ВидеоИқтисодМуҳоҷиронНуқтаи назар

ЧАРО БА ҶОИ МО ДИГАРОНРО САВОР КАРДЕД? ҶАНҶОЛ ДАР ПАРВОЗИ ДУШАНБЕ – МАСКАВИ ШИРКАТИ “СОМОН ЭЙР”

Рӯзи 4 май ҳангоми сабти ном мусофирони парвози  Душанбе – Маскави ширкати “Сомон Эйр”  дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ҷанҷол бархостааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, се муштарии “Сомон Эйр”, ки ба парвози Маскав чипта харида буданд, дер кардаанд. Парвоз бояд соати 12 сурат мегирифт ва тибқи қоидаи маъмул, мусофирон бояд ду соат пеш дар фурудгоҳ ҳозир шаванд.

Аммо он се муштарӣ ба кадом далели ҳанӯз норавшан дертар, баъди соати 11 ба фурудгоҳ ҳозир шудаанд. Дар ин байн дар касса ба се ҷои онҳо алакай ба се хоҳишманди дигари парвоз ба Маскав чипта фурӯхтаанд ва он се муштарӣ ва наздикони онҳо, ки барои гуселашон ба фурудгоҳ омада буданд, ҷанҷол бардоштаанд.  Онҳо иддао кардаанд, ки ин се чиптаи охиринро ҳар кадомашро бо нархи 15 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд. Ин дар ҳолест, ки нархи расмии чиптаҳои “Сомон Эйр” барои парвоз аз Душанбе ба Маскав 4 ҳазору 50 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, бо вуҷуди норозигиву эътирози он се муштарӣ ва наздиконашон ба парвози “Сомон Эйр” се нафари тоза чипта харидаро роҳ доданд ва ба он се нафари норозӣ иваз кардани чиптаҳояшон ба ягон парвози баъдиро ваъда кардаанд.

Вале дар ширкати “Сомон Эйр” ба сомонаи “Бомдод” гуфтанд, ки аз чунин як моҷаро хабар надоранд ва касе аз муштариён ҳам шикоят накардааст.

Дар ширкати ҳавопаймоӣ чунин ҳодиса сабт нашудааст. Мо ҳама вақт омодаем, ки дар сурати муроҷиати мусофирон дар робита ба чунин ҳодисаҳо тафтишоти дохилӣ анҷом диҳем. То ин дам касе аз мусофирон ба ширкат муроҷиат накардааст “, –  гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”.

Қарори маълум, Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод ва ин боиси ба кассаҳои фурӯши чиптаҳо парвоз фурӯ рехтани даҳҳо ҳазор хоҳишманди сафар ба Русия шуд. Ширкатҳо бо истифода аз чунин гармии бозор нархи парвозҳояшонро ба маротиб боло бурданд ва нархи як парвоз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия ҳатто то ба 17 ҳазор сомонӣ расида буд. Табиист ки ин норозигии шадиди сокинони Тоҷикистонро ба вуҷуд овард.

Рӯзи 22 апрел агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳатто маҷбур шуд, ки бо баргузории як ҷаласаи вижа аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки аз Тоҷикистон ба он кишвар парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, дар муддати 2 рӯз пойин овардани нархи чиптаҳояшонро талаб кунад. Душанбе таҳдид кард, ки агар ин ширкатҳо нархҳояшонро нафароранд, аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ маҳрум карда хоҳанд шуд.  Ширкатҳо нархи худро баъди ин каме пойин оварданд, вале ба гуфтаи сокинон, ҳоло ёфтани чипта барои парвоз ба Русия сахт мушкил шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button