ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ИСФАРА ВА ОВЧӢ ҚАЛЪАЧА 17 ХОНА ВА ЯК МАКТАБРО ОТАШ ЗАДААНД (37 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бар асоси арзёбиҳои аввалия хабар дод, ки танҳо дар Исфара 14 хона пурра тахриб шуда, ду хонаи дигар ва як иншооти ёрирасон қисман зарар дидаанд. Ҳамчунин як хонаи истиқоматӣ ва як мактаб дар деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қисман зарар дидаанд. Ҳоло як комиссияи вижа ба баррасии пурраи ҳаҷми зарари расонидашуда ба хонаҳои мардум дар се ҷамоати Сурх, Ворух ва Чоркӯҳи Исфара ва дар ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров машғул будаанд.

“Азия Плюс” бо нашри аксҳои зиёд аз Исфара хабар дод, ки танҳо дар деҳаи Хоҷаи Аъло ҳудуди 20 хонаро оташ задаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 2 май дар мулоқот бо сокинони Чоркӯҳ, Ворух ва Хоҷаи Аъло хабар дод, ки бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил шудааст, ки як вазифааш дар байни як моҳ пурра аз нав сохтани хонаҳои сӯзонидашудаи мардум дар Исфара мебошад.

КҲФ гуфт, дар Исфара ва ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов ва Спитамен, ки бо Қирғизистон марзи мустақим доранд, комиссияҳои эвакуатсионӣ ташкил шуда, ҳудуди 15 ҳазор сокинони деҳаҳои наздимарзиро, ки дар минтақаи низоъ монда буданд ва ба ҳаёташон хатар таҳдид мекард, ба маконҳои амн кӯчондаанд ва ҳоло ин сокинон ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон рӯзи 2 май гуфт, дар ҷараёни муноқишаҳои ахир дар марзи ноҳияҳои Лайлаку Бодканди вилояти Бодканд бо ноҳияҳои Исфара ва Б.Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон 78 хона, 2 мактаб, як боғчаи кӯдакон, як идораи пулис, 3 посгоҳи марзбонӣ, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 8 мағозаву як бунгоҳи тиббиро оташ задаанд.

Муноқишаҳои рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо беш аз 50 кушта ва ҳудуди 250 захмиаш пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи ахир дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button