ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ ВКД: САДАМА ДАР КӮШОНИЁН, ҒОРАТГАРӢ ДАР МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “САБИНА” ВА ДУЗДИИ ГОВУ ҶАВОҲИРОТ ДАР ХУРОСОНУ ХУҶАНД

Рӯзи 3 май, соати 13, дучархарони 8-сола Аъзамҷон Асоев дар роҳи байни деҳаҳои Комсомол ва Заргари ноҳияи Кӯшониён зери чархи “Опел Астра” монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон вафот кард. ВКД гуфт, ронандаи “Опел Астра”, сокини 31-солаи ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён Шоймардон Раҷабзод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Комсомол ба самти деҳаи Заргар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони хурдсолро, ки роҳро аз тарафи чап ба рост убур мекард, бо қисми тарафи чапи автомашинааш пахш кардааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.


Рӯзи 12 апрел дар дохили маркази  “Сабина” дар шаҳри Бохтар 5 ҳазор сомонии як марди 40-солаи сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Вахшро аз дасташ бо зӯр кашида гирифтаанд. Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят
кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахшро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, дастгир кардаанд. Ин дафъа ба ин ҷавон барои ғоратгарӣ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Як сокини 29-солаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба он айбдор мешавад, ки моҳи апрел аз теппаҳои ҷамоати Ғаллаобод як сар чорвои калони шохдори ҳамдеҳаашро дуздидааст. Арзиши ин говро 10 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд.

 Ҳамчунин як ҷавонзани 23-сола дар Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 28 апрел аз манзили як марди 36-солаи сокини ин шаҳр ба маблағи 122 300 сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ дуздидааст.

Ҳоло ба ин ду гумонбар бар асоси моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ноболиғи дучархарон зери чархи “Опел-Астра”

Рӯзи 3-юми майи соли 2021, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҷабзод Шоймардон Суҳроб, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Комсомол ба самти деҳаи Заргари ҳамин ноҳия дар баромади деҳаи Комсомол, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Асоев Аъзамҷон Дустмуродович, соли таваллудаш 2013, сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳро аз тарафи чап ба рост убур мекард, бо қисми тарафи чапи автомашинааш пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Асоев А.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони 25-сола бо ҷурми даст задан ба ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки 12-уми апрели соли 2021, шахсони номаълум дар дохили маркази дилхушии «Сабина» бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 5 ҳазор сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2021, аз ҳудуди теппаҳои ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ҳамин ноҳия, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 28-уми апрели соли 2020, тахминан соати 12:00, ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин шаҳр, аз ҳуҷраи истиқоматиаш ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 122 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button