ВидеоСиёсатЧеҳраҳо

ЭМОМАЛӢ НАСРИДДИНЗОДА ЁРДАМЧИИ НАВИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ШУД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 май бо имзои як фармон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Сайфиддин Насриддинзодаро ёрдамчии президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин кард. Эмомалӣ Насриддинзода, ки дар интихоботи парлумонии соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд, дар мақоми ёрдамчии президент академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро иваз кард. Раҳмонзода, ки аз соли 2014, тайи 7 сол ёрдамчии президент ва амалан масъули сиёсати дохилии ҳукумати Тоҷикистон буд, рӯзи 4 май ба ҷои Содиқ Имомӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин шуд.

Эмомалӣ Сайфиддин Насриддинзода 2 июли соли 1966 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омада, соли 1983 мактаби миёнаи №8-и шаҳраки Кангурт ва соли 1990 Донишкадаи омӯзгорӣ ва соли 2003 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.

Ӯ соли 2008 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон” ва соли 2015 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” ҳимоя кардааст. Эмомалӣ Насриддинзода  соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шудааст.

Насриддинзода собиқаи кориашро соли 1990 ба ҳайси муаллими мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Балҷувон оғоз карда, солҳои 1993-2006 ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аз 2003 то 2004 корманди Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлия буд.

Солҳои 2003-2006 унвонҷӯи Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ.

Соли 2006 мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Солҳои 2006-2007 муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2007-2009 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба тарбия.

Солҳои 2009-2011 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ оид ба таълим.

 Аз моҳи августи соли 2011 то 2016 декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.

Дар интихоботи рӯзи 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Бо ордени “Шараф дараҷаи II” сарфароз гардидааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
таъин намудани Насриддинзода Э.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 майи соли 2021
№176

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button