АСАРОТИ БОРИШОТИ 5 МАЙ: СЕЛ ДАР ХОВАЛИНГУ МӮЪМИНОБОД ВА РЕЗИШИ КӮҲПОРА ДАР ВАНҶУ ПАНҶАКЕНТ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 май бар асари боришоти шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сатҳи оби дарёҳо баланд шуда, боиси зери об мондани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ гардид. Инчунин дар чанд маврид фурӯрезии кӯҳпораҳо сабт шудаааст.
Аз ҷумла дар натиҷаи боронҳои сел болоравии сатҳи об дар дарёи Оби Мазор ба қайд гирифта шуда, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд, ба 2 хонаи шахсӣ зарар расидааст, пул ва сарбанд дар ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ, Ҷонбахт, Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг қисман вайрон шудаанд.
Инчунин бориши шадид боиси пайдо шудани лойоба гардид, ки он ба 15 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, заминҳои корам ва боғҳои сокинони деҳаи Чилдухтарони Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назарови ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон зарар расонид. Илова бар ин, селоб 20 км роҳи маҳаллии мошингард ва пули байни деҳаҳои Кӯлчашма, Ғеш ва Лиҷакро баст.
Барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таҷҳизоти махсуси муҳандисӣ истифода шуда, корҳо идома доранд.
5 май дар ҳудуди деҳаи Гезани поёни Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд резиши кӯҳпораҳо ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои нохуш 29 хонавода бо теъдоди умумии 112 нафар ба ҷойҳои бехатар интиқол дода шуданд.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент дар маҳали ҳодиса кор мекунад.
Худи ҳамон рӯз дар километри 438, 443 ва 447-и шоҳроҳи «Душанбе — Ванҷ — Хоруғ», дар наздикии мавзеи Хехики ноҳияи Ванҷи ВМКБ резиши кӯҳпораҳо сурат гирифта, сабаби муваққатан баста шудани шоҳроҳ гардид.
Феълан роҳ аз кӯҳпораҳо тоза карда шудааст.
Офатҳои табии мазкур талафоти ҷонӣ ба бор наовардаанд.
Манбаъ: «Ховар»