РАИСИ ИСФАРА ЧӢ ГУНА ДАР МАРЗ ТИР ХӮРДАНАШРО НАҚЛ КАРД (ВИДЕО)
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Фарзони Муҳаммадӣ чӣ гуна рӯзи 29 апрел дар марз бо Қирғизистон тир хӯрданашро нақл кардааст.
Баҳодурзода ҳоло дар бемористони Хуҷанд таҳти табобат қарор дорад. Ду рӯз пеш табибон тавассути амалиёти ҷарроҳӣ тирро аз китфи шаҳрдори Исфара берун оварданд. Ӯ мегӯяд, аз китфи росташ тир хӯрда буд, вале тир то ба қисмати чапи баданаш рафтааст.
Баҳоваддин Баҳодурзода ҷониби Қирғизистон дар шурӯи муноқишаи ахири хунин айбдор кард ва гуфт, видеокамераҳои назоратие, ки сабаби ин муноқиша шуд, дар ин тарафи пул (кӯпрук) , яъне дар қаламрави Тоҷикистон насб шуда буд, вале ҷониби Қирғизистон таҳдид кард, ки агар камераҳоро нагиред, мо ба зӯрӣ мегирем.
Баҳодурзода рӯзи 29 апрел барои музокирот бо раиси ноҳияи Бодканд Оқилбек Оразов ба марз рафта буд ва дар назди дарғоти баҳсии “Головной” дар интизори ҳамтои қирғизаш бо мардум суҳбат мекард, ки соати 13:05 ё 13:10 ногаҳон аз сӯи Қирғизистон ба тарафи ӯ тир кушоданд. Шаҳрдори Исфара гуфт, баъди захмӣ шудан тӯли 4 соати дигар натавонистааст аз маҳалли тирпарронӣ берун барояд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки чанд нафар аз марзбонони тоҷик барои наҷоти ҷони Баҳоваддин Баҳодурзода худро сипар карда, тир хӯрдаанд ва дастикам як нафари онҳо – зодаи ноҳияи Фархор прапоршики 31-сола Акбар Ҳасанов кушта шуд.
Генерал Хуршед Муҳаммадзода, сардори раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД Тоҷикистон, ки воҳидҳое махсусе, чун ОМОН, СОБР ва “спетсназ” дар ихтиёри ӯст, рӯзи 3 май нақл кард, ки дар атрофи дарғоти “Головной” асосан снайперҳои касбӣ кор мекарданд.
“Қурбониён аз тарафи мо аз пешониашон тир хӯрданд. Пешониро фақат тирандозҳои хеле касбӣ чӯт (нишон) мегиранд. Тибқи протоколи дуҷониб дар марз фақат шумори маҳдуди нирӯҳои қудратиро метавонанд нигоҳ бидоранд. Тирандозҳои касбӣ дар марз аз куҷо пайдо шуданд?” – суол гузошт генерали тоҷик дар мусоҳибааш бо “Азия Плюс”.
Баҳоваддин Баҳодурзода низ мегӯяд, ки тирандозиро тарафи Қирғизистон сар кард: “Аввал сангпартоӣ шуд, баъд аз он низомиён бе огоҳӣ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд.”
Вале ҷониби Қирғизистон баракс ҷониби Тоҷикистонро дар шурӯи муноқишаи ахир дар марз айбдор мекунад ва мегӯяд, танҳо дар назди дарғоти баҳсии “Головной” ҷасади беш аз 26 шаҳрванди Қирғизистонро пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, онҳо аз тири миномёт кушта шудаанд.
Дар умум, то имрӯз Қирғизистон аз ҳалокати 34 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 149 тани дигар хабар додааст. Мақомоти Тоҷикистон расман омори қурбониёни ин тарафро нашр накардаанд, вале як манбаи “Азия Плюс” дар ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 4 май гуфт, аз тарафи Тоҷикистон дар муноқишаи ахир 19 нафар кушта ва 88 тани дигар захмӣ шудаанд.
Раиси Исфара чӣ гуна дар марз тир хӯрданашро нақл кард. ВИДЕО
Фарзон Муҳаммадӣ, Радиои Озодӣ
Раиси шаҳри Исфара, ки рӯзи 29-уми апрел дар марз бо Қирғизистон захмӣ шуда буд, гуфт, пизишкони бемористони шаҳри Хуҷанд тирро аз баданаш берун овардаанд ва ӯ ба зудӣ ба кор бармегардад. Баҳоваддин Баҳодурзода 4-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки он рӯз барои ҳалли муноқиша ба Маркази тақсими об, машҳур бо номи “Головной”, рафта буд, вале баъди тир хӯрдан чаҳор соат натавонист маҳалли ҳодисаро тарк кунад.
Ӯ ҷониби Қирғизистонро барои оғози ҷанг айбдор кард. Мақомоти Қирғизистон дар навбати худ сокинону низомиёни тоҷикро барои оғози муноқишаи хунин гунаҳкор мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-юми май гуфт, “ин нерӯҳои марзбони Қирғизистон буданд, ки чанд низомии тоҷик ва Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфараро, ки барои ҳалли ҷанҷол рафта буд, бо зарби тир маҷруҳ карданд.” Ду тараф дар робита ба ҷанг дар сарҳад парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Баҳоваддин Баҳодурзода дар бемористони Хуҷанд баргузор шуд.
– Саломатиям хуб аст ва, Худо хоҳад, рӯзҳои наздик ба кор бармегардам.
– Кай аз шифохонаи Исфара ба бемористони Хуҷанд интиқол ёфтед?
– Рӯзи 30-юми апрел. Барои тирро гирифтан маро ба ин ҷо, ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд, оварданд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашт. Ҳоло вазъиятам нағз аст. Омода ҳастам, ки боз ба халқу ватан хидмат кунам.
– Дақиқан аз куҷо захмӣ шудед?
– Аз тарафи китфи рост захмӣ шудам. Духтурон тирро аз тарафи чап ёфта гирифтанд. Дар масъалаи саломатӣ ягон ташвиш надорам.
– Маълум шуд, ки тири чӣ будааст?
– Инро “экспертиза” маълум мекунад.
– Дар кадом шароит захмӣ шудед?
– Мехостам, ба он ҷо рафта, масъалаҳоеро, ки ба миён омада буд, бо роҳи гуфтушунид ҳал кунем. Афсӯс, ки аз тарафи давлати ҳамсоя бе ягон огоҳӣ, бе ягон огоҳии ҷангӣ тир кушода шуд ва ман дар он ҳолат захмӣ шудам.
– То бемористон расидан чанд лаҳза дар маҳалли ҳодиса мондед?
– Тӯли чаҳор соат дар он ҷо қарор доштам.
– Кӣ бештар кумак расонд?
– То ба беморхона овардан як корманди ҳукумат ва маъмурони Шуъбаи корҳои дохилӣ кумак расонданд.
– Ин дақиқан кадом рӯз ва кадом соат аст?
– Ҳамон соатҳои аввали муноқиша. Пас аз сангпартоӣ, аз тарафи ҳамсояҳо тир кушоданд, аллакай ман захмӣ шуда будам. 29-уми апрел, соати 13:05 ё шояд 13:10. Шунидем, ки мардуми ҳамсоя бисёр ҷамъ шуда истодаанд, барои муноқиша сар наздан, барои гуфтушунид бо роҳбарони ҷумҳурии Қирғизистон ба он ҷо рафтем.
– Рӯзи насби камера, ки бисёриҳо онро сабаби муноқиша медонанд, кадом буд?
– Санаи 28-уми апрел.
– Дар ҷониби Тоҷикистон чанд дурбини назоратӣ ҳаст?
– Дар тарафи Тоҷикистон се камера ва дар тарафи ҷумҳурии ҳамсоя шояд зиёда аз 4-5 камера насб карда шудааст.
– Ҷое, ки камера часпондед, ҳудуди Тоҷикистон аст ё кишвари ҳамсоя?
– Ҳудуди Тоҷикистон аст. Аз пул ин тараф.
– Сокинони он тараф чӣ мегӯянд? Ҳудуди Қирғизистон?
– Мо исбот кардем, ки аз рӯйи хатти шартӣ қаламрави Тоҷикистон аст.
– То чӣ ҳад ба ин гуфтаҳои Шумо розӣ шуданд?
– Онҳо гуфтанд, ки агар камераро нагиред, маҷбуран, ба таври зӯрӣ мегирем.
– Шурӯи ҷанг аз тарафи кӣ буд?
– Оғози ҷанг аз тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон.
– Сокинони мулкӣ буданд, ё низомиён?
– Аввал сангпартоӣ шуд, баъд аз он низомиён бе огоҳӣ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд.