ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МУНОҚИШАИ ХУНИН САРИ ҲОКИМОНИ ВИЛОЯТУ НОҲИЯИ БОДКАНДРО ХӮРД

Сарвазири Қирғизистон Уулуғбек Маъруфов намояндаи салоҳиятдори ҳукумат дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев ва раиси ноҳияи Бодканд Оқилбек Оразовро аз мақомҳояшон барканор кардааст. Онҳо роҳбароне буданд, ки дар поёни моҳи апрел дар марз бо Тоҷикистон ба хунрезиҳои дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Миёна бесобиқаа роҳ доданд.

Суваналиев ҳанӯз рӯзи 4 май дар бораи истеъфояш аз мақоми волии вилояти Бодканд хабар дод ва гуфт, бо қарори ҳукумат ӯро ба кори дигар мегузаронанд. Генерал майор Суваналиев, ки 61 сол дорад, тоза 15 феврали соли 2021 ба раҳбарии вилояти Бодканд таъйин шуда буд, вале дар ин мақом ҳамагӣ камтар аз 3 моҳ кор карда тавонист.

Омурбек Суваналиев

Бо қарори сарвазир Абдукарим Алимбоев намояндаи нави ҳукумат дар вилояти Бодканд таъйин шудааст.

“Алимбоев намояндаи босалоҳияти ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодканд таъйин шуд. Қарори марбутаро сарвазир Улуғбек Маъруфов имзо кард “, – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон.

Абдукарим Олимбоев 48 сол дошта, то соли 2016 раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон буд. Солҳои охир ӯ дар мақоми сардори ситоди ин хадамот хидмат мекард.

Ҳамин тавр, бинои ба иттилои хадамоти матбуоти кобинаи вазирони Қирғизистон, “бо қарори сарвазир Улуғбек Маъруфов, Оқилбек Оразов аз мақоми раҳбари маъмурияти давлатӣ – ҳокими ноҳияи Бодканд озод карда шуд.”

Оразов роҳбарии доғтарин нуқта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон – ноҳияи бо Исфара ҳаммарзи Бодкандро ба дӯш дошт ва як раҳбари зиддунақиз ба шумор мерафт. Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 29 апрел вақте тир хӯрд, ки барои музокирот бо Оразов ба деҳаи марзии Хоҷаи Аъло омада буд.

Ёдовар мешавем, ки Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзи аввали муноқиша – 28 апрел – Оразовро ба иғвогарӣ айбдор карда буданд.

28-уми апрели соли 2021, соати 16: 00 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи сарҳадӣ рух дод. Шаҳрвандони Қирғизистон ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, – гуфта мешуд дар изҳороти маркази матбуоти қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон.

Рӯзи 29 апрел мухолифати тарафҳо дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва марзи ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Лайлак  ба тирпарронии шадид  бо истифода аз автомату миномётҳо ва мошинҳои зиреҳпӯшу дигар техникаи низомӣ печид. Бино ба ҳисобҳо, дар муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Қирғизистон 34 нафар кушта ва 149 нафар захмӣ шуда, аз ҷониби Тоҷикистон дастикам 20 нафар ҷон бохтаанд ва 88 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин муноқиша пурқурбонитарин буҳрон нафақат дар таърихи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар тамоми Осиёи Марказӣ  дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button