ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 3 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 3 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ТОҶИКИСТОН МУНОҚИША ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОНРО “ҶАНГИ ТАҶОВУЗКОРОНА” НОМИД

ТАНҲО ДАР НАЗДИ ДАРҒОТИ “ГОЛОВНОЙ” ҶАСАДИ  БЕШ АЗ 25 СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ПАЙДО КАРДАНД

ДАР ИСФАРА ВА ОВЧӢ ҚАЛЪАЧА 17  ХОНА ВА ЯК МАКТАБРО ОТАШ ЗАДААНД

ДАР СӮХТОРИ НФС “ЭКО ОЙЛ” ДАР ИСПЕЧАК 29 НАФАР МАҶРУҲ ШУДААНД

ДАР ЯК ҲАФТАИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ СЕ КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД

АХБОРИ ВКД: КУШТОРИ ҲАМДЕҲА ДАР ПОЙТАХТ, ҚАСДИ КУШТАНИ ҲАМСАР, ҒОРАТИ ПУЛИ МАРДИ МАСТ ВА ДУЗДИИ ҶАВОҲИРОТИ ЯК ЗАН

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 май хабар дод, ки рӯзи 29 апрел нисбат ба як гуруҳи  хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бар асоси ду банди  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – моддаи 395, қисми 2 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва моддаи 104, қисми 2  (куштори ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои куштани беш аз 2 нафар аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад. Қисми дуюми моддаи 395 барои оғоз ва пешбурди ҷанги таҷовузкорона ҳамчун ҷазо аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба ин тартиб, мақомоти Тоҷикистон расман муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистонро ҳамчун “ҷанги таҷовузкорона” арзёбӣ карданд.

Дар муноқишаи арӯзҳои 28 -30 апрел дар марзи Исфараву ноҳияи Бодканд ва ноҳияҳои  Б.Ғафуров ва Лайлак беш аз 50 нафар кушта шуда, беш аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд, беш аз 100 хона ва даҳҳо дӯкону мағоза ва чанд посгоҳу мактаб сӯзонда шуда, ҳудуди 40 ҳазор нафар, асосан занону кӯдаконро аз нуқоти доғ ба манотиқи амн кӯчонданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, муноқишаи  ахир рӯзи 29 апрел, соати 11, як гуруҳи ҳарбиён ва сокинони Қирғизистон, иборат аз 200 нафар дар рубарӯи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и “Хоҷаи Аъло” дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” гирд омада, бо вуҷуди мувофиқати пешакӣ монеи насби видеокамераҳои назоратӣ аз ҷониби муҳандисони тоҷик шуданд ва сангпартоӣ намуда, ҳамзамон симчӯберо, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард, буриданд. Ин иғво, ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба бетартибиҳои оммавӣ оғоз гузошт. Душанбе гуфт, ки ин бетартибиҳо аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил карда шуд.

“Барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ҳозир шуданд, ки ба сӯи онҳо новобаста аз мақоми расмиашон аз силоҳи автоматикии оташфишон бо мақсади нест кардани ҷисмонӣ оташ кушода шуд. Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи мазкур, Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳолии маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.     Ба кардаашон қаноат накарда, шахсони болозикр бо дастгирии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд. Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи мазкур якчанд нафар кушта, даҳҳо ярадор ва шумораи зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сарҳадӣ, дигар иншоот ва объектҳои инфрасохтор сўзонида шуд. Ба шаҳрвандон ва давлат зиёни махсусан калони моддӣ расонида шуд”,  – гуфта мешавад дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороташ гуфт, “истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлолияти сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад. Аз ҷониби давлат фиристодани даста ё гуруҳи мусаллаҳ, ки амалҳои истифодаи қувваҳои мусаллаҳро бар зидди давлати дигар иҷро менамоянд ва хусусияти ҷиддӣ доранд, ҳамчунин ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.” Ба ҳамин далел, мақомоти Тоҷикистон муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистонро ҳамчун “ҷанги таҷовузкорона” баҳо додаанд.

xxxxxxxxx

Дарғоти “Головной”

ВКД Қирғизистон рӯзи 2 май хабар дод, ки танҳо дар мавзеи дарғоти “Головной” дар ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд, ки дар марз бо деҳаи Хоҷаи Аъло (собиқ Октябр)-и ҷамоати Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дар пайи як тирандозӣ аз миномёт ҷасади беш аз 25 сокини Қирғизистонро пайдо кардаанд. Маркази матбуоти ВКД Қирғизистон гуфт, шумораи қурбониёни ин тирандозӣ боз дақиқ карда мешавад, вале дар ин робита бо иттиҳоми куштори дастаҷамъӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Маркази матбуоти ВКД Қирғизистон гуфт, дар робита ба муноқишаҳои ахир дар Феҳрасти ягонаи ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои он кишвар 11 парвандаи ҷиноятӣ алакай сабт шудааст, ки аз ин шумор 8 парвандаро хадамоти тафтишотии ШКД ноҳияи Бодканд ва 3 парвандаи дигарро мақомоти ШКД ноҳияи Лайлак таҳқиқ мекунанд.

“Ин маводи дар Феҳрасти ЕРПП сабтшуда бар асоси моддаҳои 264 (бетартибиҳои оммавӣ), 380 (ҷиноятҳо ба зидди сулҳ), 266 (авбошӣ), 210 (нобуд кардани молу мулки дигарон), 358 (убури ғайриқонунии марз) ва 130 (куштор) тартиб дода шудаанд. Дар миёни онҳо аз ҷумла парвандаи марги як духтари 12сола дар ноҳияи Лайлак, ки дар натиҷаи тирпарронӣ кушта шуд, ҳамчунин парвандаи куштори дастаҷамъӣ дар қитъаи “Головной” дар ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд, ки онҷо дар пайи тирандозӣ аз миномёт ҷасади беш аз 25 сокин (шумораи дақиқаш маълум карда мешавад) ёфт шуд, ҳамчунин парвандаҳои марбут ба тирборони мошинҳо дар роҳҳо, ки низ боиси ба марги шаҳрвандони мулкӣ шуд, ҳаст”, –  гуфта мешавад дар гузориш.

ххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бар асоси арзёбиҳои аввалия хабар дод, ки танҳо дар Исфара 14 хона пурра тахриб шуда, ду хонаи дигар ва як иншооти ёрирасон қисман зарар дидаанд. Ҳамчунин як хонаи истиқоматӣ ва як мактаб дар деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қисман зарар дидаанд. Ҳоло як комиссияи вижа ба баррасии пурраи ҳаҷми зарари расонидашуда ба хонаҳои мардум дар се ҷамоати Сурх, Ворух ва Чоркӯҳи Исфара ва дар ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров машғул будаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 3 май дар як ҷаласа хабар дод, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амр додааст, то хонаҳои сӯзонидашудаи мардумро дар байни як моҳ пурра аз нав бисозанд ва ба соҳибонашон бисупоранд.

КҲФ гуфт, дар Исфара ва ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Спитамен, ки бо Қирғизистон марзи мустақим доранд, комиссияҳои эвакуатсионӣ ташкил шуда, ҳудуди 15 ҳазор сокинони деҳаҳои наздимарзиро, ки дар минтақаи низоъ монда буданд ва ба ҳаёташон хатар таҳдид мекард, ба маконҳои амн кӯчондаанд ва ҳоло ин сокинон ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон рӯзи 2 май гуфт, дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди вилояти Бодканд бо ноҳияҳои Исфара ва Б.Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон 78 хона, 2 мактаб, як боғчаи кӯдакон, як идораи пулис, 3 посгоҳи марзбонӣ, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағозаву як бунгоҳи тиббиро оташ задаанд.

Муноқишаҳои рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо беш аз 50 кушта ва ҳудуди 250 захмиаш пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

xxxxxxxxxxxxxxxxx

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, дар сӯхтори шоми 1 май дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “ЭКО ОЙЛ”  дар маҳаллаи Испечак1 дар шаҳри Душанбе 29 нафар осеб дидаанд. Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар натиҷаи сӯхтор 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши баданд бардоштаанд.

Вале КҲФ гуфт, 13 маҷруҳрор ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафарро ба влатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуда, аз “Шифобахш” 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3 10 нафарро баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

“Айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд”, – гуфта мешавад дар хабари КҲФ.

Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши мағозаи шафати “ЭКО-ОЙЛ” девори саҳни ҳавлии хонаи №17 ва шишаҳои тирезаҳои боғчаи хусусии кӯдаконаи Фазл-2010  низ қисман зарар диданд.

КҲФ гуфт, барои фурӯ нишондани оташ 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 13 адад техникаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 9 мошини ёрии таъҷилӣ ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино ҷалб шудаанд. “Забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда садои таркиш низ шунида мешуд. Эҳтимол мерафт, ки яке аз анборҳои маводи сӯхт таркида бошад. ВКД гуфт, дар сӯхтфурӯшие, ки даргирифт, беш аз 60 тонна сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуд.

Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Мехколонна ҷойгир шудааст. “Умед 88” як ширкати замоне пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳабси раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар соли 2017 ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ӯ варшикаста шуд. Худи Одинаевро моҳи марти соли ҷорӣ бо захми меъда аз маҳбас ба бемористони маҳаллаи “1-ум Советский” оварданд, вале ӯ дар аввали моҳи апрел дар рӯи кати беморӣ аз дунё гузашт.

ххххххх

Дар як ҳафтаи охир – аз 26 апрел то 2 май – дар дарёву каналҳои Тоҷикистон се кӯдаки ноболиғи 5, 7 ва 12-сола ҷон бохтаанд. Дар ин бора  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Аз ҷумла рӯзи 26 апрел дар шаҳри Ҳисор як писарбачаи 12-сола ҳангоми аз мактаб ба хона баргаштан ҳамроҳи рафиқонаш ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ мехоҳанд тавассути як лӯлаи қутраш 500 см аз канали калони Ҳисор гузаранд. Аммо ин кӯдак мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба об афтодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасади ин ноболиғро танҳо баъди 4 рӯз – рӯзи 30 апрел, соати 12:08 аз канали калони Ҳисор, тахминан 1,8 километр поёнтар аз ҷои ғарқ шуданаш, пайдо карда, аз об баровардаанд ва ба волидонаш супурдаанд.

Ҳамин тавр, бинои ба иттилои КҲФ, рӯзи 1 май як кӯдаки панҷсолаи сокини деҳаи Ҷовидони ҷамоати Қаротоғ дар канори шаҳри Турсунзода ба дарёи Қаротоғ афтодааст. Ҷасади ӯро баъди ним соат пайдо карда, ба пайвандонаш супурдаанд.

Рӯзи 2 май як кӯдаки ҳафтсолаи сокини деҳаи Коргардони ҷамоати Чилдараи ноҳияи Санвор (собиқ Тавилдара) дар шарқи Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз пули худсохт ба дарё афтода, ғарқ шудааст. КҲФ гуфт, корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ҷасади ин кӯдак аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва наҷотбахшони КҲФ дар минтақаи Рашт идома дорад.

КҲФ дар пайи марги ин се кӯдак бори дигар аз волидон хостааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва аз чунин фоҷиаҳои талх пешгирӣ кунанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай дастикам 20 нафар, аз ҷумла 8 кӯдак ғарқ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Соли гузашта дар обҳои ҷумҳурӣ 107 нафар, аз ҷумла 33 ноболиғи аз 4 то 17-cола ҷони худро аз даст дода буданд.

хххххххх

Ва дар анҷоми барнома хулосаи чанд хабари криминалии рӯз:

Сокини 29-солаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо гумони одамкушӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ рӯзи 2 май, тахминан соати 15:30, дар кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе “аз ҳиссиёти авбошӣ” бо як ҳамдеҳаи 31-солааш ҷанҷол карда, ба қисмати пушти ӯ як зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида соати 22:50 дар бемористон ҷон додааст.Сабаби муноқишаи хунини ду ҳамдеҳа дар пойтахт маълум нест, вале ба қотил бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Марди 55-солаи сокини ҷамоати Нофароҷи шаҳри Истаравшан субҳи 30 апрел, соати 07:30, дар хонааш бо ҳамсари 46-солаи худ ҷанҷол карда, бо корд ба шикамаш задааст. Зани ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ карда, нисбат ба шавҳараш бар асоси қисми якуми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Як ҷавони 21-солаи қаблан судшуда аз ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ба он гумонбар мешавад, ки шаби 24 апрел, тахминан соати 21, дар ҳудуди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд аз ҳолати мастии як марди 67-сола истифода бурда, ӯро латтукӯб кардааст ва аз ҷайбаш 112 сомониро кашида гирифтааст. Нисбат ба ин ҷавон ин дафъа бар асоси моддаи 248-уми  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ барои ғоратгарӣ, яъне ба сурати ошкоро тасарруф кардани молу пули дигарон, аз 3 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ду ҷавони 19 ва 21-солаи сокини ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 23 ба 24 март, тахминан соати 00:30, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии як зани 57-солаи ҳамдеҳаашон даромада, як гарданбанди тиллоӣ, як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг” –ро дуздидаанд. Ҳаҷми зарари расондашуда ба зани соҳибхона 11 ҳазор сомонӣ баровард шудааст. Ба ин ду ҷавони дастгиршуда бар асоси моддаи 244-уми  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дуздӣ ҷарима ба андозаи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button