Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ЯК РӮЗ ДАР ДУШАНБЕ ДУ КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД (ВИДЕО+18)

Рӯзи 6 май дар пойтахти Тоҷикистон риштаи умри ду кӯдак ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Ин ду кӯдак ғарқ шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ҳангоми рӯё додани ин ду фоҷиа ҳарду тифл бидуни назорати волидон қарор доштанд.

Бино ба иттилои КҲФ, як кӯдаки соати 16:20, вақте ғарқ шуд, ки ҳамроҳи дӯстонаш мехост дар кӯли боғи ба номи Фирдавсӣ, ки дар он оббозӣ мамнӯъ аст, оббозӣ кунад. Як кӯдаки ҳафтсола бошад ҳангоми бозӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст ва ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ҳол натиҷа надодааст.

Ба ҳисоби КҲФ, дар 4 моҳи аввали соли 2021 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон 19 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак ҷон бохтаанд. КҲФ дар ин робита бори дигар аз волидон хостааст, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд, қоидаҳои рафтор дар соҳили кӯлу дарёҳоро қатъиян риоя кунанд ва дар маконҳои барои оббозӣ мамнӯъ оббозӣ накунанд.

Маркази матбуоти КҲФ мегӯяд, рӯзи 6 май дар Душанбе риштаи умри ду кӯдак ба таври фоҷиавӣ канда шуд.

Рӯзи 16:20 ба қисми навбатдории КҲФ хабар омад, ки як кӯдаки синнаш 12 дар кӯли Боғи ба номи Фирдавсии пойтахт ғарқ шудааст. Маълум шуд, ки ин кӯдаки ғӯррамарг ҳамроҳи дӯстонаш хостааст дар кӯли дохили боғ, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудааст, оббозӣ кунад. Вале вақте ба об медарояд, ғарқ мешавад ва дӯстонаш ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯро наҷотбахшони КҲФ бо кумаки ғаввос аз зери об берун оварда, ба волидонаш супурдаанд.

Фоҷиаи дубм дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дар соҳили дарёи Кофарниҳон рӯй додааст. Як кӯдаки 7-сола дар соҳил ҳангоми бозӣ ба дарё афтодааст ва маҷрои тунду тези Кофарниҳон ӯро хеле зуд ба коми худ фурӯ кашидааст. Наҷотбахшони раёсати КҲФ шаҳри Душанбе билофосила чорабиниҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро ба роҳ андохтанд, вале то ҳол натавонистаанд, ки кӯдаки ғарқшударо пайдо кунанд. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.

КҲФ мегӯяд, дар 4 моҳи аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай 19 нафар ҷон бохтаанд, аз ҷумла 5 кӯдаки синнашон то 4-сола, 2 кӯдаки синнашон то 10 лет–сола, 2 навраси аз 11 то16– сола, 6 ҷавони синнашон аз 17 то 35 ва 4 нафари синнашон аз 35 боло.

Ба ин далел КҲФ бори дигар ба волидон хотиррасон кардааст, ки кӯдакони худро бидуни назорат нагузоранд, қоидаҳои рафтор дар соҳили кӯлу дарёҳоро қатъиян риоя кунанд. Оббозӣ дар маконҳое, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудаанд, мамнӯъ ва барои ҳаёт хатарнок аст! – ҳушдор додааст КҲФ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button