ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 7 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 7 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ТОШИЕВ ГУФТ, БА ТОҶИКИСТОН ЯГОН КОРИДОР ТО ВОРУХ ДОДА НАМЕШАВАД

ТАҚСИМОТИ ХУНИНИ МЕРОСИ БИБӢ: АЛИҶОН БА САРИ ХОЛАВУ ЯЗНААШ ТАБАР БАРДОШТ

ГАҲЕ ПУШТ БА ЗИНУ ГАҲЕ – ЗИН БА ПУШТ:  СОБИҚ ДОДСИТОНИ КУЛЛИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ЗИНДОН КУРТАИ ЗАНОНА МЕДӮЗАДУ ВАЗИРИ СОБИҚИ АМНИЯТ ЛАЪЛИҲОРО ГУЛ МЕМОНАД…

ДАР ЯК РӮЗ ДАР ДУШАНБЕ ДУ КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД

НИШОНИ ТИЛЛОИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК  МАҲМАДБЕК МАҲМАДБЕКОВ ДАР ҚАЗОН

СОҲИБКОРИ ТОҶИК ФИРДАВС НАИМОВ ДАР МАСКАВ БА 33 ДОНИШҶӮ АЗ АФҒОНИСТОН КУМАК РАСОНД

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ИШКОШИМУ ВАҲДАТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва роҳбари ҳайъати Қирғизистон дар музокироти масоили таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Саясат.kg” гуфтааст, ки ба Тоҷикистон ягон коридор то ҷамоати Ворух дода намешавад.

Ин изҳороти Тошиев дар пайи рӯзи 5 май дар матбуот чоп шудани матни изҳороти муштараки роҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи музокироти рӯзҳои 1 ва 2 майи масоили марзии ду кишвар аст.

Дар он изҳорот гуфта мешуд, ки ду ҷониб муштаракан роҳи нви Хоҷаи Аъло – Ворухро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Тангӣ (Капчыгай) бидуни убури ин ва дигар рустоҳои Қирғизистон месозанд. Ду ҷониб тавофуқ карданд, ки мақоми ин роҳро бо имзои як созишномаи алоҳидаи байнидавлатӣ муайян хоҳанд кард ва танҳо баъди сохта шудани роҳ ба таъйин ва аломатгузории марзи атрофи Ворух хоҳанд пардохт.

Тавофуқоти ахир чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон вокунишҳои мухталиф ба бор овард. Дар Тоҷикистон бархе аз он норозӣ буданд, ки бо вуҷуди пешравиҳои ҳарбиёни тоҷик дар муноқишаи ахир, ҳайъати ҳукуматӣ ба пайвастани Ворух бо боқӣ қаламрави Тоҷикистон сахт пойфишорӣ накардааст. Дар Қирғизистон баракс ҳайъати ҳукуматиро барои он ба боди интиқод кашиданд, ки дар музокирот мавқеи таслимҷӯиро пеш гирифта, аз ҷумла барои кушодани коридор то Ворух иҷозат додааст.

 Аммо Қамчибек Тошиев дар мусоҳибааш бо “Саясат.kg” таъкид кардааст, ки ба Ворух ягон хел коридор кушода намешавад. “Роҳе, ки сохта хоҳад шуд, дар ихтиёри ноҳияи Бодканд қарор мегирад. Мо ба истифодаи ин роҳ танҳо баъди пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудани марзи атрофи Ворух иҷозат хоҳем дод. Ба мо ягон метр замини ягон кишвари дигар лозим нест, вале ягон ваҷаб замини худро ҳам ба касе намедиҳем. Мо якҷо бо роҳбарони Қирғизистон дар ин мавқеъ то охир хоҳем истод”, – таъкид кардааст Тошиев.

ххххххх

Коллегияи парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел сокини 27-солаи деҳаи Ситораи Сурхи шаҳри Ваҳдат Алиҷон Тиллобердиевро бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони холаву язнааш ба 16 солу 6 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Мақомот мегӯянд, ки баҳси 28 ҳазор доллар пули фурӯши хонаи аз модаркалон меросмонда сабаби чунин моҷарои хунин байни хешу табори наздик шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, Тиллобердиев соати сеи шаби 10 ба 11 январи соли 2021,  бо мошин аз Ваҳдат ба деҳаи Кӯктоши ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаи холаи 48солааш Юлдошева  Раҳимахон рафта, аз болои девор вориди ҳавлӣ шудааст.

Ӯ сипас ба рӯяш ниқоб кашида, бо мақсади куштани холааш ва шавҳари ӯ Пиримқулов Тӯхтасин ба ҳуҷраи хоби онҳо даромадааст ва “аз ҳолати оҷизӣ, яъне хоб будани онҳо истифода бурда, бо табари қаблан бо худ гирифтааш 4 маротиба ба сари Юлдошева Р.М., мезанад. Аз доду фиғони Юлдошева Р.М. шавҳараш Пиримқулов Т.М. бедор шуда, мехоҳад садди роҳи Тиллобердиев А.Ғ., шавад, аммо Тилобердиев А.Ғ бо табари дар дасташ буда 4 маротибаи дигар ба сари Пиримқулов Р.М. мезанад, ки дар натиҷа Юлдошева Р.М. ва шавҳараш Пиримқулов Т.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба саломатиашон мебардоранд.”

Дар ҳамин ҳолат, писари холааш Пирумқулов Абдурашид ва ҳамсари ӯ Маҳмадсодиқова Назокат бедор шуда, Алиҷон Тиллобердиевро дастгир кардаанд ва ӯ мақсадаш барои куштани холаву язнаашро “новобаста аз иродааш” ба охир расонида натавонистааст.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштани хешу табори наздик хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷомиаи умдатан муҳофизакори Тоҷикистон, ки ба арзишҳои оилавӣ сахт пойбанд буд, ҳатто даст бардоштанба сӯи хешовандон, бавижа хешу табори ба синну сол бузургтар ҳамчун як гуноҳи кабира ва ҷинояти нангин маҳкум мешавад.

Назари худи маҳкумшуда ё наздикону адвокати ӯ ба ҳукми додгоҳ дастрас нест, вале Тиллобердиев қаблан дар як гузориши телевизионии маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қасди куштани холаву язнаашро эътироф карда, муфассал нақл карда буд, ки чӣ гуна шаби 11 январ вориди манзили холааш шуд ва ба сари ӯву шавҳараш бо табар зад.

xхххххххх

Рашиджон Кодиров ва Ихтиёр Абдуллоев

Чунин аст расми саройи дурушт:

Гаҳе пушт ба зину гаҳе зин ба пушт.

Ин байт гӯё гӯяндаи ҳоли собиқ додситони кулли Ӯзбекистон Рашидҷон Қодир ва раиси собиқи Хадамоти давлатии амнияти он кишвар Ихтиёр Абдуллоев аст, ки бо ҷурми фасод ва порахӯрӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Рашидҷон Қодиров  моҳи июни соли 2019 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд ва Ихтиёр Абдуллоевро моҳи феврали соли 2020 барои 19 сол ба зиндон андохтанд.

Рӯзи 5 май ба роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи инсон “Эзгулик” Абдураҳмон Ташанов муяссар шудааст, ки дар зиндони машҳури Зангиота дар вилояти Тошканд бо Қодиров ва Абдуллоев мулоқот кунад. Аксари маҳбусони дар гузашта баландпоя дар Ӯзбекистон дар зиндони Зангиота  адои ҳукм мекунанд ва аз ҷумла Гулнора Каримова, духтари калонии президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов низ дар қисмати занонаи зиндони Зангиота маҳбус аст.

Абдураҳмон Ташанов баъди дидор бо маҳбусони дар гузашта пурнуфуз гуфт, “аввал Рашидҷон Қодировро дар байни маҳбусон нашинохтам, чунки ҳама дар рӯ ниқоби тиббӣ доштанд. Вазъаш зоҳиран хуб буд. “Саломатӣ ва табъам хуш аст, баъди як моҳ маро ба маҳбаси сукунатӣ (колония – поселение) мегузаронанд”, –  гуфт ӯ. Ман бо додситони кулли собиқ 10 дақиқа суҳбат кардам.”

Ташанов афзуд, ки Рашидҷон Қодиров дар коргоҳи дӯзандагии зиндони Зангиота кор мекунад: “Ӯ куртаву рӯймол ва аз матоъ боз дигар молҳои хеле зебои занона медӯзад. Мо маҳсулоти дӯхтаи ӯро бо чашми худ дидему бо дастонамон палмосидем.”

Зиндони Зангиота

Ихтиёр Абдуллоев бошад ба ҳомии ҳуқуқ шикоят кардааст, ки ӯро дар ҷараёни тафтиши парвандааш шиканҷа додаанд. Аммо аз шароиташ дар зиндон вазири собиқи амнияти Ӯзбекистон шикояте надоштааст, вале аз ҳомии ҳуқуқ хостааст, то барои бозбинии ҳукмаш мусоит кунад. “Ман мехоҳам, ки парвандаамро аз нав бубинанд. Агар битавонед, ин хоҳиши маро ба президент бирасонед”, – хоҳиш кард ӯ аз ман. Ман бо Ихтиёр Абдуллоев дар ҷои кораш суҳбат кардам. Ӯ дар зиндон дар рӯи лаълиҳо нақшу нигор мекашад”, – нақл кардааст Абдураҳмон Ташанов ба радиои Озодлик.

Президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016, дар пайи вафоти Ислом Каримов ба қудрат расид, маъракаи густардаи мубориза бо фасоду порахӯрӣ дар раддаҳои болоии ҳукуматро ба роҳ андохт, ки дар натиҷаи он чандин узви баландпояи ҳукумат, аз ҷумла вазири собиқи амният Ихтиёр Абдуллоев ва чанд муовини раиси Хадамоти давлатии амният, собиқ додситони кулл Рашидҷон Қодиров ва боз чандин мансабдори баландпоя ва пурнуфуз ба кунҷи зиндон рафтанд.

xxxxxxx

Маркази матбуоти КҲФ хабар дод, ки рӯзи 6 май дар Душанбе риштаи умри ду кӯдак ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Соати16:20 ба қисми навбатдории КҲФ хабар омад, ки як кӯдаки синнаш 12 дар кӯли Боғи ба номи Фирдавсии пойтахт ғарқ шудааст. Маълум шуд, ки ин кӯдаки ғӯррамарг ҳамроҳи дӯстонаш хостааст дар кӯли дохили боғ, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, оббозӣ кунад. Вале вақте ба об медарояд, ғарқ мешавад ва дӯстонаш ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯро наҷотбахшони КҲФ бо кумаки ғаввос аз зери об берун оварда, ба волидонаш супурдаанд.

Фоҷиаи дуюм дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дар соҳили дарёи Кофарниҳон рӯй додааст. Як кӯдаки 7-сола дар соҳил ҳангоми бозӣ ба дарё афтодааст ва маҷрои тунду тези Кофарниҳон ӯро хеле зуд ба коми худ фурӯ кашидааст. Наҷотбахшони раёсати КҲФ шаҳри Душанбе билофосила чорабиниҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро ба роҳ андохтанд, вале то ҳол натавонистаанд, ки кӯдаки ғарқшударо пайдо кунанд. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.

КҲФ мегӯяд, дар 4 моҳи аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай 19 нафар ҷон бохтаанд, аз ҷумла 5 кӯдаки синнашон то 4-сола, 2 кӯдаки синнашон то 10 лет–сола, 2 навраси аз 11 то16– сола, 6 ҷавони синнашон аз 17 то 35 ва 4 нафари синнашон аз 35 боло.

Ба ин далел КҲФ бори дигар ба волидон хотиррасон кардааст, ки кӯдакони худро бидуни назорат нагузоранд, қоидаҳои рафтор дар соҳили кӯлу дарёҳоро қатъиян риоя кунанд. Оббозӣ дар маконҳое, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудаанд, мамнӯъ ва барои ҳаёт хатарнок аст! – ҳушдор додааст КҲФ.

хххххххх

Паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад, рӯзи 6 май дар мусобиқоти “Grand Slam Kazan 2021” дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, дар вазни то 73 кило барандаи ҷои аввал ва нишони тиллои ин мусобиқаи бонуфуз шуд. Маҳмадбек аввалин паҳлавони зодаи Тоҷикистон аст, ки соҳиби медали тилло дар мусобиқоти  “Grand Slam” мешавад.

Маҳмадбек Маҳмадбеков дар роҳ ба сӯи фатҳи қуллаи тиллоии “Grand Slam Kazan 2021” ибтидо Зинг Антони аз Олмон, сипас Рашид Маҳмадалиевро аз Озарбойҷон шикаст дода, дар даври сеюми мусобиқот бо амакбачаи худаш Сомон Маҳмадбеков, ки таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, ба майдон баромад ва ӯро ҳам шикаст дод.

Маҳмадбек сипас рақибаш аз Арманистон Фердинанд Карапетян  ва дар марҳалаи ниманиҳоӣ Тоҳар Бутбулро аз Исроил мағлуб сохт ва дар рақобати ниҳоӣ узви дигари дастаи Русия Аюб Хажалиевро шикаст дод.

Маҳмадбек Маҳмадбеков дар шаҳри Иркутски Русия зиндагӣ мекунад ва якҷо бо амакбачааш Сомон дар назди амакҳояшон Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо дар толори варзишии “Мори” машқи гуштин мекунанд. Хонаводаи Маҳмадбековҳо зодагони ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшони Тоҷикистон мебошанд, вале чандин сол боз дар Русия ба сар мебаранд.

Сомон Маҳмадбеков тасмим гирифт, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон майдондорӣ кунад. Маҳмадбек бошад ба тими миллии Русия роҳ ёфт.

ххххххххх

Фирдавс Наимов

Фирдавс Наимов, як соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Маскав, дар моҳи шарифи Рамазон ба 33 донишҷӯ аз Афғонистон, ки дар мактабҳои олии пойтахти Русия таҳсил мекунанд, кумаки ғизоӣ расондааст. Дар ин бора Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хабар дод.

Муҳаммад Собиров навишт, ки гуруҳи донишҷӯён аз Афғонистон чанд вақт боз барои кумак ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат карда буданд, вале чанд тоҷири афғон ва ҳатто ҷамъияти шаҳрвандони Афғонистону сафорати Афғонистон дар Маскав ба далели надоштани шароит аз ироаи кумак ба ин донишҷӯён сар печидаанд.

Муҳаммад Собиров навишт, ки баъди ноумед шудан аз чандин дар, “мисли ҳарвақта муроҷиат намудем ба бародари ғамхорамон, ки доимо муҳоҷиронро дастгирӣ мекунанд, акаи Фирдавс Наимов ва ӯ ба муҳоҷирони афғон, ки зиёда аз 33 нафар иборат буданд, кумак кардю Аллоҳи меҳрубон хайрашонро қабул кунад ва дар моҳи шарифи Рамазон давлаташонро аз ин дида зиёда гардонад ва Худованд саффи чунин бародарҳоро зиёд кунад!”

Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассир ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ин ширкат ба кашонидани бор дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон машғул аст.

Фирдавс Наимовро як соҳибкори дастбахайр тавсиф мекунанд, ки ҳамеша ба кумаки муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанҳои ниёзманд мерасад.

хххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Рӯзи 6 май, соати 16:20, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Афлотунов Искандар Холиқназарович, с.т. 1982, сокини ҷамоати Козилдеҳи ноҳияи Ишкошим дар километри 52-юми роҳи “Хоруғ-Ишкошим-Тузқул”, дар мавзеи “Колик” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда Афлотунов И.Х. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамон рӯзи 6 май ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зефира”, Шарифов Исоқҷон Раҳмонович, с.т. 1958, сокини ҷамоати Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати Исмоилов бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Исоев Диловаршоҳ Исоевич, соли таваллудаш 1948, сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоиловро пахш намудааст. Дар натиҷа, пирамард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст.

Яу сокини 34-солаи пойтахт, ки қаблан барои дуздӣ суд шудааст, ин дафъа барои авбошӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ зи 5 май, соати 11, дар кӯчаи А.Ғуломов як марди 36-солаи сокини ҷамоати И.Шарифи ноҳияи Данғараро дашномҳои кабеҳ дода, латтукӯб кардааст ва бо корд як зарба ба шикаму як зарбаи дигар ба рони пояш задааст.

Сокини 33-солаи ноҳияи Фирдавсӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 апрел, соати 14:45 аз дохили мошини тамғаи “Хафей”, ки дар кӯчаи Дарвоз беназорат меистод, 9 600 сомонӣ пули нақдро дуздидааст. Ба милиса дар ин бора соҳиби мошин – сокини 41-солаи пойтахт шикоят кардааст.

Мақомоти Хадамоти сӯхторнишонии ВКД Тоҷикистон дар пайи сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Эко Ойл” дар маҳаллаи Испечак 2, ки 29 захмӣ ба ҷо гузошт, ҳолати риояи меъёрҳои зидди сӯхторро дар нуқтаҳои сӯхтфурӯшии шаҳри Душанбе ва атрофи он санҷида, масъулони 4 чунин нуқтаро ҷарима бастаанд. Дар аксари нуқтаҳои сӯхтфурӯши сипари зидди сӯхтор ва асбоби фурӯнишонии сӯхтор вуҷуд надоштааст. Мақомот аз ҷумла нуқтаи фурӯши сӯзишвории  «Эҳсонҷон», воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулов 16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, НФС «Имон импорт экспорт», воқеъ дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, НФС «Ғайрат 82», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ ва НФС «Тоҷик нафт», воқеъ дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакиро ҷарима бастаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button