ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 5 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 5 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ТАЛАФОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БО ҚИРҒИЗИСТОН  БА 20 НАФАР РАСИД

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ АЗ НАВ СОХТАНИ ХОНАҲОИ ХАРОБШУДАИ МАРДУМИ ИСФАРА ВА ОВЧӢ-ҚАЛЪАЧА ЯК МОҲ ВАҚТ ДОД

700 ҲАЗОР СОМОНӢ КУМАК – БА ОИЛАҲОИ ҚУРБОНИЁНИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ

МУНОҚИШАИ ХУНИН САРИ ҲОКИМОНИ ВИЛОЯТУ НОҲИЯИ БОДКАНДРО ХӮРД

КОРМАНДИ МБТИ ВАҲДАТ БА “ГИРИФТАНИ МУКОФОТ БО РОҲИ ТАМАЪҶӮӢ” АЙБДОР МЕШАВАД

ҲУШЁР БОШЕД! ХАТАРИ СЕЛУ ТАРМАВУ ЖОЛА ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 7 МАЙ БОҚӢ МЕМОНАД

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА ЯК КӮДАК ДАР 3 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР МАСТЧОҲУ ВАҲДАТ ВА КОНИБОДОМ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Радиои Озодӣ рӯзи 5 май номи боз ду қурбонии дигар аз тарафи Тоҷикистон дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистонро нашр кард. Ҳакимбой Ниёзови 39-сола ва Нусратулло Набиеви 20-сола ҳарду сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, яке аз нуқоти доғи ҷанҷолҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ будаанд.

Шукурхон Самиев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ марги ин ду сокини ин ҷамоатро тасдиқ карда, гуфтааст, яке аз онҳо  – Нусратулло Набиев – сарбоз буд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун расман ҳаҷми талафоти ҷонии тарафи худ дар ҷараёни муноқишаи марзӣ бо Қирғизистонро ошкор накардаанд.

Рӯзи 4 май як манбаи «Азия Плюс» дар маъмурияти вилояти Суғд хабар дода буд, ки дар муноқишаҳои поёни моҳи апрел дар марз аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 88 нафар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, 15 нафар дар Исфара ва 4 нафар дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷон бохта, аз ин 19 нафари кушташуда 10 нафараш шаҳрвандони мулкӣ ва 9 тани боқимонда марзбонон ва кормандони дигар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мебошанд. Ба иттилои ин манбаъ, ҳамин тавр, 64 нафар дар Исфара ва 24 кас дар Б.Ғафуров ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо нашри исми боз ду қурбонии муноқишаҳои ахир аз ҷониби Радиои Озодӣ иттилои ин манбаъ дар мавриди шумори кушташудаҳо аз ҷониби Тоҷикистонро зери суол мебарад, чунки дар ҳоле ки манбаи “Азия Плюс” шумори кушташудаҳоро 19 нафар мегуфт, дар матбуот то имрӯз алакай исми 20 кушташудашуда аз ҷониби Тоҷикистон нашр шудааст.

Ва аммо тандурустии Қирғизистон расман хабар додааст, ки аз он тараф дар муноқишаи ахир дар марз бо Тоҷикистон 34 нафар ба ҳалокат расида, 149 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

ххххххххххххххх

Рӯзи 5 май раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ  ба манзилҳои  шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд ва ба ҳар оила 70 ҳазор сомонӣ, дар умум ба 10 оила 700 ҳзаор сомонӣ кумаки пулӣ расондаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки раиси вилоят ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ таъкид кардаанд, ки “қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд”. Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд низ гузошта мешавад.

Раиси вилояти Суғд рӯзи 5 май ҳамчунин дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, боздид карда, бо соҳибони онҳо суҳбат кардааст.

Ин диду боздидҳо дар пайи гуфтугӯи телефонии субҳи 5 майи президент Эмомалӣ Раҳмон бо Раҷаббой Аҳмадзода аст. Эмомалӣ Раҳмон дар он гуфтугӯ амр дод, ки мунтазам аз аҳволи оилаҳои осебдида бохабар шуда, дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор созанд ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд.Президент ҳамчунин супориш дод, ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 наздикони худро аз даст додаанд, кӯмакҳои моддию молиявӣ бирасонанд.

Давлат ва Ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем”, – гуфт Аҳмадзода зимни мулоқот бо сокинони Хоҷаи Аъло ва Сомониён.

Ба ҳисоби пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар ҷараёни нооромиҳои рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар Исфара 14 хона пурра ва ду хонаву як иншооти ёрирасон қисман сӯзонда шуда, дар деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров як хонаву як мактабро қисман сӯзондаанд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи сӯзондани 78 хонаву 10 нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, 8 мағоза, 2 мактаб, як боғчаи кӯдакон, як идораи пулис, 3 посгоҳи марзбонӣ ва як бунгоҳи тиббӣ хабар додааст.

хххххххх

Абдукарим Алимбоев

Сарвазири Қирғизистон Уулуғбек Маъруфов намояндаи салоҳиятдори ҳукумат дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев ва раиси ноҳияи Бодканд Оқилбек Оразовро аз мақомҳояшон барканор кардааст. Онҳо роҳбароне буданд, ки дар поёни моҳи апрел дар марз бо Тоҷикистон ба хунрезиҳои дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Миёна бесобиқаа роҳ доданд.

Суваналиев ҳанӯз рӯзи 4 май дар бораи истеъфояш аз мақоми волии вилояти Бодканд хабар дод ва гуфт, бо қарори ҳукумат ӯро ба кори дигар мегузаронанд. Генерал майор Суваналиев, ки 61 сол дорад, тоза 15 феврали соли 2021 ба раҳбарии вилояти Бодканд таъйин шуда буд, вале дар ин мақом ҳамагӣ камтар аз 3 моҳ кор карда тавонист.

Бо қарори сарвазир Абдукарим Алимбоев намояндаи нави ҳукумат дар вилояти Бодканд таъйин шудааст.

“Алимбоев намояндаи босалоҳияти ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодканд таъйин шуд. Қарори марбутаро сарвазир Улуғбек Маъруфов имзо кард “, – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон.

Абдукарим Олимбоев 48 сол дошта, то соли 2016 раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон буд. Солҳои охир ӯ дар мақоми сардори ситоди ин хадамот хидмат мекард.

Ҳамин тавр, бинои ба иттилои хадамоти матбуоти кобинаи вазирони Қирғизистон, “бо қарори сарвазир Улуғбек Маъруфов, Оқилбек Оразов аз мақоми раҳбари маъмурияти давлатӣ – ҳокими ноҳияи Бодканд озод карда шуд.”

Оразов роҳбарии доғтарин нуқта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон – ноҳияи бо Исфара ҳаммарзи Бодкандро ба дӯш дошт ва як раҳбари зиддунақиз ба шумор мерафт. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 29 апрел вақте тир хӯрд, ки барои музокирот бо Оразов ба деҳаи марзии Хоҷаи Аъло омада буд.

Ёдовар мешавем, ки Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзи аввали муноқиша – 28 апрел – Оразовро ба иғвогарӣ айбдор карда буданд.

хххххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Абдулхайров Искандар Раҷабалиевич, мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ) дар шаҳри Ваҳдатро анҷом дода, барои  баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Маркази матбуоти агентӣ гуфт, Искандар Абдулхайров “моҳҳои сентябр-октябри соли 2020 аз шаҳрванд Саидмуродов С.Ҳ. барои аз нав тартиб додани шиносномаи техникӣ-ҳавлидории манзили истиқоматии падараш-Саидмуродов Ҳ.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Янги-бозор, хонаи 14а  маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.”

Абдулхайров бар асоси қисми якуми моддаи 324-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба “гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне талаб кардани мукофоти молӣ ё фоидаи молу мулкӣ аз ҷониби хизматчии корхона барои иҷрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, ҳамчунин қасдан гузоштани шаҳрванд дар чунин шароите, ки ӯ барои пешгирӣ кардани вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандааш маҷбур аст чунин мукофотро барояш муҳайё созад” айбдор мешавад. “Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ” амалан гирифтани пора аст, вале аз ҷониби онҳое, ки корманди давлатӣ нестан.

 Бар асоси ин банди қонун ба Абдулхайров ҷарма ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 30 ҳазор то 60 ҳазор сомонӣ) ваё то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Корхонаҳо  давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ), ки ба ҳуҷҷатгузории манзил ва дигар молу мулки ғайриманқули мардум машғул мебошанд, яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

хххххххххх

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 5-6-уми май дар як қатор ноҳияҳои мамлакат (ғайр аз ВМКБ) борон меборад, раъду барқ мешавад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ аз шиддати боронҳои шадид омадани сел эҳтимол дорад. Обуҳавошиносон ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш, Сурхоб, Обихингоб, Зарафшон ва Исфараро пешгӯӣ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки алакай рӯзи 4 май бар асари боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сел омад.  Аз ҷумла, дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун кӯҳпорае канда шуда, роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахшро аз километри 76 то 86 муваққатан баст. Ҳамчунин рӯзи 4 май сел дар дуҳаи Угуки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бахше аз заминҳои кишоварӣ ва қитъаҳои ёрирасони наздиҳавлигиро зери об кардааст.

КҲФ ба сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар дар Тоҷикистон то рӯзи 7 май идома мекунад. Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин ҳавошиносон болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро пешгӯӣ мекунанд.

Ба ин далел КҲФ аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳои талотуми офатҳои табиӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд ва ҳамеша эҳтиёт кунанд.

Аз мардум аз ҷумла хоста мешавад, ки то хуб шудани вазъи ҳаво дар ин ду рӯзи 5 ва 6 май  ба хотири таъмини амнияти шахсӣ:

–  аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезум ё занбурӯғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ кунанд

– ба бачаҳо бештар диққат дода, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоранд

– аз рафтан ба соҳили обанбору дигар махзанҳои об худдорӣ кунанд ва ба моҳидорӣ нараванд.
– бо мақсади пешгирӣ аз вуруди селу селоба ба ҳавлиҳо ва заминҳои кишт ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳоро сари вақт тоза кунанд.

хххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Дар байни ҳамагӣ 13 соат – аз шоми 3 май то субҳи 4 май – дар Тоҷикистон дар се садамаи марговар се нафар, аз ҷумла ду пиёдагард, бо шумули як кӯдаки ҳаштсола ҷон додаанд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, шоми 3 май, соати 19:10, бар асари ба ҷарии тахминан 110 метр чаппа шудани мошини тамғаи “Муссо” дар ҳудуди деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ мусофири ин мошин Садоратмоҳ Мингбошиева, сокини 39-солаи ҷамоати Иван Тоҷики  ҳамин ноҳия дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Субҳи барвақти 4 май, соати тахминан 04:30, пиёдагард Мурод Тоҳиров, сокини 61-солаи ҷамоати Лоҳутии  Конибодом дар роҳи Хуҷанд –  Конибодом зери чархи мошини “Мерседес” монда дар беморхона ҷон додааст.

Субҳи 4 май, соати 08:00, дар ҳудуди ҷамоати Н.Розиқ дар канори шаҳри Ваҳдат Нилуфар Олимоваи 8-сола зери чархи мошини “Мерседес” монда, дар беморхона ҳалок шудааст.

ВКД гуфт, дар ҳар се маврид ронандагон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, ба садамаҳои марговар роҳ додаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххх

Се ноболиғи 15-сола ва як ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ба он гумонбар мешаванд, ки соати дуи шаби 2 май пинҳонӣ вориди манзили як зани 30-солаи сокини Шоҳмансур шуда, 78 ҳазор сомониашро дуздидаанд.

Ду ноболиғи 16-сола, як навраси 15-сола ва як навраси 17-сола, сокинони ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 2 ба 3 май, пинҳонӣ ба тарабхонаи “Чашма” дар қасабаи 1-уми шаҳри Турсунзода даромада, 3 кондитсионери тамғаи “ЛҶ-Самсунг”-ро шикастаанд ва аз дохилаш қисмҳои эҳтиётии онро дуздидаанд. Зарари расонидашуда ба соҳиби тарабхона – сокини 34-солаи Душанбе 15 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button