ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ТУРКИЯ БАДОЕЪУЗЗАМОН – ПЕШВОИ “ТАБЛИҒӢ”-ҲОИ ТОҶИКРО БАЪДИ НИМ СОЛИ БОЗДОШТ ОЗОД КАРД

Туркия яке аз роҳбарони тоҷикистонии “Ҷамоати таблиғ”-ро, ки дар байни пайравони ин ҳаракати мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯъ бо тахаллуси Бадоеъуззамон машҳур аст,  аз боздошт озод кардааст. Яке аз нафарони наздик ба Бадоеъуззамон ба шарти зикр накардани номаш ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки мақомоти Туркия ӯро рӯзи 3 май аз боздоштгоҳи Пендики шаҳри Истанбул озод кардаанд ва Бадоеъуззамон феълан дар назди аҳли хонаводааш қарор дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Бадоеъуззамон моҳи ноябри соли 2020 дар Истанбул бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуда буд. Ӯ афзуд, ки пешвои “таблиғӣ”-ҳои тоҷик чанд сол пеш ҳам дар Туркия дастгир шуда буд, вале Туркия он дафъа низ аз истирдоди ӯ ба Душанбе худдорӣ карда буд. То кунун мақомоти Тоҷикистон дар бораи дар Туркия боздошт ва инак озод шудани раҳбари тоҷикистонии “Ҷамоати Таблиғ” ва оё дар ҷустуҷӯ қарор доштан ё надоштани ӯ расман шарҳе надодаанд. Ба сомонаи “Бомдод” муяссар нашуд, ки номи аслии Бадоеъуззамонро маълум кунад. Пайравонаш ӯро бо ҳамин тахаллус ном мегиранд ва мегӯянд, ба далелҳои амниятӣ дар миёни онҳо пурсидани номи аслии пайравони “Ҷамоати Таблиғ” амре чандон мақбул дониста намешавад.

Хабари боздошти  яке аз роҳбарони тоҷикистонии “Ҷамоати таблиғ” ҳанӯз дар аввали моҳи январ пойгоҳи хабарии “Бомдод” пайдо ва нашр карда буд. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки ӯ моҳи ноябри соли 2020 дар шаҳри Истанбули Туркия дастгир гардида, дар боздоштгоҳи Пендик, дар каронаи шарқии қисмати осиёии шаҳри Истанбул нигоҳ дошта мешуд.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Бадоеъуззамон, яке аз пешвоёни бахши тоҷикистонии  “Ҷамоати Таблиғ” чандин сол боз дар Истанбул зиндагӣ мекунад ва он пайравони тоҷики “Ҷамоати Таблиғ”, ки дар Туркия паноҳ бурдаанд, дар ҳама кор асосан бо маслиҳат ва машварати ӯ амал мекунанд.

Ин алакай бори дуюм буд, ки ин роҳбари тоҷики “Ҷамоати Таблиғ” дар Туркия дастгир мешавад. Чанд сол пеш низ ӯро пулиси Туркия боздошт карда буд, вале баъди чанд вақт озод шуд.

Манбаи “Бомдод” гуфт, Бадоеъуззамон яке аз нафаронест,ки пайравони ҷамоат бидуни фатвояш ҳеҷ кореро анҷом намедиҳанд.

“Ҷамоати таблиғ” як  равияи  мазҳабист, ки аз соли 2006 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди ин кишвар  мамнӯъ эълон шудааст. Дар ин байн даҳҳо пайрави ин созмон дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд,  вале қисми дигари  пайравони ин созмони мазҳабӣ тарки Тоҷикистон карда,  дар хориҷ  зиндагӣ ва фаъолият мекунанд.

Охирин нафаре, ки бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Таблиғ” маҳкум ба зиндон шуд, Садриддин Муллоев, маъруф ба Мулло Садриддин, домоди рӯҳонии машҳур дар минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода буд.

 Мулло Садриддин низ дар Туркия ба сар мебурд ва моҳи феврали соли 2019 бо ваъдаи афви мақомот аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт. Видеои бозгашти ӯ дар ТВ давлатӣ пахш шуд, вале моҳи сентябри ҳамон сол Мулло Садриддинро дастгир карданд ва дар аввали моҳи январи соли 2020 додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро бо ҷурмҳое, чун ифротгароӣ, зархаридӣ ва мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button