Хабарҳои кӯтоҳ

ДУХТАРЧАИ СЕСОЛАРО БАЪДИ ЧАНД СОАТИ ҶУСТУҶӮ АЗ КӮҲИ КАМАРОБИ КАЛОН ЁФТАНД

Наҷотбахшони воҳиди зудамали КҲФ Тоҷиктистон дар минтақаи Рашт дар ҷараёни як амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ як духтарчаи сесоларо, ки дар кӯҳ гум шуда буд, пайдо кардаанд.

Сокинон ба қисми навбатдории КҲФ занг зада хабар додаанд, ки дар ҳудуди деҳаи Шулеи ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт кӯдаки хурдсол гум шудааст.

Наҷотбахшон ба ҷои ҳодиса расида, маълум кардаанд, ки як сокини Шуле ҳамроҳи аҳли оилааш дар наздикии мавзеи кӯҳистонии Камароби калон машғули корҳои деҳқонӣ будааст.

“Аз бепарвоии волидон ва набудани назорат, кӯдаки сесола аз хайма баромада ба самти номаълум рафтааст. Ҷустуҷӯи мустақилонаи кӯдак натиҷа надодааст ва волидони тарсхӯрда ба наҷотбахшон занг задаанд”, – гуфта мешавад дар гузорише, ки рӯзи 4 май дар сомонаи расмии КҲФ Тоҷикистон нашр шуд.

Бино ба ин манбаъ, наҷотбахшон ба чанд гуруҳ тақсим шуда, баъди чанд соати ҷустуҷӯ духтарчаро якуним километр поёнтар аз макони хаймаи волидонаш пайдо кардаанд ва ба падару модараш супурдаанд.

КҲФ Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса бори дигар аз волидон хостааст, ки нисбат ба фарзандони худ, ба хусус нисбат ба фарзандони хурдсол, ҳадди аксари таваҷҷуҳро намоиш диҳанд ва онҳоро танҳо нагузоранд. “Як лаҳза бепарвоиву фориғболӣ ҳам метавонад сабаби фоҷиа шавад”, – таъкид кардааст КҲФ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button