Умед 88” як ширкати замоне пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳабси раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар соли 2017 ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ӯ варшикаста шуд. Худи Одинаевро моҳи марти соли ҷорӣ бо захми меъда аз маҳбас ба бемористони маҳаллаи “1-ум Советский” оварданд, вале ӯ дар аввали моҳи апрел дар рӯи кати беморӣ аз дунё гузашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button