Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СЕ НАФАР БО ГУМОНИ ҚАЛЛОБӢ

Як сокини 47-солаи ҷамоати Мирзо Ризо аз Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки тайи 5 соли кораш дар корхонаи хусусии як шаҳрванди 49-солаи Афғонистон 225 ҳазор сомонӣ маблағи барои харидани узвҳои дохилии чорво ҷудоҳударо аз худ карда, барои манфиати шахсиаш харҷ кардааст. Ин сокини Ҳисор аз соли 2014 то 2019 дар корхонаи шаҳрванди Афғонистон, ки дар Душанбе кору зиндагӣ мекунад, ба ҳайси таъминкунандаи маҳсулот кор мекардааст.

Сокини 37-солаи қаблан ҳам бо ҷурми қаллобӣ судшудаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки 10 октябри соли 2020 дар кӯчаи Охунбобоев бо роҳи фиреб ба боварии як марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада,  аз ӯ бо ваъдаи аз Дубай овардани мошини гаронбаҳо 50 ҳазор доллар гирифтааст. Вале то кунун ӯ ба ҷабрдида на мошин овардааст ва на пулашро баргардондааст. ВКД гуфт, ӯ ин пулро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Инчунин, як зани 54-солаи сокини ноҳияи Хуросон низ бо гумони қаллобӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин зан 1 июли соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ маблағи 50 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 47-сола бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайн карда шуд, ки марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор, аз соли 2014 то соли 2019, дар корхонаи хусусии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марди 49-солаи муввақатан сокини шаҳри Душанбе дар асоси шартномаи шифоҳӣ дар вазифаи таъминкунанда бо маҳсулот кор ва фаъолият намудааст.
Номбурда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади азонихудкунӣ маблағҳои пулии ҷабрдидаро, ки барои харидорӣ намудани узвҳои дохилии чорво ҷудо шуда буд, аз соли 2014 то соли 2019 ҷамъ ба маблағи 225 ҳазор 201-сомониро азонихуднамуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 10-уми октябри соли 2020, ҳангоми дар кӯчаи Охунбобоев-26 қарор доштанаш марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, aз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай автомашинаи гаронбаҳо оварда ба ӯ медиҳад, аммо маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 54-солаи сокини ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 1-уми июли соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ маблағи 50 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button