ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистонЧеҳраҳо

АЗ ТАРАФИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН 19 НАФАР КУШТА ВА 88 КАС ЗАХМӢ ШУДААНД

Мақомоти Тоҷистон то ҳол расман арқоме дар бораи шумораи кушташудагон ва захмиён дар ҷараёни муноқишаи охир дар марз бо Қирғизистон нашр накардаанд. Вале як манбаи «Азия Плюс» дар маъмурияти вилояти Суғд рӯзи 4 май хабар додааст, ки дар муноқишаҳои поёни моҳи апрел дар марз аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 88 нафар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, 15 нафар дар Исфара ва 4 нафар дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷон бохта, аз ин 19 нафари кушташуда 10 нафараш шаҳрвандони мулкӣ ва 9 тани боқимонда марзбонон ва кормандони дигар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мебошанд.

“Рӯзҳои даргирӣ дар беморхонаҳои Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 88 захмӣ – 64 нафар дар Исфара ва 24 кас – дар ноҳия бистарӣ шуданд. Аксарияти онҳо аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуда, қисмате ҷароҳат бардоштаву осеб дида буданд. Захмиҳо шояд зиёдтар ҳам бошанд, ман фақат бистаришудагонро дар назар дорам. Қариб нисфи ҷабрдидагон аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд, вале захмиёне низ ҳастанд, ки ҳолаташон вазнин аст. Барои мисол, ҳозир дар шуъбаи эҳёи беморхонаи Исфара як ҷабрдида дар ҳолати вазнин қарор дорад. Тир аз қисмати сараш гузашта, сарашро сӯрох кардааст. Ӯро ҷарроҳӣ карданд, лекин вазъаш ҳанӯз рӯ ба беҳбудӣ наовардааст”, – хабар додааст ҳамсуҳбати “Азия Плюс”.

Ва аммо дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон  шумораи қурбониёни муноқишаи ахири марзиро ошкор намекунанд, вазорати тандурустии Қирғизистон ҳар рӯз омори расмиро нав мекунад. Бино ба охирин маълумоти мақомоти қирғиз, аз он тараф дар муноқишаи ахир дар марз бо Тоҷикистон 34 нафар ба ҳалокат расида, 149 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. ВКД Қирғизистон ду рӯз пеш гуфт, 25 нафар аз ин кушташудагон рӯзи 29 апрел дар натиҷаи тирандозӣ аз миномёт дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” дар марзи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Кӯктош кушта шуданд.

Бо вуҷуди хомӯшии мақомот, ба журналистони тоҷик муяссар шуд, ки то имрӯз номи дастикам 18 нафари кушташуда аз ҷониби Тоҷикистонро муайян кунанд. Исми ду нафари охирин – зодагони ноҳияи Нуробод – афсари 26-солаи қисми низомии қӯшунҳои марзбонӣ дар деҳаи Хоҷаи Аъло Абдуллоҳ Саидов ва сарбози 20-солаи ҳамин қисми низомӣ Аслиддин Абдузамонов, ки рӯзи 29 апрел дар Хоҷаи Аъло аз тири снайпер кушта шуданд, рӯзҳои 4 ва 5 май маълум шуд.

Абдуллоҳ Саидов

Хабаргузории русии «Спутник»  хабар дод, ки Абдуллоҳ Саидов аз хурдӣ орзуи афсар шудан дошт ва соли 2019 Коллеҷи ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистонро хатм карда, барои адои хидмат ба саффи қӯшунҳои марзбонӣ ба Исфара фиристода шуд.

Бори охир ӯ моҳи марти соли равон барои аёдати волидонаш ба Нуробод омадааст.

“Мо намедонистем, ки ин дидори охирин аст. Мегуфт, ин дафъа ояд фалон корро мекунем. Зиёд “ин дафъа” ину он мекунем мегуфт. Ман аз куҷо донам, ки ин дафъа ҳеҷ гоҳ иттифоқ намеафтад. Ҳамагӣ чор рӯз пеш аз маргаш рутбаи капитаниро гирифта буд. Ҳамин тавр, ӯ ба сӯи генералиаш пеш мерафт. Як ҳафта пеш аз ҳамин ҳодисаҳо ҳамроҳ суҳбат кардем. Аз хонадоршавиву тӯй сухан рафт. Шӯхиаш кардам, ки ягон касро таги чашм кардаӣ? Ӯ ҳам шухӣ кард, ки гап дар рафтанатон ба хостгорӣ. Ман ҳам хандидаму дигар нахостам, ки боз ӯро изо диҳам”, – нақл кардааст яке аз наздикони Абдуллоҳ Саидов ба “Спутник”.

Абдуллоҳ Саидов ва Аслиддин Абдузамоновро рӯзи 1 май дар Нуробод ба хок супурданд. Радиои Озодӣ аз қавли мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки барои иштирок дар маросими дафни онҳо яке аз муовинони вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Нуробод омадааст.

Маҳмадаюб Кароматов, раиси ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод, рӯзи 4 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Аслиддин Абдузамонов якуним сол пеш барои хидмат рафта, дар дидбонгоҳи марзии Хоҷаи Аъло дар Исфара хидмат мекард.

“Дар чашмаш бо снайпер зада шудааст. Дар маросими дафн, ки бо иштироки муовини Вазорати мудофиа баргузор шуд, гуфтанд, ки онҳо ҳангоми муқобилият ба ҳуҷум кушта шудаанд”, — гуфтааст Кароматов. Абдуллоҳ Саидов бошад аз сараш тири муҳлики найпер хӯрдааст.

Рӯйхатти 18 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон кушта шуданд:

1. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, санаи таввалудаш 17.01.1993, зодаи деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон. Майор Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон, 2 сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд рафта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Пайвандонаш гуфтанд, баробари сар задани низоъ дар марз ин афсари 28-соларо аз Мастчоҳ ба Исфара фиристодаанд.

Салоҳиддин Гадоев

2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини 30-солаи деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, падри як фарзанд 29 апрел кушта шуд. Яке аз пайвандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтовар Маҳмудов субҳи 29  апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст. Бахтовар бегоҳи дирӯз фавтидааст ва ҷасади ӯро алакай ба хок супориданд.

Бахтовар Маҳмудов

3. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ рӯзи 29 апрел кушта шуд. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буда, қарор аст, ҷасадаш соати 12-и имрӯз ба зодгоҳаш оварда, ба волидон супурда шавад.

4. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров р=зи 29 апрел аз тири силоҳ кушта шуд. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, чанд сокини дигари ҷамоат низ дар тирпаррониҳои шаби гузашта миёни ин деҳаҳои наздимарзии ноҳияҳои Ғафуров Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон чанд сокини Овчӣ-Қалъача захм бардошта, таҳти табобат қарор доранд. Ӯ гуфт, “вазъ таҳти назорат аст ва муътадил ба назар мерасад.”

5-6. Pӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шуданд.

7-8. Як намояндаи ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи ҷумъа дафн кардаанд.

9. МЕҲРӮЗИДДИН БОЛТАЕВ, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, сокини ҷамоати Ворух.

Меҳрӯзиддин Болтаев

10. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, санаи таваллудаш 05.05.1993, прапоршик, зодаи деҳаи Қалъачаи Азими Ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич.Ҷасурҷон ҳамагӣ 5 рӯз қабл аз зодрӯзи 28-умаш дар задухӯрд дар марзи ҷамоати Ворух кушта шуд.

Ҷасурҷон Суярқулов

11. СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

12. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

13. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;

14. ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.

15. САФАРОВ МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЕВИЧ, с.т. 1995, зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, афсари нируҳои марзбонӣ.

Муҳаммадулло Сафаров

16. АКБАРОВ ҲАСАН САФАРАЛИЕВИЧ,  с.т. 1990, зодаи деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор, прапоршики қӯшунҳои марзбонӣ. Рӯзи 29 апрел ҳангоми ҳимояти раиси Исфара Баҳовуддин Баҳодурзода дар марзи Исфара бо Бодканд кушта шуд.

Акбар Ҳасанов

17. АСЛИДДИН АБДУЗАМОНОВ, 20-сола, зодаи ноҳияи Нуробод, ҷамоати Хумдон, сарбози қисми марзбонии мустақар дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара. Рӯзи 29 апрел аз тири снайпер кушта шуд. Ба гуфтаи раиси ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод, тири снайпер ба чашми Аслиддин задааст.

17. АБДУЛЛО САИДОВ, 26-сола, зодаи ноҳияи Нуробод, хатмкардаи Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон (соли 2019), афсари қисми марзбонии мустақар дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара. Рӯзи 29 апрел аз сараш тири снайпер хӯрда, кушта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button