ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ ВКД: ҒОРАТГАРӢ ДАР ЁВА ВА ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ СКУТЕР ДАР РӮБАРӮИ НФС “ҒАЙРАТ”

гуфт, ки ин мард субҳи 6 май, соати 08:00, дар кӯчаи А.Насриддинови ҷамоати Ёва бо марди 27-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷанҷол карда, бо зӯрӣ аз ҷайбаш 6 450-сомониро кашида гирифтаааст. Нисбат ба гумонбар бар асоси қисми дуюми моддаи 248 КҶ ҶТ парванда кушодаанд. Ба ӯ барои ғоратгарӣ бар асоси ин банди қонун аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шоми 6 май, тахминан соати 19:50, ронандаи скутер, Назаров Зоҳир, с.т. 1972, сокини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи НФС ҶДММ “Ғайрат” ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Хова”, таҳти идораи Негматов Аминҷон, с.т. 1994, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи скутер Назаров З.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Рӯзи 16 май, соати 9 дар ноҳияи Ховалинг мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гуштини миллӣ доир мешавад. ВКД хабар дод, ки ин сабқати гуштин бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ  баргузор мегардад ва ҳамаи хоҳишмандон ва варзишгарон метавонанд дар ин мусобиқа иштирок кунанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти марди 45-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, дастгир карда шуд.
Номбурда, 6-уми майи соли 2021, тахминан соати 08:00, дар кӯчаи А.Насриддинови ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи мазкур бо марди 27-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол карда, бо истифодаи зӯроварӣ аз ҷайбаш 6 ҳазору 450-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ронандаи скутер ҳангоми бархӯрд бо мошини боркаш

Рӯзи 6-уми майи соли 2021, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи скутер, Назаров Зоҳир Солеҳович, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи НФС ҶДММ “Ғайрат” бо сабабҳои номаълум ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Хова”, таҳти идораи Негматов Аминҷон Вайсиддинович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи скутер Назаров З.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Эълон! Ба диққати ҳаводорони гӯштини миллӣ!!!

Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, рӯзи 16-уми майи соли 2021, соати 09:00, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон баргузор мегардад.

Хоҳишмандон ва варзишгарон метавонанд дар мусобиқаи мазкур иштирок намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button