ВидеоТоҷикистонҶомеа

ТАҚСИМОТИ ХУНИНИ МЕРОСИ БИБӢ: АЛИҶОН БА САРИ ХОЛАВУ ЯЗНААШ ТАБАР БАРДОШТ (ВИДЕО)

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел сокини 27-солаи деҳаи Ситораи Сурхи шаҳри Ваҳдат Алиҷон Тиллобердиевро бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони холаву язнааш ба 16 солу 6 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 май бо нашри бархе ҷузъиёти ин парванда хабар дод, ки Тиллобердиев Алиҷон Ғаниевич бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятӣ – моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «а,в,е» (суиқасд ба одамкушӣ) ва 147 қисми 1 (вайрон намудани дахлнопазирии манзил) гунаҳкор дониста шуд.

Бар асоси фарзияи тафтишот, Тиллобердиев бо сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати холаи 28-солааш Юлдошева Раҳимахон Муминжоновна вобаста ба тақсими маблағи фурӯши хонаи аз модаркалонашон меросмонда (ВКД қаблан хабар дода буд, ки баҳси хешу табор бар сари 28 ҳазор доллар пули он хона будааст) , шаби 10 ба 11 январи соли 2021, тахминан соати 0320 дақиқа аз хонааш, воқеъ дар шаҳри Вахдат, Ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов, деҳаи Ситораи Сурх мошин киро карда, ба хонаи холааш Юлдошева Р.М., воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Кӯктош рафтааст. Азбаски дар он соати шаб дарвозаи хона баста шуд, Алиҷон аз болои девор вориди ҳавлӣ шудааст.

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел сокини 27-солаи деҳаи Ситораи Сурхи шаҳри Ваҳдат Алиҷон Тиллобердиевро бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони холаву язнааш ба 16 солу 6 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 май бо нашри бархе ҷузъиёти ин парванда хабар дод, ки Тиллобердиев Алиҷон Ғаниевич бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятӣ – моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои «а,в,е» (суиқасд ба одамкушӣ) ва 147 қисми 1 (вайрон намудани дахлнопазирии манзил) гунаҳкор дониста шуд.

Бар асоси фарзияи тафтишот, Тиллобердиев бо сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати холаи 48-солааш Юлдошева Раҳимахон Муминжоновна вобаста ба тақсими маблағи фурӯши хонаи аз модаркалонашон меросмонда (ВКД қаблан хабар дода буд, ки баҳси хешу табор бар сари 28 ҳазор доллар пули он хона будааст) , шаби 10 ба 11 январи соли 2021, тахминан соати 0320 дақиқа аз хонааш, воқеъ дар шаҳри Вахдат, Ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов, деҳаи Ситораи Сурх мошин киро карда, ба хонаи холааш Юлдошева Р.М., воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, деҳаи Кӯктош рафтааст. Азбаски дар он соати шаб дарвозаи хона баста шуд, Алиҷон аз болои девор вориди ҳавлӣ шудааст..

Дар ҳамин ҳолат, писари холааш Пирумқулов Абдурашид ва ҳамсари ӯ Маҳмадсодиқова Назокат бедор шуда, Алиҷон Тиллобердиевро дастгир кардаанд ва ӯ мақсадаш барои куштани холаву язнаашро “новобаста аз иродааш” ба охир расонида натавонистааст.

  Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштани хешу табори наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷомиаи умдатан муҳофизакори Тоҷикистон, ки ба арзишҳои оилавӣ сахт пойбанд буд, ҳатто даст бардоштанба сӯи хешовандон, бавижа хешу табори ба синну сол бузургтар ҳамчун як амали нангин маҳкум мешавад.

Назари худи маҳкумшуда ё наздикону адвокати ӯ ба ҳукми додгоҳ дастрас нест, вале Тиллобердиев қаблан дар як гузориши телевизионии маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қасди куштани холаву язнаашро эътироф карда, муфассал нақл карда буд, ки чӣ гуна шаби 11 январ вориди манзили холааш шуд ва ба сари ӯву шавҳараш бо табар зад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button