ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: ҲУШЁР БОШЕД! ХАТАРИ СЕЛУ ТАРМАВУ ЖОЛА ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 7 МАЙ БОҚӢ МЕМОНАД

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 5-6-уми май дар як қатор ноҳияҳои мамлакат (ғайр аз ВМКБ) борон меборад, раъду барқ мешавад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ аз шиддати боронҳои шадид омадани сел эҳтимол дорад. Обуҳавошиносон ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш, Сурхоб, Обихингоб, Зарафшон ва Исфараро пешгӯӣ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки алакай рӯзи 4 май бар асари боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сел омад.

 Аз ҷумла, дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун кӯҳпорае канда шуда, роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахшро аз километри 76 то 86 муваққатан бастааст. КҲФ гуфт, барои бартараф намудани паёмади ин офати табиӣ фавран чораҳо андешида шуда, бо ёрии техникаи махсус роҳ поккорӣ гардид ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Ҳамчунин рӯзи 4 май сел дар дуҳаи Угуки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бахше аз заминҳои кишоварӣ ва қитъаҳои ёрирасони наздиҳавлигиро зери об кардааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ноҳияҳоии ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.

КҲФ ба сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар дар Тоҷикистон то рӯзи 7 май идома мекунад. Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин ҳавошиносон болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро пешгӯӣ мекунанд.

Ба ин далел КҲФ бори дигар аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳои талотуми офатҳои табиӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд ва ҳамеша эҳтиёт кунанд.

Аз мардум аз ҷумла хоста мешавад, ки то хуб шудани вазъи ҳаво дар ин ду рӯзи 5 ва 6 май  ба хотири таъмини амнияти шахсӣ:

–  аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезум ё занбурӯғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ кунанд

– ба бачаҳо бештар диққат дода, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоранд

– аз рафтан ба соҳили обанбору дигар махзанҳои об худдорӣ кунанд ва ба моҳидорӣ нараванд.
– бо мақсади пешгирӣ аз вуруди селу селоба ба ҳавлиҳо ва заминҳои кишт ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳоро сари вақт тоза кунанд.

Кӯҳпора роҳи мошингардро муваққатан баст. Сел дар деҳаи Угуки Деваштич ба заминҳои кишоварзӣ осеб расонд

Бар асари боронҳои шадид дар баъзе минтақаҳои кишвар сел омад. Аз ҷумла, дар қаламрави Оби Гарм ва Сичароғи шаҳри Роғун кӯҳпорае канда шуд ва муваққатан роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахшро дар километри 76 то 86 баст. Барои бартараф намудани паёмади ин офати табиӣ фавран чораҳо андешида шуданд ва бо ёрии техникаи махсус роҳ поккорӣ ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Сел дар дуҳаи Угуки ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бахше аз заминҳои кишоварӣ ва қитъаҳои ёрирасони наздиҳавлигиро зери об кардааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ноҳияҳоии ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳавои номусоид ва боронҳои шадиду селовар то рӯзи 7-уми май идома мекунад. Дар ин рӯзҳо лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сел дар ноҳяҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, водиҳо ва роҳҳои мошингарди кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин ҳавошиносон болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳоро низ пешгӯӣ мекунанд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад ҳушёриро аз даст надиҳанд ва ҳамеша эҳтиёт кунанд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадид ва раъду барқ дар кишвар

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 5-6-уми май дар як қатор ноҳияҳои мамлакат (ғайр аз ВМКБ) борон меборад, раъду барқ мешавад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ аз шиддати боронҳои шадид омадани сел эҳтимол дорад. Обуҳавошиносон ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш, Сурхоб, Обихингоб, Зарафшон ва Исфараро пешгӯӣ мекунанд.
Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад ба хотири таъмини амнияти шахсӣ дар ин ду рӯз аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезум ё занбурӯғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ кунанд. 
Ба бачаҳо бештар диққат диҳед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред.  

КҲФ ҳамчунин аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо дар наздикии обанбору дигар махзанҳои об ҳузур наёбанд, моҳидорӣ нараванд.
Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди селу селоба ба ҳавлиҳо, заминҳои кишт сари вақт тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳо ба мақсад мувофиқ аст. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button