ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

КҲФ: ДАР СӮХТОРИ НФС “ЭКО ОЙЛ” ДАР ИСПЕЧАК 29 НАФАР МАҶРУҲ ШУДАНД (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, дар сӯхтори шоми 1 май дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “ЭКО ОЙЛ”  дар маҳаллаи Испечак1 дар шаҳри Душанбе 29 нафар осеб дидаанд. Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар натиҷаи сӯхтор 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши баданд бардоштаанд.

Вале КҲФ гуфт, аз 29 нафари ҷароҳатбардошта 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуда, аз “Шифобахш” 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3 10 нафарро баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

“Айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд. Се нафар аз зарардидагон занони аз 25 то 47-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст”, – гуфта мешавад дар хабари КҲФ.

Бино ба ин манбаъ, шоми 1 май, соати 18:30 нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехколонна, 50) воқеъ аст ва ба соҳибкори 33солаи сокини пойтахт соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 64, хонаи 72 тааллуқ дорад, баногаҳ оташ гирифт. Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши мағозаи шафати “ЭКО-ОЙЛ” девори саҳни ҳавлии хонаи №17 ва шишаҳои тирезаҳои боғчаи хусусии кӯдаконаи Фазл-2010  низ қисман зарар диданд.

КҲФ гуфт, барои фурӯ нишондани оташ 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 13 адад техникаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 9 адад техникаи ёрии таъҷилӣ ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино ҷалб шудаанд. “Забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар видеоҳои аз ҷои ҳодиса нашршуда садои таркиш низ шунида мешуд. Эҳтимол мерафт, ки яке аз анборҳои маводи сӯхт таркида бошад. ВКД гуфт, дар сӯхтфурӯшие, ки даргирифт, беш аз 60 тонна сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуд.

Дӯконе, ки дучори сӯхтор ва таркиш шуд, қаблан ба ширкати “Умед 88” тааллуқ дошта, дар паҳлуи масҷиди Мехколонна ҷойгир шудааст. “Умед 88” як ширкати замоне пештоз дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон буд, ки баъди ҳабси раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар соли 2017 ва ба 28 соли зиндон маҳкум шудани ӯ варшикаста шуд. Худи Одинаевро моҳи марти соли ҷорӣ бо захми меъда аз маҳбас ба бемористони маҳаллаи “1-ум Советский” оварданд, вале ӯ дар аввали моҳи апрел дар рӯи кати беморӣ аз дунё гузашт.

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар маҳалли Испечаки шаҳри Душанбе. Шарҳи расмӣ (ВИДЕО)

Дирӯз, шанбе, 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе оташ гирифт. Ин ҳодиса тахминан соати 18:30 дақиқа рух дод. Нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехкалон 50) воқеъ аст ва ба соҳибкор Розиқов Эҳсонҷон, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 64, хонаи 72 тааллуқ дорад, баногаҳ оташ гирифт.

Бо супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 18:50 дақиқа дар ҳайати 2 гурӯҳ иборат аз 12 нафар бо 2 автомашинаи садамавӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки  барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 13 адад техникаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 9 адад техникаи ёрии таъҷилӣ ва зиёда аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино дар ҷойи ҳодиса фаъолият карданд. Забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати  22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. 

Инчунин дар натиҷаи сӯхтор болопӯши мағозаи шафати НФС-и мазкур, девори саҳни ҳавлии хонаи №17 дар суроғаи ёдшуда ва шишаҳои тирезаҳои боғчаи хусусии кӯдаконаи “Фазл-2010” қисман зарар диданд.

Муайян гардид, ки дар натиҷаи сӯхтор 29 нафар шаҳрвандон зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.

Аз Муассисаи давлатии Маркази миллии Шифобахш 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе 10 нафар баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд. 

Се нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.

Сӯхтор талафоти ҷонӣ надошт.

Сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти марбута санҷидаву таҳлил мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button