ВидеоСиёсатТоҷикистон

ЁРДАМЧИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН САФИРИ ДУШАНБЕ ДАР ТОШКАНД ТАЪЙИН ШУД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 май ёрдамчиаш Абдуҷаббор Раҳмонзодаро сафири нави Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъйин кард. Сафири қаблии Тоҷикистон дар Тошканд Содиқ Имомӣ ҳафтаи гузашта ба Душанбе баргашт ва муовини вазири хориҷа таъйин шуд.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода 62 сол дошта, зодаи деҳаи Андароб дар канори шаҳри Кӯлоб аст. Раҳмонзода аз соли 2014 дар мақоми ёрдамчии президен дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард. Ӯ солҳои 2004-2005 раиси кумитаи телевизион ва радио ва сипас тайи 7 сол, то соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон буд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода тайи 7 соли охир яке аз нафарони масъули таҳия ва амалӣ сохтани сиёсати дохилии президент Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд.

 Рӯзи 4 май бо фармонҳои президент ҳамчунин Почохон Зарифзода аз мақоми раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Ҳасан Дӯстзода аз мақоми раиси ноҳияи Нуробод барканор карда шуданд. Сабаби барканории онҳо “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба кадом мансаби наве таъйин шудаанд?

Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ Гулзода Зафар Шамсудинро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Ҷобирзода Додарҷон Пулодро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин кардааст.

Ҳамин тавр, бо амрҳои президент Идизода Файзалӣ Фузайлшо “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи президент ва Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шуданд. Қобили ёдоварист, ки Сафолзода зери дасти академик Раҳмонзода кор мекард.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
озод намудани Раҳмонзода А.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021
№170

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон
озод намудани Зарифзода П.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Зарифзода Почохон Ҳабибулло бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021
№171

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод
озод намудани Дӯстзода Ҳ.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Дӯстзода Ҳасан Тағдир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021
№172

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон
таъин намудани Раҳмонзода А.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021
№173

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон
таъин намудани Гулзода З.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гулзода Зафар Шамсудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021
№174

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Нуробод таъин намудани Ҷобирзода Д.П.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҷобирзода Додарҷон Пулод иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021
№АП-61

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 майи соли 2021
№АП-62

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button