Дин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

ШӮРОИ УЛАМО: ИДИ ФИТР – РӮЗИ 13 МАЙ, ЗАКОТАТОНРО БА ОИЛАҲОИ ШАҲИДОН ДИҲЕД

Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон рӯзи 6 май дар маҷлисаш қарор кард, ки “мувофиқи ҳисоби илмӣ, Иди саиди Рамазон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 13 майи соли 2021 таҷлил карда шавад”.

Тибқи ин қарор, намози иди Рамазон соати 06:00 доир шуда, имомхатибон муваззаф карда шудаанд, то барои расондани кумакҳо ба муҳтоҷону ниёзмандон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб карда, худашон намунаи ибрат шаванд.

Шӯрои уламо ба онҳое, ки молашон ба нисоб расидааст, тавсия додааст, ки “метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаҳои шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондааст, бидиҳанд.”

Шӯрои уламо қаблан маблағи садақаи фитрро тибқи меъёри шаръӣ бо ҳисоби нархи гандум 6 сомонӣ ба сари ҳар нафар ва нисоби закотро мувофиқи ҳисоби шаръӣ 25 ҳазор сомонӣ муқаррар карда, гуфта буд, мусалмонони воҷибулзакот аз 25 ҳазор сомонӣ дороияшон бояд 625 сомонӣ закот бидиҳанд.

Ҳамин тавр, бо қарори Шӯрои уламо, фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2021 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умед нест, ба маблағи 360 сомонӣ барои 30 рӯзи моҳи Рамазон муқаррар шуда буд.

Афшини Муқим

РАСМАН: 13-уми май – Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон;

– Вақти баргузории намози Ид – соати 6-00;

– Шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондааст, бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button