ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ДАР ЯК ҲАФТАИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ СЕ КӮДАК ҒАРҚ ШУДААНД

Дар як ҳафтаи охир – аз 26 апрел то 2 май – дар дарёву каналҳои Тоҷикистон се кӯдаки ноболиғи 5, 7 ва 12-сола ҷон бохтаанд. Дар ин бора  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Аз ҷумла рӯзи 26 апрел дар шаҳри Ҳисор як писарбачаи 12-сола ҳангоми аз мактаб ба хона баргаштан ҳамроҳи рафиқонаш ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ мехоҳанд тавассути як лӯлаи қутраш 500 см аз канали калони Ҳисор гузаранд. Аммо ин кӯдак мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба об афтодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотдиҳандагон ҷасади ин ноболиғро танҳо баъди 4 рӯз – рӯзи 30 апрел, соати 12:08 аз канали калони Ҳисор, тахминан 1,8 километр поёнтар аз ҷои ғарқ шуданаш, пайдо карда, аз об баровардаанд ва ба волидонаш супурдаанд.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои КҲФ, рӯзи 1 май як кӯдаки панҷсолаи сокини деҳаи Ҷовидони ҷамоати Қаротоғ дар канори шаҳри Турсунзода ба дарёи Қаротоғ афтодааст. Ҷасади ӯро баъди ним соат пайдо карда, ба пайвандонаш супурдаанд.

Рӯзи 2 май як кӯдаки ҳафтсолаи сокини деҳаи Коргардони ҷамоати Чилдараи ноҳияи Санвор (собиқ Тавилдара) дар шарқи Тоҷикистон ҳангоми гузаштан аз пули худсохт ба дарё афтода, ғарқ шудааст. КҲФ гуфт, корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ҷасади ин кӯдак аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва наҷотбахшони КҲФ дар минтақаи Рашт идома дорад.

КҲФ дар пайи марги ин се кӯдак бори дигар аз волидон хостааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва аз чунин фоҷиаҳои талх пешгирӣ кунанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷикистон алакай дастикам 20 нафар, аз ҷумла 8 кӯдак ғарқ шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст. Соли гузашта дар обҳои ҷумҳурӣ 107 нафар, аз ҷумла 33 ноболиғи аз 4 то 17-cола ҷони худро аз даст дода буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button