ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонНомаҳо ба президент

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ АЗ НАВ СОХТАНИ ХОНАҲОИ ХАРОБШУДАИ МАРДУМИ ИСФАРА ВА ОВЧӢ-ҚАЛЪАЧА ЯК МОҲ ВАҚТ ДОД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 май дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амр додааст, ки  тамоми манзилҳои дар ҷараёни муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон харобшударо дар як моҳ пурра барқарор кунанд ва ба оилаҳои қурбониёни ин муноқиша ёриҳои моддиву молиявӣ расонанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни ин суҳбати телефонӣ ибтидо раиси вилояти Суғд ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои то кунун андешидашуда барои барқарор кардани манзилҳои харобшудаи мардум ҳисобо дода, аз ҷумла иттилоъ додааст, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба навбати худ ба Раҷаббой Аҳмадзода дастур додааст, ки “мунтазам аз аҳволи оилаҳои осебдида бохабар шуда, дар муддати 1 моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор созанд ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин намоянд.”

Президент ҳамчунин ба раиси вилояти Суғд супориш додааст, ки “ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 наздикони худро аз даст додаанд, кӯмакҳои моддию молиявӣ бирасонанд.”

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин муваззаф шудааст, ки рафти иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмонро зери назорати қатъӣ гирифта, аз ҷараён ва натиҷааш дар муҳлати муайянгардида ба ҳукумат ҳисоботи муфассал ирсол кунад.

Ба ҳисоби пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар ҷараёни нооромиҳои рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар Исфара 14 хона пурра ва ду хонаву як иншооти ёрирасон қисман сӯзонда шуда, дар деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров як хонаву як мактабро қисман сӯзондаанд.

Мақомоти Тоҷикистон расман шумораи захмиёни кушташудаҳо дар ҷараёни муноқишаи ахири марзиро нашр накардаанд, вале манобеи ғайрирасмӣ аз ҳалокати дасти кам 20 нафар ва ҷароҳат бардоштани ҳудуди 90 нафар хабар медиҳанд.

Ҷониби Қирғизистон дар бораи ҳалокати 34 ва ҷароҳат бардоштани 149 шаҳрвандаш ва сӯзондани 78 хонаву 10 нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, 8 мағоза, 2 мактаб, як боғчаи кӯдакон, як идораи пулис, 3 посгоҳи марзбонӣ ва як бунгоҳи тиббӣ хабар додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button