ВидеоМуҳоҷирон

КУМАКИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК ФИРДАВС НАИМОВ БА 33 ДОНИШҶӮ АЗ АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)

Фирдавс Наимов, як соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Маскав, дар моҳи шарифи Рамазон ба 33 донишҷӯ аз Афғонистон, ки дар мактабҳои олии пойтахти Русия таҳсил мекунанд, кумаки ғизоӣ расондааст. Дар ин бора Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хабар дод.

Муҳаммад Собиров навишт, ки гуруҳи донишҷӯён аз Афғонистон чанд вақт боз барои кумак ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат карда буданд, вале чанд тоҷири афғон ва ҳатто ҷамъияти шаҳрвандони Афғонистону сафорати Афғонистон дар Маскав ба далели надоштани шароит аз ироаи кумак ба ин донишҷӯён сар печидаанд.

Муҳаммад Собиров навишт, ки баъди ноумед шудан аз чандин дар, “мисли ҳарвақта муроҷиат намудем ба бародари ғамхорамон, ки доимо муҳоҷиронро дастгирӣ мекунанд, акаи Фирдавс Наимов ва ӯ ба муҳоҷирони афғон, ки зиёда аз 33 нафар иборат буданд, кумак кард. Аллоҳи меҳрубон хайрашонро қабул кунад ва дар моҳи шарифи Рамазон давлаташонро аз ин дида зиёда гардонад ва Худованд саффи чунин бародарҳоро зиёд кунад!”

Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассир ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ин ширкат ба кашонидани бор дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон машғул аст.

Фирдавс Наимовро як соҳибкори дастбахайр тавсиф мекунанд, ки ҳамеша ба кумаки муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанҳои ниёзманд мерасад.

Muhammad Sobirov 

ХАЙР КАРДАН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН.

РОСТИ ЧАНДКА ШУД,КИ ЯК ГУРУХ ДОНИШҶӮЁНИ АЗ АФҒОНИСТОН БА МАН МУРОҶИАТ МЕКУНАН ,АКА БАРОИ МО КУМАК КУНЕН МО ХУРДАНИ НАДОРЕМ ,МО БА ЯКЧАНД ТОҶИРҲОИ АФҒОН МУРОҶИАТ КАРДЕМ БА МО ВАЪДА КАРДАН КИ ДАСГИРИ МЕКУНАН АММО БА ДОНИШҶӮЁҲО ГУФТАН МАБЛАҒ НАДОРЕМ ,МО МУРОҶИАТ КАРДЕМ БА САФОРАТИ АФҒОНИСТОН ДАР ШАҲРИ МОСКВА АММО БА МО ГУФТАН ,КИ ШАРОИТИ КУМАК КАРДАН НАДОРЕМ ВА ДИАСПОХО ХАМ ГУФТАН КИ ШАРОИТ НАДОРЕМ ,БАЪД МИСЛИ ҲАР ВАҚТА МУРОҶИАТ НАМУДЕМ БА БАРОДАРИ ҒАМХОРМОН КИ ДОИМО МУҲОҶИРОНРО ДАСГИРИ МЕКУНАН ,АКАЙ Фирдавс Наимов ИМРУЗ БА МУҲОҶИРОНИ АФҒОН ,КИ ЗИЁДА АЗ 33 НАФАР ИБОРАТ БУДАН КУМАК КАРДАН АЛЛОҲИ МЕҲРУБОН ХАЙРШОНА КАБУЛ КУНАД ВА ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАВЛАТШОНА АЗ ИНДА ЗИЁДА КУНАД ВА ХУДОВАНД САФИ ҲАМИНХЕЛ БАРОДАРҲОРО ЗИЁД КУНАД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button